ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




 

ФАКУЛТЕТИ МУШТАРАК ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ САЙЁҲӢ ВА ХИЗМАТИ РОССИЯ ВА ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

     Бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисоси соҳаи сайёҳӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ дар асоси мувофиқа ва ризоияти ниҳодҳои давлатӣ аз 11 марти соли 2021 факултети муштараки Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия (ДДСХР) ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (ДБССТ) таъсис дода шудааст.
     Факултети мазкур фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва тањсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Федералии Россия «Дар бораи маориф дар Федератсияи Россия», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи факултети муштараки Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва сервиси Федератсияи Россия ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат ва ва дигар санадњои меъёрии ҳуқуқии соњаи маориф ба роҳандозӣ менамояд.
     Факултети муштараки ДДСХР ва ДБССТ барномаи таҳсилотии зинаи бакалавриатро бо забони русӣ дар асоси нақшаҳои таълимии мувофиқашуда бо Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия аз руйи 3 ихтисоси риштаи сайёҳӣ амалӣ менамояд. Аз он ҷумла:
    

ЗИНАИ БАКАЛАВРИАТ

Рамз

Номи ихтисос

43.03.02

-Сайёҳӣ (Технология ва ташкили хизматрасонӣ дар корхонаҳои индустрияи сайёҳӣ);

43.03.03

-Фаъолияти меҳмонхонавӣ (Бизнеси меҳмонхонавӣ);

43.03.01

- Хизматрасонӣ (Хизматрасонии амволи ғайриманқули истиқоматӣ ва тиҷоратӣ) 


     Дар факултети муштараки ДДСХР ва ДБССТ шаҳрвандони давлатҳои гунонун, аз он ҷумла Федератсияи Россия ва кишварҳои СНГ метавонанд таҳсил намоянд.
     Таълим дар факултети муштарак бо забони русӣ дар ду марҳила амалӣ мегардад:
     1) таҳсили ду соли аввал (курсҳои 1 ва 2) тибқи нақшаҳои таълимии муштарак бевосита дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Борбад,48/5) амалӣ карда мешавад;
     2) ду соли минбаъда (курсҳои 3 ва 4) дар ҳудуди Федератсияи Россия (вилояти Москва, ноҳияи Пушкин, шаҳраки Черкизово, кӯчаи Главная, 99) бо ҳимояи рисолаи хатм ва додани диплом (касби мувофиқ) ба анҷом мерасад.
     Интиқоли донишҷӯ аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва сервиси Федератсияи Россия бо тартибу низомномаҳои Федаратсияи Россия сурат мегирад. Агар донишҷӯ имконияти давом додани таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва сервиси Федератсияи Россия надошта бошад, Тибқи шартномаи тарафайн метавонад, таҳсилро дар курсҳои 3 ва 4-уми Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон идома диҳад.
     Дар факултет заминаи хуби моддӣ-таълимӣ муҳайё мебошад. Аз ҷумла, факултет дорои устодони дараҷа ва унвонҳои илмӣ, шароити хуби моддӣ-техникии раванди таълим буда, соли 2021 се ихтисоси риштаи сайёҳӣ сазовори Шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардидаанд.


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат