ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ





Раҳимов О.А.
сардори шуъба

ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


    Шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибонаи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат тибқи қарори Шурои олимони донишкада таҳти №12.6 аз 02.07.2019 ҳамчун зерсохтори нав дар тобеияти раёсати таълими Донишкада таъсис дода шудааст. То давраи таъсисёбии шуъба бахши фосилавӣ ва ғоибонаи донишкада дар назди факултетҳо фаъолият менамуданд.
     Садорати шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона аз рӯзи таъсисёбии шуъба фаъолияти худро тибқи Низомномаҳои амалкунандаи Вазорати маориф ва илми ҶТ, инчунин дар асоси дастуру супоришҳои Ректори донишкада ба роҳ мондааст. Дар давраи ҳисоботӣ, яъне дар соли 2021 дар шуъбаи мазкур 3 нафар кормандон фаъолият менамоянд:
     Раҳимов О.А. – сардори шуъба;
     Носиров У.Х. – ҷонишини сардори шуъба;
     Азизова П.С. – сармутахассиси шуъба;
     Ҳамаи кормандони шуъбаи ТФҒ дорои маълумоти олии касбӣ ва собиқаи кории зиёда аз 5-сола мебошанд. Барои фаъолияти кормандони шуъба дар бинои таълимии №4 ду утоқи кории муҷаҳҳаз бо ҳамаи лавозимот таъмин гардидааст.
    

ИХТИСОСҲО ВА НАҚШАҲОИ ТАЪЛИМӢ:
    

Номгӯи ихтисосҳо

Номи ихтисосҳо

1-25010300 

Иқтисодиёти ҷаҳон

1-25010400

Молия ва қарз

1-25010400  – М2

Молия ва қарз-маълумоти дуюм

1-25010402

Кори бонкӣ

1-25010403 

Андоз ва андозбандӣ

1-25010410

Менеҷменти молиявӣ

1-25010717

Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ

1-25010800

Баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит

1-25010801

Баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит дар бонкҳо

1-25010805

Баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит дар саноат

1-25010805 – М2

Баҳисобгирии бухгалтерӣ ТА дар саноат –маълумоти дуюм

1-26010100

Идоракунии давлатӣ

1-26010100 – М2

Идоракунии давлатӣ-маълумоти дуюм

1-26020200

Менеҷмент

1-26020210

Менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ

1-89010101

Саёҳат ва меҳмондорӣ

1-96010101

Таъминоти ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ

1-96010102–М2

Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ

Раванди таълими донишҷӯёни шуъбаи ТФҒ тибқи талаботи нақшаҳои таълимии тасдиқшуда ва дар асоси реҷаи даъвати донишҷӯён, ки ҳамасола бо фармоиши ректори донишкада тасдиқ мешавад, ба роҳ монда шудааст ва донишҷӯёни ҳамаи курсҳо дар як сол ду маротиба, яъне давраи тирамоҳӣ ва давраи баҳорӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Барои таҳсили донишҷӯёни шуъбаи ТФҒ ҳамаи шароитҳои лозимӣ муҳайё карда шудааст ва санҷишу имтиҳонҳои онҳо тариқи электронӣ дар толорҳои маркази тестии донишкада қабул карда мешаванд.

 


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат