ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




МАГИСТРАТУРА


     Магистратура зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда,мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва низоми илму маорифм Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад.
     Раванди таълим дар зинаи магистратура тибқи “Низомномаи ташкили раванди таълим дар магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №14/13) ба роҳ мешавад. Нақшаи қабул ба магистратура аз рӯйи 15 ихтисос 225 нафарро ташкил медиҳад:
     Нақшаи қабули магистрантон ба МДТ “Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат”

 

Рамзи ихтисосҳо

 

Номгуйи ихтисосҳо

Тибқи иҷозатнома, нафар

Буҷавӣ

Шартномавӣ

тоҷикӣ

русӣ

тоҷикӣ

русӣ

1-250103.00

Иқтисодиёти ҷаҳонӣ

15

 

3

 

12

1-250108.00

Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит

15

3

 

12

 

1- 260101.00

Идораи давлатӣ

15

3

 

12

 

1 - 250104.00

Молия ва қарз

15

3

 

12

 

1 - 250104.02

Кори бонкӣ

15

3

 

12

 

1- 960101.02

Таъминоти иқтисодии фаъолияти гумрукӣ

15

3

 

12

 

1-400102.02

Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)

15

3

 

12

 

1-250107.17

Иқтисодиёт ва идораи сайёҳӣ

15

 

3

 

12

1-250104.03

Андоз ва андозбандӣ

15

3

 

12

 

1-250104.10

Менељменти молиявӣ

15

3

 

12

 

1-260101.01

Идораи мақомоти маҳаллӣ

15

3

 

12

 

1-260202.10

Менељмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалӣ

15

3

 

12

 

1-260202.00

Менељмент

15

3

 

12

 

1-260203.00

Маркетинг

15

3

 

12

 

1-250107.11

Иқтисодиёт ва идора дар корхонаи саноатӣ

15

3

 

12

 

Ҷамъ

15 ихтисос

225

39

6

156

24


     Донишкада ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогии зинаи магистратура дорои потенсиали кофии моддӣ-техникӣ, кадрӣ ва шароитҳои мусоиди таълим мебошад. Дарсҳои зинаи магистратура дар басти дуюми рӯзҳои панҷшанбе, ҷумъа ва шанбе гузаронда мешаванд. Маблағи таҳсили солона дар зинаи магистратура 3710 сомониро ташкил медиҳад.
     Ба зинаи магистратураи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ, хориҷиён ва шахсони бетабааи муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зинаҳои бакалавр ва ё мутахассисро хатм намудаанд қабул карда мешаванд.
     Довталабоне, ки дипломи онҳо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат мекунад, аз рўи тахассуси интихобнамудаашон реферат пешниҳод намуда, ба тариқи суҳбат аз озмун мегузаранд.
     Барои шахсоне, ки дипломҳои онҳо ба равияи наздики интихобнамудаашон мувофиқат намекунанд, аз тарафи муассисаи таълимӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои ҳатмӣ муқаррар карда мешавад.
     Агар дохилшавии довталаб ба зинаи магистратура ба вақти муассисаи таҳсилоти олии касбиро хатм кардани ў рост ояд, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рўи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте, ки баҳои имтиҳони ҷамъбастии ихтисос аз баҳои “хуб”паст набошад).
     Агар дохилшавии довталаб ба зинаи магистратура пас аз як ё якчанд соли хатми муассисаи таълимӣ сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи намунаи давлатии аъло довталабимтиҳон месупорад.
     Муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳои довталабон ба комиссияи қабул ва комиссияи аттестатсионӣ аз 20 июн то 10 август ва муҳлати гузаронидани суҳбат-озмун ва имтиҳон аз 11 то 25 август мебошад.
     Довталабон барои дохил шудан ба зинаи магистратура мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва тартиби мазкур ба комиссияи қабули муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:
     -ариза ба номи Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат;
     -дипломи намунаи давлатӣ бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (нусхаи асл);
     -нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихобкарда (агар бошад);
     - 6 дона сурати андозаи 3 х 4 см;
     - маълумотномаи тиббии шакли 038;
     - шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият.
     Суроғаи мо: ш.Душанбе, хиёбони Борбад, 48/5 (рубарӯи чойхонаи “Истаравшан”). Телефонҳо барои тамос: (+992) 234-88-00, 234-88-02
    


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат