ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Untitled Document

Сана:2022-08-27боздид:50

ДБССТ: ФИЛИАЛ ВА ЛИТСЕЙИ ДОНИШГОҲ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ПУРРА ОМОДА МЕБОШАНД

ар доираи дастури ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор омодагии Филиал ва Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд ба соли нави таҳсил аз ҷониби гурӯҳи корӣ мавриди санҷиши навбатӣ қарор дода шуд.
Гурӯҳи корӣ зимни боздид аз синфхонаҳои таълимӣ ва лабораторияҳои фаннӣ маълум намуд, ки муассисаҳои мазкур ба соли нави таҳсил пурра омода мебошанд.
Ҳамзамон, зимни ҷаласаи корӣ бо омӯзгорон ва кормандони Филиал ва Литсейи болозикр масъалаҳо вобаста ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти фаъолияти илмӣ-инноватсинӣ, тарбиявӣ, дар доираи шартномаҳои амалкунанда бо шарикони хориҷӣ дарёфти роҳу усулҳои нави ҳамкорӣ ва вусъати корҳои ободонӣ баррасӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки бобати иҷрои дастуру супоришҳои ректори Донишгоҳ вобаста ба рушди самтҳои мухталифи фаъолияти муассисаҳои мазкур аз 28 июли соли 2022, Нақшаи чорабиниҳои бартараф намудани камбудиҳо аз ҷониби масъулин таҳия ва тасдиқ гардида буд, ки айни замон беш аз 80% корҳо иҷро гардидаанд.

СУРАТГУЗОРИШ
Хабарҳо
Единство – залог мира и процветания
Совсем скоро славный народ Таджикистана отмечает 2 ...идома
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН- КАФИЛИ ВАҲДАТУ ПОБАРҶОИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз, дӯстони арҷманд! Ҳамагон хуб медонем, ки дар ...идома
ДАСТОВАРДЕ, КИ ОНРО ҲИФЗ МЕБОЯД
Таманниёти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, докто ...идома


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат