ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Untitled Document

Сана:2022-04-30боздид:41

КОНВЕНСИЯИ СММ БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

Конвенсия воситаи муҳими ҳуқуқи байналмилалӣ дар мубориза бар зидди коррупсия буда, дар он дарҷ шудааст, ки корупсия ба инкишофи кишварҳо зарар ва ба демократия ва реҷаи давлати ҳуқуқбунёд таҳдид менамояд.
Бо ташаббуси СММ 9 декабр ҳамчун рўзи байналмилалии мубориза ба коррупсия аз соли 2004 ҳамасола қайд карда шудаистодааст. Ҳамчун рўзи байналмилалии мубориза ба коррупсия бо резолютсияи №A/RES/58/ Ассамблеяи Генералии СММ аз 21 ноябри соли 2003 эълон карда шудааст. Дар ҳамин рўз дар шаҳри Меридаи Мексика Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия барои имзо таҳия карда шуд.
Конвенсияи мазкур давлатҳои ба он ҳамроҳшударо уҳдадор менамояд, ки порагирӣ, дуздии маблаѓҳои буҷетӣ ва шусутушўи даромадҳои коррупсиониро ҷиноят эълон намоянд. Мувофиқи яке аз бандҳои Конвенсия маблаѓҳои бо роҳи коррупсия ба даст омада бояд ба ҳамон давлате баргардонида шаванд, ки дар натиҷаи коррупсия ба даст омадаанд.
Коррупсия – ҳодисаи мураккаби иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ буда, дар ин ё он сатҳ ба ҳамаи давлатҳо новобаста аз дараҷаи инкишофашон дахл дорад. Коррупсия рушди иқтисодиро суст намуда, асосҳои давлатдориро вайрон мекунад. Ягон давлат, минтақа ё ҷомеа маснуият аз коррупсия надорад.
Мувофиқи маълумотҳои СММ ҳаҷми солонаи порагирӣ дар ҷаҳон зиёда аз як триллион доллар ва зарар бо сабаби фаъолияти коррупсионӣ ба иқтисодиёти ҷаҳон дар ҳаҷми 2,6 триллион доллар мебошад.
Мақсади таъсиси Рўзи байналмилалии мубориза ба коррупсия дуруст дарк намудани масъалаи коррупсия ва нақши Конвенсия дар пешгирӣ ва муқовимат ба он мебошад. Дар резолютсия даъвати қайди васеъ ва ҳамаҷонибаи ин рўз чун қоида, барои чунин рўзҳо ва гузаронидани чорабиниҳои мувофиқ қайд нашудааст.
Дар резолютсияи Ассамблеляи Генералӣ илтимосноама ба котиби Генералии СММ инъикос ёфтааст, ки мувофиқи он ба Раёсати СММ доир ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ (UNODC) супориш дода шудааст, ки нақши котиботи Конференсияи давлатҳо-иштирокчиёни Конвенсияро иҷро намояд. Минбаъд ҳар сол доир ба Рўзи байналмилалии мубориза ба коррупсия директори UNODC бо паём баромад менамояд.
Дар паёми котиби Генералии СММ Пан Ги Мун аз 9 декабри соли 2015 омадааст, ки дар рўзноами нав дар бахши рушди устувор дар давраи то соли 2030 ба нақша гирифта шудааст, ки ба камбаѓалӣ хотима ва барои ҳама шароити арзандаи ҳаётро таъмин намоем, зарурати мубориза ба коррупсия дар ҳамаи самтҳо эътироф ва даъват ба камтар намудани мавҷҳои молиявӣ ва баргардонидани амволи дуздида дарҷ гардидааст.
Рўзҳои байналмилалӣ барои маърифатнокии ҷомеа оид ба масъалаҳои доѓи рўз, чун коррупсия зарур мебошанд. Коррупсия ҷиноят, бадахлоқӣ ва хиёнати сахтарин ба боварии ҷомеа мебошад. Ин дар замони бўҳрон, чун замони мо, ҷинояти сангинтар мебошад, чунки ҷаҳон бемории ҳамагири КОВИД-19-ро аз сар гузаронида истодааст. Чораҳои татбиқшавандаи вобаста ба вирус, имкониятҳои нави суиистеъмолро бинобар назорати суст ва начандон шаффофи истифодаи ѓайримақсадноки воситаҳо ба вуҷуд меоранд, дар ҳолате, ки онҳо барои одамон ниҳоят зарур мебошанд, қайд намудааст, Котиби генералии СММ Антониу Гутерриш.
Дар арафаи Рўзи байналмилалии мубориза ба коррупсия Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат баргузор намудани чорабиниҳои гуногуни машваратию маърифатиро ба нақша гирифтааст. Коллективи донишкада бо сарварии роҳбари муассиса Асрорзода У.С. аз рўзҳои аввалини фаъолият муборизаи беамонро ба ин зуҳуроти номатлуб эълон намуда, барномаю нақша-чорабиниҳои дахлдорро оид ба муқовимат ба коррупсия таҳияю тасдиқ ва роҳандозӣ намуда истодааст.
Дар натиҷаи фаъолияти босамари роҳбарияти донишкада аҳли коллективи донишҷўён ва омўзгорону кормандон низ дар ин самт бетараф набуда, баҳри дар амал татбиқ намудани чорабиниҳои зикршуда кўшишу ѓайрат намуда истодаанд.

Ҷабборов Б.Б. – муовини ректори МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” оид ба корҳои тарбиявӣ
Нодиров Ф.М. -дотсенти кафедраи кафедраи фаъолияти гумрукӣ ва ҳуқуқи МД “Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон”



СУРАТГУЗОРИШ
Хабарҳо
Аъзоёни фаъоли китобхона қадрдони карда шуданд
Дар доираи Нақша чорабиниҳои Китобхонаи илмӣ-электронии Донишгоҳи ...идома
ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ - ВАБОИ АСР.
Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифродгароӣ ...идома
Шукри истиқлол бояд намуд!
Мо ҷавонони насли истиқлол шод аз он ҳастем, ки дар кишвари тинҷу ором ва дар фазои сулҳу ...идома
ДБССТ: 2-ЮМИН ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДОНИШҶӮЁНРО БО ҲАМ ОВАРД
Дар доираи татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори су ...идома
ШОМИ ДӮСТӢ ДАР ДБССТ!
Дар доираи баргузории 2-юмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои д ...идома
ТАҶЛИЛИ ИДИ ҒАЛАБА ДАР ДБССТ
7 майи соли 2022 дар толори фарҳангии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷ ...идома


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат