ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Untitled Document

Сана:2022-08-30боздид:65

ДБССТ: ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ ДАР ДОИРАИ ОМОДАГИҲО БА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

30 августи соли 2022 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ҷаласаи васеи Шӯрои олимони Донишгоҳ баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовинони ректор, директорони Филиалҳои Донишгоҳ аз вилоятҳои Хатлону Суғд, и.в. директори Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд, и.в. директори Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант, сардорони раёсату шӯъбаҳо, бахшҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва ҳайати бисёрнафараи профессорӣ-омӯзгории Донишгоҳ иштироки фаъол намуданд.
Ректори Донишгоҳ, зимнан ҳозиринро ба оғози соли нави таҳсил ва ҷашни пурифтихори 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз муваффақиятҳои бадастовардаи коллективи меҳнатӣ дар замони соҳибистиқлолии кишвар ёдовар гардид ва саҳми устодони донишгоҳро дар ин раванд бориз арзёбӣ намуд.
Дар баробари ин, ректори донишгоҳ иброз доштанд, ки новобаста аз муваффақиятҳои бадастомада дар ҳоли расидан ба дастовардҳои аз ин ҳам бештар моро зарур аст, ки дар доираи роҳнамоиҳои ояндасози Пешвои муаззами миллат ва сиёсати маорифпарваронаи эшон Нақша ва барномаҳои замонавиро таҳия ва тасдиқ намуда, омодасозии мутахассисони ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнатро тибқи онҳо роҳандозӣ намоем.
Қабл аз ҳама ректори донишгоҳ ба масъалаи бозбинӣ намудани Нақшаи дурнамои донишгоҳ барои давраи то соли 2030 ба тамоми роҳбарони воҳидҳои сохторӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Зимни баромади хеш ректори донишгоҳ татбиқи амалии қонунҳо, низомномаҳо, стратегияҳо ва Барномаҳои марбут ба соҳаи илму маорифро дар муассисаи таълимӣ муҳим ва зарур арзёбӣ намуда, ба масъулини сохторҳои донишгоҳ ҷиҳати иҷрои босифати корҳо дар ин самт маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуданд.
Бо такя ба таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар ва бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва омодасозии мутахассисони варзидаи соҳаи мазкур, ректори Донишгоҳ дар амри баланд бардоштани сифати таҳсилот, истифодаи усулҳои фаъоли таълим ва татбиқи лоиҳаҳои мухталифи соҳавиро баҳри ҷиҳозонидани муассисаҳои зертобеи Донишгоҳ бо таҷҳизоти наву замонавӣ ба мақсад мувофиқ арзёбӣ намуданд.
Сипас, тибқи рӯзномаи ҷаласа гузориши роҳбарони воҳидҳои сохторӣ "Дар бораи омодагии Донишгоҳ ва сохторҳои зертобеи он ба соли нави таҳсили 2022-2023" шунида шуд.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон профессор Асрорзода Убайдулло Саттор ба истифодаи самараноки захираҳои молиявии муассиса дахл намуда, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии кормандону донишҷӯёни донишгоҳ ва филиалу литсейҳои онро дар вилоятҳои Хатлону Суғд яке аз роҳҳои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда иброз доштанд.
Вобаста ба ин, Роҳбари муассиса ба масъулини раёсати молия ва ҳисобдории Донишгоҳ дастур доданд, ки шурӯъ аз моҳи сентябри соли равон музди меҳнати омӯзгорони Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд ва Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Леваканти Донишгоҳ ба андозаи 50% зиёд карда шавад.
Ҳамзамон, дастур дода шуд, ки музди меҳнати омӯзгороне, ки дар гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони англисӣ дарс мегӯянд 100% ва музди меҳнати омӯзгороне, ки дар гурӯҳҳои таҳсилашон бо забони русӣ дарс мегӯянд аз 30% то 50% шурӯъ аз оғози соли нави таҳсил баланд бардошта шавад.
Зимни баромади хеш ректори Донишгоҳ ба масъалаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ изҳори назар намуда, дастгирии олимони ҷавон ва ҳавасманд намудани онҳоро дар раванди ҳимояи рисолаҳои илмиашон бо мақсади таъмини муассиса ва филиалҳои зертобеи он бо устодони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ зарур ва муҳим баён доштанд.
Ба масъулини Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант ва Литсейи касбии хизмати шаҳри Хуҷанд-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дастур дода шуд, ки дар доираи иҷрои Барномаи давлатии "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" моҳи октябр дар вилояти Хатлон ва моҳи ноябр дар вилояти Суғд озмуни минтақавии хонандагони синфҳои 9-11-и МТИК ва МТМУ-ро барои дарёфти "Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон" баргузор намоянд.
Ҳамзамон, тибқи пешниҳоди ректори Донишгоҳ, ба ғолибони ҷойи аввали озмуни мазкур 5000 сомонӣ, ҷойи дуюм 2000 сомонӣ ва ҷойи сеюм 1000 сомонӣ маблағи ҳавасмандӣ муқаррар карда шуд.
Аз ҷониби роҳбари муассиса масъалаи ба курсҳои забономӯзӣ фаро гирифтани устодону донишҷӯён ва магистрантони донишгоҳ, сафарбар намудани устодон ба курсҳои такмили ихтисос дар дохил ва хориҷи кишвар, истифодаи таҷрибаи кормандони собиқадори донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар робита ба афзоишу густариши робита ба кишварҳои хориҷи дуру наздик ва зиёд шудани теъдоди муҳассилини хориҷии донишгоҳ, роҳбари муассиса ташкил намудани курси омӯзиши забони давлатиро дар Маркази забономӯзии донишгоҳ бо мақсад мувофиқ шумориданд.
Дар фарҷоми ҷаласа қарорҳои дахлдор вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида аз ҷониби аъзои Шӯрои олимони Донишгоҳ қабул гардид...
ш. Душанбе, ДБССТ, 30.08.2022

СУРАТГУЗОРИШ
Хабарҳо
Единство – залог мира и процветания
Совсем скоро славный народ Таджикистана отмечает 2 ...идома
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН- КАФИЛИ ВАҲДАТУ ПОБАРҶОИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз, дӯстони арҷманд! Ҳамагон хуб медонем, ки дар ...идома
ДАСТОВАРДЕ, КИ ОНРО ҲИФЗ МЕБОЯД
Таманниёти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, докто ...идома


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат