ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Маҳмадалиева Дилрабо
мудири бахши бойгонии ДБССТ

БОЙГОНИИ ДОНИШГОҲ

     Бойгонии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 1999 ташкил шудааст. Бойгонии донишгоҳ фаъолияти худро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фонди Бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаю дастурамали коргузории раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси донишкада ва супоришҳои роҳбарияти он ба роҳ мондааст.
     Мудири нахустини бойгонӣ Табарова Саида Зокировна буда, аз соли 1999 то соли 2005ин вазифаро бар дўш дошт. Аз моҳи марти соли 2005 ба вазифаи мудирии бойгонии донишгоҳ корманди болаёқат Зиёева Адолат таъйин карда мешавад ва то соли 2010 фаъолият мекунад. Бойгонӣ солҳои аввал дар бинои литсейи назди донишкада фаъолият дошт. Бо гузашти солҳо ва боназардошти зиёд шудани маводи бойгонӣ, он ба Бинои №4-и таълимии донишгоҳ кўчонида ва бо утоқҳои замонавӣ таъмин карда шуд. Айни замон Маҳмадалиева Дилрабо ҳамчун мудирии бойгонӣ фаъолияти назаррас дорад.
     Дар бойгонӣ парвандаҳои шахсии хатмкардаҳои донишгоҳ бо корҳои дипломиашон аз соли 1996 то соли 2021 ва фармонҳои ректори донишгоҳ , оид ба донишҷўён, кормандон, устодон (аз соли 1991 то 2021) мавҷуданд.
     Ҳамаи ҳуҷҷатҳои шуъбаҳои муҳосибот аз соли 1991 то 2021низ дар бойгонӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ҳамчунин, корҳои курсии донишҷўён (аз соли 1996 то соли 2021), ки аз тарафи кафедраҳои донишгоҳ супорида шудаанд, маҳфузанд.
     Ғайр аз ин, парвандаҳои шахсии устодон, кормандони аз кор сабукдўшгардида, парвандаҳои шахсии донишҷўёни аз донишгоҳ хориҷгашта, ин ҷо нигоҳ дошта мешаванд.
     Бахши бойгонӣ барои қабул, нигоҳдорӣ, ҷобаҷогузорӣ ва ҳифзи ҳуҷҷату маводи ба бойгонӣ воридшуда, тартиби ба шаҳрвандон муваққатан ё тамоман супоридани маводи дар бойгонӣ маҳфузшуда ва гирифтани имзои онҳо, ташхиси арзиши ҳуҷҷатҳо ва муайянсозии нигоҳдории минбаъда, интихоби ҳуҷҷатҳо барои несткунӣ бо санади аз эътибор соқиткунанда масъул мебошад.

Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат