ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




АЗ ТАЪРИХИ ЛИТСЕЙ

     Литсейи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 15-уми апрели соли 1998 дар ҷаласаи Шўрои олимони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун гимназия таъсис дода шуд. Он ҳамчун гимназия то соли 2012 фаъолият намуда, 30-юми майи соли 2012, таҳти №117-5.2 дар асоси қарори Шўрои олимони донишгоҳ аз гимназия ба литсейи донишгоҳ табдил дода шуда, то ба имрўз фаъолияти шоёну назаррас дорад.
     Литсейи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таълимии ғайритиҷоратии сохтори таркибии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон буда, дар асоси иҷозатномаи АУ №0002210, аз 28.12.2016, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, фаъолияти таълимиро дар доираи таҳсилоти миёнаи умумӣ амалӣ мегардонад. Литсей хонандагонеро, ки қобилияти баланди зеҳнӣ ва майлу рағбати хос ба фанҳои табиию риёзӣ доранд, дар асоси озмун қабул менамояд. Шумораи умумии хонандагон дар соли таҳсили 2019-2020 ҳамагӣ 719 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 233 нафарашон духтар мебошад. Мақоми олии литсей шўрои педагогӣ аст, ки дар ҳамбастагӣ бо шўрои методӣ, шўрои бонувон, иттифоқи касаба ва шўрои волидон фаъолият менамояд.
     Дар литсей 5 иттиҳодияи методии фаннӣ ва 10 маҳфили гуногун амал мекунанд, ки дар онҳо шумораи зиёди хонандагони литсей аъзо мебошанд. Хонандагони литсей дар олимпиадаҳои фаннии ноҳиявӣ ва шаҳрӣ иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро соҳиб мешаванд.
     Айни замон дар литсей се нафар хонанда аз фанҳои биология, ҳуқуқ ва забони тоҷикӣ дар озмуни шаҳрӣ ҷойҳои намоёнро соҳиб гардида, 2 нафар аз онҳо (Қодирова Лайло-хонандаи синфи 11 аз фанни биология ва Саидов Муҳиддин аз фанни ҳуқуқ) ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. 1 нафар ғолиби озмуни шаҳрӣ аз синфи 9 аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, ҳамчун ғолиби ҷойи сеюм аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе сазовори Диплом ва медали дараҷаи 3 гардонида шуд.
     Инчунин, 2 нафар хонандаи литсей гирандаи стипендияи президентӣ ва 1 нафар гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мебошад. Литсей дорои 30 синфхонаи таълимии муҷаҳҳаз мебошад. Ду дарсхонаи технологияи иттилоотӣ, ки дорои зиёда аз 20 компютер ва 19 нетбук, утоқи химия бо озмоишгоҳаш, утоқи физика бо озмоишгоҳаш, кабинетҳои забонҳои тоҷикӣ, англисӣ, русӣ, технология (духтарона ва писарона), бо 5 дона тахтаи электронӣ, ки таҷҳизонида шудаанд, амал мекунад.
     Таълим дар литсей бо ду забон (тоҷикӣ ва рўсӣ) ба роҳ монда шудааст, ки бо омўзгорони соҳибтаҷриба таъмин гардидаанд.
     Дар литсей ҳамасола гузаронидани озмунҳои шоҳномахонӣ, рўдакихонӣ, мавлавихонӣ ва қироати шеър ба ҳукми анъана даромадааст. Барои баланд бардоштани ҳисси ватандустӣ ва ифтихори миллӣ дар байни хонандагони литсей озмуни «Иншои беҳтарин» дар мавзўъҳои «Забон рукни асосии давлатдорӣ», «Кафили сулҳу ваҳдати тоҷикон», «Пешвои муаззами миллат», «Об-манбаи ҳаёт», «Парчам-ифодагари ваҳдат», «Душанбе-шаҳри сулҳ», «Қаҳрамонони Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Ҳамчунин, дар литсей як қатор вохўриҳо бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ, маркази миллии тестии назди Дастгоҳи Иҷроияи Президент, бо адибон ва нависандагон, алалхусус, бо муаллифи суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ гузаронида шуданд. Дар баробари ин, дар литсей оид ба гузаронидани ҷашнвораҳои бузургони тоҷику ёдгориҳои беназири гузаштаи халқи тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда мешавад, ки дар он саҳми хонандагони литсей назаррас мебошад.
     Хатмкунандагони литсей ҳамасола баъди хатми он (зиёда аз 99 дар сади онҳо) ба муассисаҳои таҳсилотии олии касбии дохили кишвар ва берун аз он дохил шуда, соҳиби касбҳои интихобкардаи хеш мегарданд.
     Дар литсей зиёда аз 40 нафар омўзгор фаъолият доранд, ки қисми зиёди онҳо омўзгорони соҳибтаҷриба мебошанд. 26 нафар омўзгор дорои тахассуси олӣ, 4 нафар тахассуси якум, 7 нафар тахассуси дуюм ва 5 нафар дорои тахассуси умумӣ мебошанд. 5 нафар омўзгори литсей сазовори унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» мебошанд.
     Вазифаҳои асосии литсей аз таълими босифати кўдакон, имконияти беҳтарини ҷорӣ намудани талаботи эҷодӣ, мустақилона ҳосил намудани малака, ба кори илмӣ машғул шудан ва тайёр шудан ба таҳсили оянда дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ иборат мебошад.
     Бинои литсей ба пуррагӣ аз таъмир бароварда шудааст ва барои таҳсили босифат ва талаботи замон ҷавобгўйи хонандагон ҳамаи шароитҳо муҳайё мебошанд.
     Литсей дорои китобхонаи алоҳида мебошад ва дар баро-бари ин, хонандагони литсей аз китобхонаи илмӣ ва электронии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бемамоният истифода мебаранд.
     Роҳбарияти литсей барои баланд гардидани сатҳи дониши хонандагон, ба талаботи замон ҷавобгўй гардонидани фаъолияти литсей, бо маводи таълимии замонавӣ таъмин намудани муассиса ҳамеша кўшиш ба харҷ медиҳанд ва кафолати сифати баланди дониши хонандагонро бар зимма мегиранд.
    

Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат