ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Untitled Document

Сана:2022-09-01боздид:61

ПАЁМИ ШОДБОШИИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ

Раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо истифода аз фурсати муносиб кулли кормандони соҳаи маорифи мамлакат, бахусус омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён ва магистрантону докторантонро ба фарорасии Рӯзи дониш-Дарси сулҳ самимона шодбош гуфта, барояшон дар фатҳи қуллаҳои баланди илму дониш муваффақиятҳо таманно доранд.
Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар кишвари соҳибистиқлоли мо ҳамчун рамзи эҳтирому арҷгузорӣ ба илму дониш ва хираду маърифат буда, боиси ифтихор аст, ки ҳамасола бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашн гирифта мешавад.
Маврид ба таъкид аст, ки мафҳуми дониш барои мо аз гузашта то имрӯз як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ба ҳисоб меравад. Ниёгони гузаштаамон донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм дониста, таъкид намудаанд, ки:
Пояи давлат набошад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.
Воқеан, доштани донишу хирад, ақлу заковат мояи ифтихору шараф ва сарфарозии ҳар як инсон мебошад. Маҳз тавассути илму маърифат бузургонамон бо осори оламшумул ҷаҳонро тасхир намудаанд. Имрӯз моро лозим аст, ки ҳарчӣ бештар ба илму дониш рӯ орем ва осори ниёгонро бегазанд ба наслҳои оянда мерос гузорем.
Маъмулан, рӯзи аввали соли таҳсил ҳамеша барои мардуми азизи мо, аз ҷумла устодону донишҷӯёни донишгоҳ рӯзи фараҳафзову шодӣ, орзуву ниятҳои нек аст, зеро зиндагӣ худ аз донишу ҳунар рангу тобиши тоза мегирад.
Боиси фараҳмандист, ки имсол Рӯзи дониш дар арафаи ҷашни пуршукӯҳи миллӣ - 31-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад. Воқеан ҳам, дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф рушд карда, биноҳои наву замонавӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Аз ҷумла, ҳамаи мо шоҳид будем, ки 1-уми сентябри соли 2021 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо қадамҳои файзбор ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон - кохи илму маърифат ташриф оварда, ду бинои нави таълимиро ба истифода доданд.
Ҳар ду бино, ки яке 5 ва дигаре 3-ошёна мебошанд, ба истиқболи 30-солагии Истиқлоляти давлатӣ дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд шуданд. Дар биноҳои нави муассиса 48 синфхонаи таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ, 8 озмоишгоҳ, аз ҷумла, ташхисгоҳи гумрукӣ, синфхонаи таълимии фанни муҳосибот, интелекти сунъӣ, меҳмонхонаи таълимӣ, сайёҳӣ, сайёҳии кӯҳӣ, бонки таълимӣ ва синфхонаи лингофонӣ мавҷуд мебошанд. Ҳамчунин, иншооти нав дорои китобхона бо 92 ҳазор нусха китоби чопӣ, 941 ҳазор нусха китоби электронӣ ва толори фарҳангӣ барои беш аз 600 ҷойи нишаст мебошад.
Раёсати донишгоҳ аз қудуми мубораки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихорманд гаштанд.
Зимнан, зери дастуру ҳидоятҳои Пешвои маҳбуби миллат фаъолияти хешро боз ҳам беҳтар ба роҳ монда, ҷиҳати расидан ба нақшаҳои гузошташуда дар самти таълиму тарбия, махсусан, омода намудани кадрҳои соҳаи сайёҳӣ дар сатҳи байнамилалӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд.
Ҳамчунин, дар самти ободониву созандагии Ватани маҳбубамон ҳама дастаҷамъона ҳиссаи муносиб мегузоранд.
Бори дигар Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил муборак!

СУРАТГУЗОРИШ
Хабарҳо
Единство – залог мира и процветания
Совсем скоро славный народ Таджикистана отмечает 2 ...идома
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН- КАФИЛИ ВАҲДАТУ ПОБАРҶОИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз, дӯстони арҷманд! Ҳамагон хуб медонем, ки дар ...идома
ДАСТОВАРДЕ, КИ ОНРО ҲИФЗ МЕБОЯД
Таманниёти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, докто ...идома


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат