ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Untitled Document

Сана:2022-07-21боздид:47

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 21-уми июли соли 2022 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид, ки дар он аъзои раёсати донишгоҳ, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо, раисони Созмонҳои ҷамъиятӣ, кормандони қисми таълиму тарбия, илм ва инноватсия, равобити хориҷӣ, деканони факултетҳо ва беш аз 50 нафар намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор қабл аз оғози нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори оммаро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, барои иштирокашон арзи сипос ва миннатдорӣ баён намуданд.
Дар идомаи гузориши хеш оид ба фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию байналмилалӣ ва хоҷагидорию иқтисодӣ дар нимаи аввали соли 2022 ректори донишгоҳ бо ифтихору қаноатмандӣ иброз доштанд, ки омӯзгорону кормандони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон соли 2022-ро бо руҳу илҳоми тоза ва дилгармӣ оғоз намуданд, зеро бо дастгириҳои бевоситаи Ҳукумати кишвар, бахусус таҳти сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аз 27 январи соли 2022 мақоми байналмилалиро соҳиб гардида, ба Муассисаи давлатии “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” табдили ном кард.

Зимнан, ректори донишгоҳ қайд намуданд, ки боиси хушнудӣ ва ифтихори кулли омӯзгорону кормандон аст, ки дар ибтидои соли таҳсили 2021-2022 ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Донишгоҳ сурат гирифта, кулли иқдомоти раёсати Донишгоҳ дар ин давра амалӣ шуда, шароити зарурӣ ва пойгоҳи муосири мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ барои кору фаъолият муҳайё гардид.
Маҳз, ифтитоҳи биноҳои наву замонавӣ, фароҳам гардидани шароитҳои муосири таълимӣ ва густариши корҳо дар самтҳои мухталифи фаъолияти муассиса дар ин давра боис шуд, ки таълимгоҳ мақоми муассисаи таълимии байналмилалиро соҳиб гардида, фаъолияти филиалҳои он низ дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд тибқи талаботи байналмилалӣ ба роҳ монда шавад.
Қайд гардид, ки боиси фараҳмандӣ ва саодати бузурги коллективи меҳнатии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Литсейи касбии кимиёи саноати шаҳри Левакант ва Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд ба ихтиёрдории Донишгоҳ гузаронида шуд. Иқдомоти мазкур ба раёсати Донишгоҳ имкон фароҳам месозад, ки кадрҳои баландихтисос дар зинаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ омода карда шаванд.
Ҳамзамон, илова ба муваффақиятҳои зикршуда, фаъолияти кафедраи ҳарбии Донишгоҳ аз соли таҳсили 2022-2023 шуруъ мегардад. Аз ин лиҳоз, масъулин баҳри фароҳам сохтани пойгоҳи моддӣ-техникӣ, таълимӣ-методӣ, ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба ҷадвали басти вазифаҳо, инчунин таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ корбарӣ намуда истодаанд.
Ҳамзамон, дар нимсолаи якуми соли 2022 дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз суханронӣ ба муносибати Рӯзи дониш аз 1 сентябр бармеоянд, аз тарафи сохторҳои таркибии Донишгоҳ маҷмўи корҳо дар самтҳои ташкилӣ, тарбиявӣ, таълимӣ, илмӣ–инноватсионӣ, робитаҳои берунӣ ва хоҷагидорӣ анҷом дода шуданд.
Қайд гардид, ки Дар ин давра ба унвонии раёсати Донишгоҳ аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар ниҳодҳои давлатӣ 575 мактуби воридотӣ ва 487 мактуби содиротӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мактубҳои воридотӣ 9,4% ва мактубҳои содиротӣ 11,3% зиёд мебошад. Ҳамчунин, дар нимсолаи аввали соли 2022 ба унвонии Донишгоҳ 1069 адад ҳуҷҷатҳои мухталиф аз қабили аризаи донишҷӯёну кормандон ва муроҷиатҳои шаҳрвандон ворид гардид, ки ба ҳамаи онҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳа ҷавобҳои қаноатмандкунанда гардонида шуд.

Вобаста ба фаъолияти Шўрои олимони донишгоҳ, ҳамчун мақоми олии идоракунӣ ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода У.С. қайд намуданд, ки фаъолияти Шӯрои олимони Донишгоҳ дар нимсолаи аввали соли 2022 назаррас арзёбӣ мегардад. Дар шаш ҷаласаи баргузоршудаи Шӯро дар ин давра 67 масъалаи мубрами вобаста ба самтҳои мухталифи фаъолияти Донишгоҳ баррасӣ ва муҳокима гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Илова бар ин, 378 масъала дар ҷаласаҳои ректорат ва ҷаласаҳои назоратии назди ректори Донишгоҳ баррасӣ ва муҳокима шуда, нисбат ба ҳар яки онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар ҳама воҳидҳои сохтории Донишгоҳ иҷрои қарорҳои мазкур саривақт таъмин гардида, масъалаҳо дар шӯрои олимони факултетҳо, ҷаласаҳои кафедраҳо мавриди муҳокима ва иҷрои саривақтӣ қарор гирифтанд.
Вобаста ба фаъолияти самти таълим дар давраи ҳисоботӣ ректори донишгоҳ иброз доштанд, ки раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо мақсади дастгирии ҳамешагии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, саривақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабл аз ҳама дар самти баланд бардоштани сатҳи азхудкунӣ ва сифати таҳсилот дар нимсолаи аввали соли 2022 ба як қатор дастовардҳо ноил гардид.
- вобаста ба эҳтиёҷоти иқтисоди миллӣ ва талаботи имрӯзаи бозори меҳнат дар доираи ҳадафи чоруми миллӣ “Саноатикунонии босуръат” барои пешбурди фаъолияти таълимӣ дар Донишгоҳ аз рӯйи ихтисосҳои нав, аз ҷумла, ихтисосҳои соҳаи омӯзгорӣ, соҳаи саноат, иқтисодиёти рақамӣ, зеҳни сунъӣ, системаҳои зеҳнии геоиттилоотӣ, технологияи зеҳнии компютерии реинжиниринг ва бизнес-равандҳо, маркетинг дар тиҷорати электронӣ, кибернетикаи иқтисодӣ, хадамоти консулӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, полиси сайёҳӣ, тибби сайёҳӣ, сайёҳии осоишгоҳӣ-табобатӣ ва амасоли инҳо иҷозатнома гирифта шуд. Ёдовар мешавем, ки ҷамъи ихтисосҳои амалкунандаи Донишгоҳ аз 56 ба 77 адад расонида шуд.
- дар баробари ин, шумораи ихтисосҳои амалкунандаи филиалҳои Донишгоҳ (Хатлон ва Суғд) зиёд карда шуд. Ҳадафи асосии ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав дар филиалҳо ба инобат гирифтани талаботи рӯзафзуни бозори меҳнати минтақаҳои мамлакат ва бунёди шароит ҷиҳати фаро гирифтани довталабон ба таҳсил дар макони истиқомат маҳсуб меёбад.
- дар ин давра, бо ибтикори раёсати Донишгоҳ бо мақсади тақвияти забондонии омӯзгорону донишҷӯён курсҳои кӯтоҳмуддати ройгони омӯзиши забонҳои хориҷӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар курсҳои мазкур 120 нафар омӯзгор ва 293 нафар донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо шаҳодатнома таъмин карда шуданд.
- илова ба гурӯҳҳои амалкунандаи таҳсилаш бо забони англисӣ, аз ҳисоби донишҷӯёне, ки дар курсҳои ройгони забономӯзӣ иштирок намуданд, 5 гурӯҳи иловагии таҳсилаш бо забони англисӣ барои соли таҳсили 2022-2023 ташкил карда шуд.
- лозим ба ёдоварист, ки тибқи талаботи Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021-2022 барои 60% -и фанҳои таълимӣ қабули имтиҳонот тариқи шифоҳӣ ва хаттӣ ба роҳ монда шуд.
- дар ин давра, барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимӣ барои ихтисосҳои амалкунандаи Донишгоҳ бо дарназардошти стандартҳои байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ пурра навсозӣ гардида, мавриди амал қарор дода шуданд.
- бо дарназардошти эҳтиёҷоти ихтисосҳои нави ҷоришуда илова ба лабораторияҳои амалкунандаи Донишгоҳ инчунин дар доираи имкониятҳои мавҷуда 3 лабораторияи компютерии муҷаҳҳаз бо 60 компютер ва технологияҳои муосири иттилоотӣ-коммуникатсионӣ мавриди амал қарор дода шуд.
- дар ин давра дар Донишгоҳ дар доираи таҳияи лоиҳаҳаҳои грантӣ ва маблағҳои махсуси Донишгоҳ шумораи компютерҳо ба ҳудуди 1000 адад расонида шуд, ки ба ҳар 4 нафар донишҷӯ 1 компютер рост меояд;
- тавре дар нишасти қаблӣ иттилоъ дода будем, дар ноҳияи Варзоб Маркази таълимӣ-таҷрибавии “Сайёҳ” таъсис дода шуд. Дар ин давра, 13 машғулияти амалии сайёри донишҷӯёни равияи сайёҳӣ бо иштироки дастурдиҳандагони сайёҳӣ аз ширкатҳо ва сохторҳои дигари соҳаи сайёҳӣ доир карда шуд, ки натиҷаҳои дилхоҳ ба бор овард.
- дар нимсолаи дуюми соли таҳсил 183 маротиба дарсҳои кушода гузаронида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,7% зиёдтар мебошад;
- дар ин давра, дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат ҷиҳати дар ду ноҳияи ҷумҳурӣ таъсиси додани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ корҳои омодагӣ сурат гирифта истдааст.
Ректори донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор самти илм ва инноватсияро самти калидии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ унвон намуда, иброз доштанд, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2022 фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионии ҳайати илмӣ-педагогии Донишгоҳ бомаром идома ёфта, қариб дар ҳама самтҳои фаъолият, аз ҷумла таҳқиқоти илмӣ, таҳияи монографияҳо, китобҳои дарсию методӣ, тайёр намудани кадрҳои илми-педагогӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, нашри мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, инчунин баргузор намудани чорабиниҳои гуногуншакли илмӣ пешравиҳо ба назар мерасанд. Аз ҷумла, дар ин давра вобаста ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва инноватсионӣ натиҷаҳои зерин ба даст омаданд:
- боиси ифтихор аст, ки раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати амалигардонии Нақшаи чорабиниҳои "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" санаҳои 13-14 майи соли равон 2-юмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро барои дарёфти "Ҷоми раёсати ДБССТ" баргузор намуд. Хурсандиовар он буд, ки нисбат ба соли гузашта ҳам завқи муассисаҳои таълимӣ ва ҳам донишҷӯёни риштаҳои дақиқ ва риёзӣ ба иқдомоти Донишгоҳ дар мавриди баргузории озмун зиёд гардидааст. Зеро, агар соли гузашта дар озмуни 1-ум аз 23 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар 78 нафар донишҷӯ иштирок намуда бошанд, пас соли ҷорӣ бошад дар 2-юмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти “Ҷоми раёсати ДБССТ” аз 35 муассисаи таълимӣ 186 нафар донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар расми ифтитоҳ ва ҷамъбасти Озмуни мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода У.А., муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Л.А., муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин М., директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ректорон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. Барои баҳогузории холисона мутахассисон аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии мамлакат даъват гардида буданд.
Аз 186 нафар иштирокчиёни Озмун, дар асоси хулосаи Комиссияи озмунӣ 80 нафар ғолибони озмун дониста шуданд. Ҳамин тавр, 6 нафар соҳиби ҷойи якум, 12 нафар соҳиби ҷойи дуюм, 34 нафар соҳиби ҷойи сеюм ва 28 нафар соҳиби ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Ба ғолибони ҷойи якум "Ҷоми раёсати ДБССТ", дипломи дараҷаи I ва маблағи ҳавасмандӣ ба ҳар кадоме ба андозаи 5000 сомонӣ, ба ғолибони ҷойи дуюм дипломи дараҷаи II ва ба ҳар кадоме ба андозаи 2000 сомонӣ ва ба ғолибони ҷойи сеюм дипломи дараҷаи III ва ба ҳар кадоме ба андозаи 1000 сомонӣ маблағи ҳавасмандӣ дар фазои тантанавӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Насриддинзода Э.С. тақдим карда шуд. Инчунин ба 28 нафар иштирокчиёни Озмун барои иштироки фаъол "Ифтихорнома"-и Донишгоҳ тақдим гардид. Ректори Донишгоҳ қарори Шӯрои олимони Донишгоҳро дар мавриди то соли 2040 пайваста доир намудани озмуни мазкур эълон доштанд. Ҳамзамон, ректори Донишгоҳ ҳавасмандии худро дар мавриди интиқоли ғолибони озмуни мазкур ба гурӯҳҳои ройгони донишгоҳ иброз намуданд. Дар баробари ин, пешниҳод карда шуд, ки ғолибони озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК ҶТ дар солҳои минбаъда низ аз ҷониби Иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ бо роҳхат ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ таъмин карда мешаванд.
Хушбахтона дар озмуни мазкур 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳ соҳиби Шоҳҷоиза, Ҷоми раёсати ДБССТ ва 1 нафар соҳиби ҷойи дуюм гардид;
 дар нишасти матбуотии қаблӣ раёсати донишгоҳ ба хабарнигорон дар мавриди баргузории Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳ иттилоъ дода буд. Хушбахтона, Олимпиадаи мазкур санаҳои 17-18 июни соли ҷорӣ дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳ бо ҳузури намояндагони 38 МТОК ва иштироки беш аз 400 нафар донишҷӯ аз рӯи 14 равия баргузор гардид. Бо ибтикори раёсати Донишгоҳ ба роҳбарони 14 нафар ғолибони ҷойҳои якум, 14 роҳхат ба осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ тақдим карда шуд.
- дар олимпиадаи мазкур низ донишҷӯёни Донишгоҳ ба муваффақиятҳои навбатӣ ноил гардида, 1 нафар сазовори ҷойи якум, 1 нафар соҳиби ҷойи дуюм ва 2 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Натиҷаҳои бадастовардаи донишҷӯёни Донишгоҳ тибқи раддабандии гурӯҳӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карла шуд, аз рӯйи равияи табиӣ-риёзӣ ДБССТ мақоми сеюмро соҳиб гардид.
- дар ин давра, аз ҷониби ҳайати профессорӣ-омӯзгории Донишгоҳ 12 монографияи илмӣ, 3 китоби дарсӣ, 8 васоити таълимӣ, 24 дастури методӣ, 6 рисолаи илмӣ аз он ҷумла 2 рисолаи докторӣ, 442 мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 47 мақолаи илмии дар маҷаллаҳои илмии аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақризшаванда, 31 мақолаи илмӣ дар маводи конфронсҳои байналмилалӣ, 204 мақолаи илмии дар маводи конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва илова бар ин 68 мақолаи илмӣ-оммавӣ нашр гардид. Дар баробари ин, шавқу рағбати донишҷӯён ба корҳои илмӣ боло рафта, дар ин давра аз ҷониби онҳо 293 мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ нашр гардид; Дар маҷмуъ, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта нашри маводҳои болозикр 12,3% боло рафтааст. Қобили қайд аст, ки маводи нашрнамудаи омӯзгорони Донишгоҳ бо тавсияи қисми илм ва инноватсияи Донишгоҳ харидорӣ карда шуда, ба китобхонаи илмӣ-электронии Донишгоҳ ворид карда шуданд;
- ёдрас мешавем, ки вобаста ба натиҷаҳои фаъолият хушбахтона рейтинги Донишгоҳ тибқи арзёбӣ аз рӯйи меъёрҳои қоидаҳои муайянсозии рейтинги МТОК-и ҶТ аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 зина боло рафта, шомили 5-гонаи беҳтарини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ эътироф гардид.
- омодасозии кадрҳои баландихтисоси дорои дараҷа ва унвони илмӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар ин давра, 4 нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд. Ҳамзамон, 2 нафар аз ҷониби Шӯроҳои диссертатсионӣ барои ҳимоя иҷозат дода шудаанд. Инчунин, 6 нафар устодони донишгоҳ ҳимояи пешдифоиро аз кафедрҳо гузашта, ба Шӯроҳои диссертатсионӣ рисолаҳои илмии худро пешниҳод намуданд, ки 2-тои он рисолаи докторӣ мебошад;
- бо мақсади иҷрои нақшаи дурнамои аз курсҳои такмили ихтисос гузаронидани устодони Донишгоҳ, дар давраи ҳисоботӣ 47 нафар устодон ба ин гуна курсҳо сафарбар карда шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 12,3% зиёд мебошад;
- дар ин давра, дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бо ибтикори раёсати Донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо мақомоти гуногуни давлатӣ ва кафедраҳои мутасаддӣ 6 конфронси ҷумҳуриявӣ, 1 конфронси байналмилалӣ, 4 ҳамоиши илмӣ, 14 семинари илмӣ-назариявӣ, 11 мизи мудаввар ва 8 чорабиниҳои гуногуншакли илмӣ баргузор гардид, ки аз натиҷаи онҳо ба ниҳодҳои давлатӣ маълумотномаи мушаххас манзур гардид. Ҳамзамон, маводи конфонсҳои доиршуда дар шакли маҷмуаи алоҳида нашр гардиданд;
- даври донишгоҳии озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм фурӯғи маърифат” аз 15 то 25 апрели соли равон дар донишгоҳ ҷамъбаст гардида, ғолибони озмунҳои зикршуда ба даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи чор номинасия дар маҷмӯъ 16 нафар иштирокчӣ роҳхат гирифтанд. Ба даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” бошад, 13 нафар иштирокчӣ аз рӯи се номинатсия роҳхат гирифтанд. Аз ҷониби раёсати Донишгоҳ ба ғолибони озмунҳои болозикр дар асоси Низомномаи ҳавасмандгардонии омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ба маблағи 500 сомонӣ ва ифтихорномаи Донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд;
- боиси хушнудист, ки тибқи қарори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои “Иқтисодиёти соҳибкорӣ”, “Иқтисодиёти сайёҳӣ” ва “Маркетинг” дар Донишгоҳ иҷозат дода шуд;
- дар давраи ҳисоботӣ бо ибтикори раёсати донишгоҳ беш аз 15 000 адабиёти таълимию бадеӣ ба китобхонаи илмӣ-электронии донишгоҳ ва китобхонаи литсей ворид карда шуд;
- дар ин давра, аз ҷониби кафедраҳои донишгоҳ ҳамчун муассисаи пешбар, ба 11 рисолаи илмии аз ҷониби Шӯроҳои диссертатсионӣ пешниҳодгардида тақризҳои мусбӣ пешниҳод карда шуд;
- дар нимсолаи аввали соли 2022 фаъолияти Шӯрои олимон ва муҳаққиқони ҷавони донишгоҳ фаъол гардида, 5 маротиба ҷаласаи шӯро доир карда шуд ва масъалаҳои мубрам вобаста ба саҳмгузории ҷавонон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ баррасӣ гардиданд.
Вобаста ба самти робитаҳои хориҷӣ, ректори донишгоҳ зимни гузориши хеш тақвияти робитаҳоро бо донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии ватанию байналмилалӣ бориз арзёбӣ намуданд.
Қайд гардид, ки дар шароити муосири пешбурди фаъолияти муассиса рушди робитаҳои байналмилалӣ яке аз самтҳои калидӣ маҳсуб меёбад. Масъалаи мазкур барои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон хеле мубрам арзёбӣ мешавад, зеро тавре болотар зикр намудем, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таълимгоҳ мақоми муассисаи таълимии байналмилалиро соҳиб гардид.
Сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат имкон фароҳам сохт, ки дар ин давра равобити байналмилалии Донишгоҳ густариш ёфта, дар ин самт натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд:
- дар нимсолаи аввали соли 2022 раёсати робитаҳои хориҷии Донишгоҳ бо 32 донишгоҳу донишкадаҳо ва марказҳои илмӣ-таҳқиқотии хориҷи кишвар, аз ҷумла бо Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, Донишгоҳи бизнес ва технологияи Гурҷистон, Донишгоҳи Гурҷистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмондории Қазоқистон, Донишгоҳи байналмилалии қазоқӣ-туркии ба номи Хоҷа Аҳмади Ясавӣ, Донишгоҳи иқтисодиёт, молия ва савдои байналмилалии Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии омӯзиши проблемаҳои объектҳои мероси фарҳангӣ ва рушди сайёҳии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи менеҷменти Мумбай шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки аз онҳо 18 шартномаи ҳамкорӣ ва 14 шартнома маҳз барои табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон мебошад.
Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони боистеъдоду донишманд ва ватандӯсту худогоҳ тамоми шароиту имкониятҳои зарурии таълиму тарбияро ҳам дар дохили мамлакат ва ҳам берун аз он фароҳам оварда истодааст. Дар Паёми навбатӣ низ Пешвои миллат ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Бо ҳадафи татбиқи амалии сиёсати маорифпарварона ва иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар доираи созишманомаҳои табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгоронро дар макотиби олии хориҷи кишвар тақвият бахшид.
-айни замон, ҳудуди 90 нафар тавассути барномаҳои табодули академии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ва барномаҳои Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дурахшандагон”барои соли таҳсили 2022-2023 ҳуҷҷат супоридаанд. Раёсати Донишгоҳ вобаста ба таҳсил ва будубоши онҳо дар хориҷи кишвар бо сохторҳои марбута корбарӣ намуда истодааст.
-дар ин росто, бо ҳадафи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе 1 сентябри соли 2021 зикр шудааст, бо мақсади тақвияти малакаҳои хизматрасонӣ дар самти ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯёну омӯзгорони риштаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ дар хориҷи мамлакат чораандешӣ сурат гирифта истодааст. Хотирнишон бояд сохт, ки санаи 15 июни соли 2022 вобаста ба масъалаи болозикр раёсати Донишгоҳ бо сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳтарам Акрам Каримӣ ва намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ мулоқот анҷом дод. Намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Сайдӣ ҷаноби Халид ал-Сувалайҳ зимни гуфтушунид иброз дошт, ки тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ Академия имкон дорад, ҳамасола 4 бурсия барои донишҷӯёни Донишгоҳ ҷудо намуда, ҳудуди 30 нафар муҳассилинро ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирад. Иқдомоти мазкур шуруъ аз соли таҳсили 2022-2023 амалӣ карда мешаванд.
Инчунин, дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ масъалаи дар ҳамкорӣ бо Академияи аккредитатсионии Швейтсария гузаронидани аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои таҳсилотии Донишгоҳ муҳокима карда шуд.
-дар ин давра, раёсати Донишгоҳ роҷеъ ба масъалаи мазкур бо Донишгоҳи Ситии Малайзия, аз ҷумла бо яке аз пешқадамтарин мактабҳои самти меҳмондорӣ ва сайёҳии он “Вател” тариқи онлайн мулоқот анҷом дод. Ташрифи намояндагони Донишгоҳи мазкур ҷиҳати бастани шартномаи ҳамкорӣ рӯзҳои 22-23 июлӣ соли ҷорӣ ба Донишгоҳ дар назар аст.
- ғайр аз ин, баҳри иҷрои саривақтии банди 14 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси филиали Донишгоҳ дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя тадбирандешӣ сурат гирифта истодааст ва бо дастгирии ниҳодҳои давлатӣ филиалҳо таъсис дода мешаванд.
-яке аз ҳодисаҳои муҳиме, ки дар ин давра дар самти густариши равобити байналмилалӣ ба вуқуъ пайваст, ташрифи Дабири кулли Муколамаи Ҳамкории Осиё ба муассиса ва ба узвияти Шабакаи донишгоҳҳои аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё пазируфта шудани Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон мебошад. Узвият ба Шабакаи донишгоҳҳои мазкур имкон фароҳам месозад, ки табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон дар донишгоҳҳои шарик ба роҳ монда шуда, ҷалби омӯзгорони хориҷӣ ба Донишгоҳ роҳандоҳӣ карда шавад. Ҳамчунин, дар ҷараёни гуфтушунид ба мувофиқа расидем, ки барномаҳои муштараки таҳсилотӣ, лоиҳаҳои мухталиф дар соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ, саноат, технологияҳои рақамӣ ва амсоли инҳо миёни донишгоҳҳои аъзо амалӣ шаванд.
- боиси зикр аст, ки моҳи марти соли ҷорӣ вохӯрии судманди раёсати Донишгоҳ бо намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва сохторҳои тиҷоратии Юнон доир гардид. Дар раванди вохӯрӣ масоили табодули академии донишҷӯён ва такмили ихтисоси омӯзгорон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар соли таҳсили 2022-2023 ва минбаъд муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Юнон таҳсил ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён, инчунин такмили ихтисоси омӯзгорон ташкил карда шавад.
- дар ин давра, яке аз муваффақиятҳои назарраси самти равобити байналмилалӣ иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои байналмилалӣ мебошад. Донишҷӯёни Донишгоҳ дар Олимпиадаи байналмилалӣ, ки аз 16 феврал то 31 марти соли 2022 дар шаҳри Қазон аз рӯи чор номинатсия доир гардид, ширкат варзида, сазовори 1 ҷойи 2-юм ва 3 ҷойи 3-юм гардиданд. Ёдовар мешавем, ки дар Олимпиадаи мазкур аз 17 кишвари дунё 7973 нафар донишҷӯён ширкат варзиданд. Дар баробари ин, донишҷӯёни риштаи сайёҳии Донишгоҳ дар Олимпиадаи умумироссиягӣ доир ба сервис, сайёҳӣ ва фаъолияти меҳмонхонавӣ аз рӯйи равияҳои "Менеҷмент дар саноати сайёҳӣ ва меҳмондорӣ" ва "Сайёҳӣ" иштирок намуда, сазовори 3 ҷойи 3-юм ва як ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Ҳамзамон, донишҷӯёни Донишгоҳ барои иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, ки баргузории онҳо дар соли таҳсили 2022-2023 дар Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал ва Донишгоҳи давлатии сайёҳӣ ва хизмати Россия дар назар аст, омодагӣ дида истодаанд.
- дар нимаи аввали соли ҷорӣ 15 нафар омӯзгори Донишгоҳ аз ҳисоби муовинони ректор, сардорони раёсатҳо ва садорати факултетҳо ҷиҳати гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва иштирок дар чорабиниҳои илмӣ, аз ҷумла Форуми байналмилалии "Марҳилаи нави ҳамкориҳои кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай: сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ", Форуми ректорони Осиёи Марказӣ, Форуми 12-уми иқтисодии ҷавонони Авруосиё, Форуми байналмилалии Тоҷикистону Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба шаҳрҳои Тифлис, Маскав, Екатеринбург, Қазон, Алмаато ва Тошканд сафари хориҷӣ анҷом доданд.
- боиси зикр аст, ки шурӯъ аз 3 феврали соли 2022 дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки аз Паёми навбатӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тавсеаи истифодаи технологияҳои муосир дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти мамлакат бармеояд, дар Донишгоҳ бо ҷалби устодони варзидаи соҳаи зеҳни сунъӣ аз Донишгоҳи Кореяи Ҷанубӣ машғулиятҳои онлайнӣ сурат гирифта истодаанд, ки дар самти баландбардории дараҷаи касбии омӯзгорон нақши муассир дорад.
- санаи 28 майи соли 2022 дар Донишгоҳ конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ бо ҷалби олимону коршиносони хориҷӣ, аз ҷумла, аз Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмондории Қазоқистон, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Урал, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд, Донишгоҳи иқтисод, молия ва савдои байналмилалии Қазоқистон ва Донишгоҳи Алгарвеи Португалия тариқи маҷозӣ доир карда шуд.
- дар нимаи аввали соли 2022 дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар ташрифи 16 нафар олимон-профессорон ба Донишгоҳ сурат гирифт.
 дар ин давра, дар доираи барномаҳои грантии Шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз ҷониби Донишгоҳ барномаи грантӣ бомуваффақият амалӣ шуда истодааст;
 ғайр аз ин, аз ҷониби раёсати Донишгоҳ барномаи грантӣ барои таъсиси Маркази иттилоотии сайёҳӣ ва Лабораторияи инноватсионии зеҳни сунъӣ таҳия гардида буд, ки аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ таҷҳизоти лабораторӣ ба маблағи ҳудуди 1 600 000 сомонӣ то моҳи октябри соли 2022 давра ба давра дастрас карда мешаванд;
 дар ин давра, ҳамчунин барои дарёфти грантҳо тавассути маблағгузории Бонки Осиёии Рушд ва Бонки умумиҷаҳонӣ барои баргузории форумҳои байналмилалӣ, мустаҳкамсозии пойгоҳи моддӣ-техникии раванди таълим корҳои муайяне сурат гирифта истодаанд.
Вобаста ба самти фаъолияти тарбиявӣ ректори донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор иброз доштанд, ки раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти паёмадҳои манфии ҷаҳони муосир, гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, тарбияи ватандустӣ, баланд бардоштани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, ифтихори шаҳрвандии ҷавонон, инчунин эҳтиром ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ диққати ҷиддӣ дода, дар нимсолаи аввали соли 2022 бо мақсади густариши корҳои тарбиявӣ ва робита бо ҷомеа як қатор чорабиниҳои тарбиявӣ ва фарҳангӣ-маърифатӣ баргузор намуд.
- дар ин давра, чун давраҳои қаблӣ омӯзгорону донишҷўёни Донишгоҳ бо барномаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Сафина”, “Душанбе”, “Ҷаҳоннамо”, “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва “Баҳористон” ва ҳамзамон барномаҳои радиоӣ пайваста ҳамкорӣ дошта, дар барномаҳо иштироки фаъол намуданд.
- дар Донишгоҳ бо ҳадафи тарбияи ѓоявӣ-сиёсӣ ва маърифатию фарҳангии ҷавонон дар нимсолаи якуми соли 2022 беш аз 68 чорабинии тарбиявӣ-фарҳангӣ, аз ҷумла дар самти “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ-террористӣ”, “Сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо терроризм, экстремизи ва савдои одамон”, “Рӯзи байналмилалии кудакон”, Рӯзи Ваҳдати милли Тоҷикистон ва ғайраҳо баргузор карда шуд.
- дар нимсолаи якуми соли 2022, ба таври мунтазам байни донишҷўён мусобиқаҳо оид ба шоҳмотбозӣ, футболи хурд, волейбол, сангбардорӣ, ҷаҳидан, турниккашӣ, дастхобонӣ бандкашӣ, тенниси рӯйи миз ва дигар намудҳои варзиш баргузор карда шуданд.
- боиси хурсандист, ки донишҷӯёни Донишгоҳ дар як қатор озмунҳо бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз, Иди Ғалаба, 25-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва як қатор чорабиниҳои сатҳи милливу байналмилалӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён, сиписнома ва туҳфаҳо гардиданд.
- боиси зикр аст, ки дастаи волейболбозон аз ҳисоби духтарони Донишгоҳ дар ҳайати дастаи Душанбе 1 дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаҳои 1-5 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, сазовори ҷойи 1-ум гардиданд. Ёдрас шудан бамаврид аст, ки соли гузашта низ донишҷӯдухтарони Донишгоҳ аз рӯи намуди волейбол дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Кӯлоб соҳиби ҷойи аввал гардида буданд.
- дар баробари ин, донишҷӯёни Донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” иштироки фаъолона намуда, 3 нафар ба даври навбатӣ роҳхат гирифтанд.
- дар давраи ҳисоботӣ, донишҷӯдухтарони Донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ иштироки фаъол намуда, дар чорабинии “Сад ранги чакан” низ сазовори ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.
- масъалаи дигари муҳими самти тарбия ин дастгирии табақаи ниёзманд аз ҷумла ятимони кулл, нимятим, маъюбон ва амсоли инҳо мебошад. Дар ин давра 13 нафар ятими кулли донишгоҳ тибқи қарори Шўрои олимон пурра аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод карда шуда, бо идрорпулӣ, хўроки гарми яквақта ва сару либоси мавсимӣ таъмин карда шуданд. Ҳамзамон, аз 1-уми январи соли 2022 ба онҳо Стипендияи раёсати Донишгоҳ дода мешавад.
Дар партави сиёсати бунёдкорӣ ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори донишгоҳ профессор Асрорзода У.С. иброз доштанд, ки дар нимсолаи аввали соли 2022 баҳри татбиқи амалии сиёсати бунёдкорӣ ва созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳ ва филиалҳои он силсилаи корҳои ободонӣ, таҷдиду сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, дар самти фаъолияти иқтисодию хоҷагидорӣ ва молиявии Донишгоҳ пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд.
Барои ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ дарвоқеъ соли таҳсили сипаришуда давраи хотирмон ва дастовардҳои бузург маҳсуб меёбад.
- маҳз, дар ҳамин давра, биноҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, пойгоҳи таълимии муассиса мустаҳкам гардид. Дар нимсолаи аввали соли 2022 низ маҷмуи корҳои ободонӣ, таҷдиду сохтмониро идома дода шуда, барои сохтмони бинои 8 ошёна корҳои ташкилӣ сурат гирифтанд, ки бунёди он моҳҳои август-сентябри соли 2022 шуруъ мегардад.
- ҳамзамон, дар ин давра сохтмони бинои ҳафтошёнаи филиали Донишгоҳ дар вилояти Хатлон бомаром идома ёфта, барои бунёди муассисаи томактабии бачагона дар ҳудуди қитъаи замини Донишгоҳ корҳои омодагиву ташкилӣ ҷараён доранд.
- дар нимсолаи аввали соли 2022 барои ободу зебо гардонидани гирду атрофи Донишгоҳ беш аз 125 000 гулҳои мавсимӣ ва дарахтҳои ороишиву ҳамешасабз шинонида шуданд.
- ҳамзамон, дар ин давра бо ибтикори сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкамсозии пойгоҳи моддӣ-техникии Донишгоҳ ба тавозуни Донишгоҳ 1 адад автобус гузаронида шуд. Дар ин давра, тавассути автобуси мазкур муҳассилину омӯзгорон ба хатсайрҳои алоҳидаи сайёҳӣ сафарбар карда шуданд.
- дар ин давра, дар самти таъмири таҷҳизоти техникӣ, назорати ҳолати коршоямӣ ва нигоҳдории воситаҳаи техникии раванди таълим, таъмини интернет, насб ва назорати камераҳои мушоҳидавӣ, густариши фаъолити иттилоотӣ-коммуникатсионӣ чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Вобаста ба фаъолияти иттифоқи касабаи кормандони Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор иброз намуданд, ки иттифоқи касабаи кормандон дар нимсолаи аввали соли 2022 чун давраҳои қаблӣ дар ҳамкорӣ бо раёсати Донишгоҳ дар соҳаи иҷтимоӣ ва кӯмак расонидан ба табақаи ниёзманд ва осебпазири аҳолӣ, корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
- бо ҳадафи татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар нимсолаи аввали соли 2022 дар самти дастгирии табақаи эҳтиёҷманд иқдомоти хешро идома дода, ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кўдакони ятими ноҳияи Сангвор, Мактаб-интернати кўдакони ятиму бепарастори ноҳияи Темурмалик, муассисаи давлатии Маркази миллии тавонбахшии кудакони маъюб “Чорбоғ”-и ноҳияи Варзоб, Хонаи кӯдакони №1 барои кӯдакони ятиму бепарастори шаҳри Душанбе, Хонаи пиронсонони шаҳри Турсунзода “Батош”кӯмакҳои хайриявии хешро давра ба давра расонид.
- дар ин давра ба 120 нафар устодон ва кормандони Донишгоҳ роҳхат барои барқарор кардани саломатӣ ба осоишгоҳҳои кишвар ҷудо карда шуд ва ин иқдом то ҳол идома дорад. Кормандон дар вақтҳои муносиб ва фориғ аз кор барои барқарор кардани саломатӣ ба осоишгоҳҳо сафарбар шуда истодаанд.
- дар ин давра, бахшида ба ҷашнҳои миллӣ ва рӯзҳои ид коллективи меҳнатии Донишгоҳ кӯмаки молиявӣ расонида шуд.
Ректори Донишгоҳ иброз намуданд, ки тавре дар нишасти қаблӣ иттилоъ дода будем, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон филиалҳои муассиса дар вилоятҳои Хатлон ва Суғд таъсис дода шуданд. Айни замон, фаъолияти онҳо хуб ба роҳ монда шуда, тибқи назарсанҷиҳо таваҷҷуҳи довталабони минтақаҳо барои таҳсил дар филиалҳои мазкур зиёд ба назар мерасад.
Фаъолияти филиалҳо зери назорати ҷиддии раёсати Донишгоҳ қарор дошта, ташкил ва баргузории машғулиятҳои силсилавӣ бо ҷалби ҳайати профессорӣ ва омӯзгорони ботаҷрибаи Донишгоҳ ба роҳ монда мешавад.
Вобаста ба фаъолияти литсейи Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор қайд намуданд, ки дар нимаи аввали соли 2022 маъмурият ва ҳайати омўзгорони Литсейи Донишгоҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифро сармашқи кори худ қарор дода, тамоми ҳадаф ва нерўи худро баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омўзиши фанҳои табиатшиносию дақиқ ва риёзӣ, мутолиаи асарҳои бадеӣ, омўзиши амиқи технологияи муосир, эҳтиром ва гиромидошти арзишҳои миллӣ ва ҳисси ватанпарастии хонандагон равона намуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар Литсейи Донишгоҳ 585 нафар хонандагон таҳсил намуданд, ки 215 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Дар умум дар давраи ҳисоботӣ дар литсей 29 синф фаъолият намуд, ки аз ин 16 синф таълимашон ба забони русӣ ба роҳ монда шуд. Дар ин давра, 37 нафар литсейи Донишгоҳро хатм намуда, ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ватанӣ ва хориҷӣ ҳуҷҷат супориданд.
Дар соли таҳсили 2021-2022 дар литсейи Донишгоҳ 3 нафар хонандагон гирандаи Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 нафар гирандагони Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе мебошанд.
Дар интиҳои нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма вобаста ба масоили омодасозии мутахассисони соҳаҳои сайёҳӣ ва соҳибкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба саволҳои сершумори хеш аз масъулини сохторҳои таркибии Донишгоҳ посухҳои мушаххас гирифтанд.



СУРАТГУЗОРИШ
Хабарҳо
Единство – залог мира и процветания
Совсем скоро славный народ Таджикистана отмечает 2 ...идома
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН- КАФИЛИ ВАҲДАТУ ПОБАРҶОИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз, дӯстони арҷманд! Ҳамагон хуб медонем, ки дар ...идома
ДАСТОВАРДЕ, КИ ОНРО ҲИФЗ МЕБОЯД
Таманниёти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, докто ...идома
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Зарурияти таърихии инкишофи ояндаи ҷомеаи тоҷик дар замони муоси ...идома
ДБССТ: АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ДОНИШГОҲ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
Санаи 21 июни соли 2022 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи ба ...идома


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат