ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Қоидаҳои қабул дар зинаи магистратураи
муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон


     1.Қоидаҳои қабул дар зинаи магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қоида), дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, Низомномаҳои бакалавриат, магистратура ва мутахассис ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидааст.
     2. Зинаи магистратура бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар донишкада, академия ва донишгоҳҳое, ки шуъбаи аспирантура ва докторантура, инчунин имконияти илмию методӣ, заминаи хуби кадрӣ, моддию техникӣ ва таълимӣ доранд, таъсис дода мешавад. Қабул дар зинаи магистратура танҳо дар шуъбаи рўзона ба роҳ монда мешавад. 3. Ба зинаи магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ, хориҷиён ва шахсони бетабааи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зинаҳои бакалавр ва ё мутахассисро хатм намудаанд қабул карда мешаванд.
     4. Довталабоне, ки дипломи онҳо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат мекунад, аз рўи тахассуси интихобнамудаашон реферат пешниҳод намуда, ба тариқи суҳбат аз озмун мегузаранд. 5. Барои шахсоне, ки дипломҳои онҳо ба равияи наздики интихобнамудаашон мувофиқат намекунанд, аз тарафи муассисаи таълимӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои ҳатмӣмуқаррар карда мешавад.
     6. Агар дохилшавии довталаб ба зинаи магистратура ба вақти муассисаи таҳсилоти олии касбиро хатм кардани ў рост ояд, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рўи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте, ки баҳои имтиҳони ҷамъбастии ихтисос аз баҳои “хуб”паст набошад).
     7. Агар дохилшавии довталаб ба зинаи магистратура пас аз як ё якчанд соли хатми муассисаи таълимӣ сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи намунаи давлатии аъло довталабимтиҳон месупорад.
     8. Ба зинаи магистратура хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки муассисаи таълимиро танҳо бо баҳои хубу аъло хатм намудаанд тавсия дода мешаванд.
     9.Нақшаи қабул ба зинаи магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дармувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва заминаи иҷозатномаи (литсензия)-и пешбурди фаъолияти таълимии муассисаи таълимӣ муқаррар карда мешавад. Нақшаи қабул то 20% аз шумораи умумии хатмкунандагони аз ҳисоби буҷети давлатӣ таҳсилкунанда ҷудо карда мешавад.
     10.Бо мақсади қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои дохил шудан ба зинаи магистратура, ташкил ва гузаронидани озмуни қабули онҳо бо фармоиши ректор (директор)-и муассисаи таҳсилоти олии касбӣ комиссияи қабул таъсис дода мешавад. Раиси комиссияи қабулимуассисаи таҳсилоти олии касбӣ ректор (директор) мебошад.
     11.Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фақат бо доштани иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқ дорад, ки қабули довталабонро аз рўи равия ва ихтисосҳои мухталиф расман эълон намояд (филиали муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бояд мустақиман иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ дошта бошад).
     12.Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вазифадор аст, ки довталабонро бо иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ ва инчунин шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ шинос намояд. 13.Комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бояд то қабули ҳуҷҷатҳои довталабон номгўи равия ва ихтисосҳо, теъдоди қабулро аз рўи равия ва ихтисосҳо тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ эълон намояд.
     14.Қабули довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дигарро хатм намудаанд ба зинаи магистратура танҳо тибқи шартнома дар асоси иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистониҷозат дода мешавад.
     15.Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссияи қабул ва комиссияи аттестатсионӣ аз 20 июн то 10 август ва муҳлати гузаронидани суҳбат-озмун ва имтиҳоназ 11 то 25 август таъин карда мешавад.
     16.Довталабон барои дохил шудан ба зинаи магистратура мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва тартиби мазкур ба комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:
     -ариза ба номи ректор (директор)-и муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
     -дипломи намунаи давлатӣ бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (нусхаи асл);
     -нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихобкарда (агар бошад);
     - 6 дона сурати андозаи 3 х 4 см;
     - маълумотномаи тиббии шакли 086-у;
     - шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.
     17.Баъд аз суҳбати комиссия гузаштани довталаб барои қабул ба сафи донишҷўён дар асоси қарори комиссияи қабул фармони ректор ба тасвиб мерасад.
     18. Натиҷаи сўҳбати комиссия дар протоколи махсус дарҷ мегардад (намунаи протокол замима мегардад).
     18. Ҳаҷми маблаѓи таҳсил барои таълими шартномавӣ дар асоси қарори Шўрои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муайян гардида, боВазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад ва дар Қоидаҳои қабули донишҷўён ба муассисаи таҳсилотиолии касбӣ ифода мегардад.
     20. Ҳамаи довталабон сарфи назар аз аслу насаб, ҷинс, забон, мансубияти нажодию миллӣ, вазъи иҷтимоию хусусиятҳои касбу кор, эътиқод, мазҳаб ва муносибат ба дин ва мансубияти ҳизбӣ дар гирифтани таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқи баробар доранд. Қабули довталабон дар зинаи магистратура то синни 35-сола ба амал бароварда мешавад.
     21.Магистранте, ки ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ қабул шудааст ва дар давоми 15 рўз бесабаб ба таҳсил шурўъ накардааст, аз муассисаи таълимӣ хориҷкарда мешаванд.
     22.Назорат аз болои фаъолияти кори комиссияи қабули муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдор ба амал бароварда мешавад.
     23.Таъмин, риоя ва иҷрои Тартиби қабули мазкур барои ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравӣ ҳатмӣ мебошад.
     24. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вазифадоранд, ки аз натиҷаи фаъолияти кори комиссияи қабули магистратура (миқдори қабул аз рўи ихтисос ва равия) ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то 20 сентябри соли _____ маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
    


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат