ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Фирўзи Талбак
сардори бахши таъминоти ҳуқуқии ДБССТ

БАХШИ ТАЪМИНОТИ ҲУҚУҚӢ

Бахши таъминоти ҳуқуқӣ яке аз сохтор-ҳои таркибии донишгоҳ маҳсуб ёфта, фаъо-лияти хешро аз рўи Дастурамали вазифавӣ ва Нақшаи кории аз ҷониби Ректори муассиса тасдиқ шуда ба роҳ мемонад. Бахши таъминоти ҳуқуқӣ иҷроиши тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии локалиро дар муассиса назорат карда, аз натиҷаи иҷрои он ба ректори муассиса давра ба давра ҳисобот пешниҳод менамояд. Дар бахши таъминоти ҳуқуқӣ, таҳия ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадои меъёрӣ- ҳуқуқии локалӣ қабули қарорҳои раёсати донишгоҳ, инчунин тартиби бастан ва иҷрои тамоми шартномаҳо, аз ҷумла шартномаҳои меҳнатӣ, шартномаи коллективӣ, шартномаҳои таҷрибаомўзӣ, шартномаҳои муассиса бо дигар ташкилоту муассисаҳоро таҳти назорат мегирад. Дар бекор кардани шартномаи меҳнатии байни корфармо ва корманд дар асоси талаботҳои меъёрҳои муқаррашудаи бандҳои Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи ҳуқуқии худро ба ректори донишгоҳ пешниҳод менамояд.
     Ғайр аз ин, хулосаҳои ҳуқуқии худро барои баррасии муроҷиатҳои баҳсталаби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар асоси талаботи меъёрҳои муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои ҳуқуқӣ ва воқеӣ», пешниҳод менамояд.
     Бахши таъминоти ҳуқуқии Донишгоҳ танҳо ҳисоботдиҳанда дар назди ректори муассиса буда, вобаста аз натиҷаи корҳои иҷрошуда ҳар моҳ ҳисоботи худро ба роҳбари муассиса пешниҳод менамояд.

Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат