ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Untitled Document

Сана:2022-09-01боздид:57

ОҒОЗИ РӮЗИ ДОНИШ ВА ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ ВА СОҲИБКОРИИ ТОҶИКИСТОН

1 сентябри соли 2022 дар саросари кишвари азизамон соли нави таҳсил оғоз гардид, ки онро тамоми муассисаҳои таълимӣ бо Дарси сулҳи Пешвои муаззами миллат оғоз намуданд.
Дар толори бошукуҳу фарҳангии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ тариқи пахши мустақими телевизионӣ тамошои дастаҷамъонаи Дарси сулҳ, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.И.Сино баргузор гардид, ташкил карда шуд.
Дар ҷамъомади мазкур, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷуразода Тоҷиддин ва намояндаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Абдулазиз ширкат варзиданд.
Пас, аз тамошои Дарси сулҳ, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуд, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷуразода Тоҷиддин Паёми шодбошии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бахшида ба оғози соли нави таҳсили 2022-2023 ба омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагон расонид.
Мавсуф дар бораи дастовардҳои даврони истиқлолият ҳарф зада, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро беназир арзёбӣ кард. Ӯ инчунин қайд кард, ки рушди сайёҳӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос дар ин самт ба пешрафти иқтисоди миллии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳонро ба мамлакат зиёд менамояд ва барои таъсиси ҷойҳои корӣ имкони бештар фароҳам меорад.
Қайд гардид, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи сайёҳиро яке аз соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ҳисобида, ба хотири муҳайё кардани шароити муосири таълимӣ барои тарбияи кадрҳо пойгоҳи замонавии таълимро маҳз дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бунёд намудаанд.
Сипас, намояндаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Абдулазиз ба сухан баромада, ҳозиринро ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик намуд.
Муовини аввали ректори ДБССТ Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович зимни баромади хеш паёми шодбошии ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ қироат намуда, бо боварӣ изҳор дошт, ки ҳайати омӯзгорону профессорон ва кормандони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар роҳи амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, бахусус, амалисозии Барнома ва Стратегияҳои даалатӣ тамоми ҷидду ҷаҳд ва донишу малакаи касбии хешро ба харҷ медиҳанд.
ш.Душанбе, ДБССТ, 01.09.2022

СУРАТГУЗОРИШ
Хабарҳо
Единство – залог мира и процветания
Совсем скоро славный народ Таджикистана отмечает 2 ...идома
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН- КАФИЛИ ВАҲДАТУ ПОБАРҶОИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз, дӯстони арҷманд! Ҳамагон хуб медонем, ки дар ...идома
ДАСТОВАРДЕ, КИ ОНРО ҲИФЗ МЕБОЯД
Таманниёти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, докто ...идома


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат