ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Untitled Document

Сана:2022-05-05боздид:31

НАЗАРЕ БА РЎЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КИТОБ ВА ҲУҚУҚИ МУАЛЛИФ

Китоб на танҳо сарчашмаи дониш, балки воситаи муҳими тарбияи маънавии инсон аст.
Эмомалӣ Раҳмон


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидоӣ ба даст оврдани Истиқлоли давлатӣ ба масъалаи китобу китобхонӣ ва ҳуқуқи муаллиф таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Муҳимтарин дастоварди замони муосир дар ин самт сохтмон ва ба истифода додани бинои нави Китобхонаи миллӣ дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе мебошад, ки дар он бештар аз 10 миллион нусха китоб вуҷуд дорад. Маҳз дар толорҳои замонавии ин махзани илму маърифат чорабиниҳои гуногун, аз қабили намоиши байналмилалии китоб ва таҷлили Рӯзи китоб баргузор мегардад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», нашри силсилакитоби «Ахтарони адаб» иборат аз панҷоҳ ҷилд, ба ҳар як оилаи кишвар ба таври ройгон дастрас гардидани шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявии вобаста ба китобу китобхонӣ баргузор шуда истодааст.
Дар Паёми Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз 21 декабри соли 2021 қайд шудааст, ки «… ҳадафи мо аз баргузории озмунҳои «Илм–фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон–Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаву озмунҳои гуногун тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ, ҳисси ифтихор аз таъриху тамаддуни бостонии халқамон, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии мардум, қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, тақвияти завқи зебоипарастии онҳо ва пайдо кардани истеъдодҳои нодир аз байни наслҳои ояндасоз мебошад».
Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбари Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бахшида, ба Рўзи умуиҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллиф чорабиниҳои гуногуни илмӣ, маънавӣ, фарҳангӣ, намоиши китобҳои нав баргузор гардид.
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон низ бо заҳмату талошҳои шабонарузии роҳбари ҷавону кордон ва пиёдакунандаи асили сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар як муддати кутоҳ ҷаҳиши бесобиқа, аз ҷумла дар бахши китобдорӣ анҷом дода шуд. Дар ин ҷо сухан дар бораи толори барҳаво ва муссафои Китобхонаи илмӣ-электронии Донишгоҳ меравад, ки барои зиёда аз 180 нафар хонанда дар як вақт ҷойи нишаст ва қироатхона дорад.
Дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, санаи 23 апрели соли 2022 бахшида, ба Рўзи байналмилалии китоб дар доираи нақша чорабиниҳои Китобхонаи илмӣ-электронии Донишгоҳ ва дар ҳамкори бо факултети гумрук ва ҳуқуқи иқтисодӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати омўзгорону профессорон, донишҷўёну магистрантон иштирок намуданд.
Ҳамин тариқ, таҷлили Рўзи байналмилалии китоб ва ҳуқуқи муаллиф дар кишвари мо низ ба ҳайси воситаи муҳими тарғиби китоб ва ба ҳамин васила ҷалб намудани қишрҳои гуногуни ҷомеа ба китобхонӣ нигаронида шудааст.
23 апрел ҳамчун рўзи рамзӣ ва санаи муҳими адабиёти ҷаҳон ҳисобида мешавад, чунки маҳз дар ҳамин рўз соли 1616 нависандагони машҳури ҷаҳон чун Сервантес, Шекспир ва Инка Гарсиласо де ла Вега ҷаҳонро падруд ва дар ҳамин рўз муаллифони машҳур чун Морис Дрюон, X. Лакснесс, Владимир Набоков, Дж. Пла ва Мануэль Мехиа Валехо таваллуд шудаанд.
Конференсияи генералии ЮНЕСКО соли 1995 дар Пориж қарор кард, ки ба хотири қадршиносӣ ба китоб ва муаллифон ҳамин санаро Рўзи китоб ва муаллиф эълон намояд. Ин созмони умумиҷаҳонӣ ба ҳама мардуми ҷаҳон ва хусусан ҷавонон муроҷиат намуда, қайд кард, ки аз хондани китоб баҳравар ва меҳнати онҳоеро, ки ба рушди иҷтимоию фарҳангии ҷомеа таъсири мустақим расонидаанд, арҷ гузоранд.
Ҳамин тариқ, конференсия Рўзи байналмилалии китоб ва ҳуқуқи муаллиф ва Мукофоти ЮНЕСКО-ро барои тарғиби ғояҳои таҳамулпазирӣ дар адабиёти бачагона ва ҷавонон таъсис дод.
Анъанаи ҷашнгирии Рўзи китобдар Каталония ба вуҷуд омада аст, ки барои ҳар як китоби харидашуда як дона гули лола туҳфа карда мешуд.
Рўзи байналмилалии китобро муаллифон, ноширон, муаллимон, китобдорон ва ҳамаи онҳое, ки ба фаъолияти китобдорӣ машғуланд, ҳамчун рўзи иди худ меҳисобанд.
Ҷорӣ намудани рамзи байналмилалии ҳуқуқи муаллиф-©- муҳимтарин дастоварди ин соҳаи ҳуқуқ буда, соли 1952 дар конфронси ЮНЕСКО бо қабул шудани Конвенсияи умумиҷаҳонӣ дар бораи ҳуқуқи муаллиф тасдиқ карда шуд.
Гарчанде ки Рўзи умумиҷаҳонии китоб аз соли 1996 расман қайд шуда истода бошад ҳам, вале ҳамчун рўзи ид он дар сессияи 28-уми ЮНЕСКО 15 ноябри соли 1995 эълон шуда буд.
Қарори мазкур ба он мақсад қабул шудааст, ки маърифатнокӣ ва рушди анъанаҳои фарҳангӣ ва тарғиби дониш ва нигоҳдории он танҳо тавассути китоб имконпазир аст.
Бинобар ин, дар қарор қайд шудааст, ки дар ин рўз чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва аз ҷумла намоиш ва ярмаркаҳои китоб гузаронида шавад.


Назриева Д.Р. - мудири китобхонаи илмӣ-электронии ДБССТ




СУРАТГУЗОРИШ
Хабарҳо
Аъзоёни фаъоли китобхона қадрдони карда шуданд
Дар доираи Нақша чорабиниҳои Китобхонаи илмӣ-электронии Донишгоҳи ...идома
ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ - ВАБОИ АСР.
Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифродгароӣ ...идома
Шукри истиқлол бояд намуд!
Мо ҷавонони насли истиқлол шод аз он ҳастем, ки дар кишвари тинҷу ором ва дар фазои сулҳу ...идома
ДБССТ: 2-ЮМИН ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДОНИШҶӮЁНРО БО ҲАМ ОВАРД
Дар доираи татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори су ...идома
ШОМИ ДӮСТӢ ДАР ДБССТ!
Дар доираи баргузории 2-юмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои д ...идома
ТАҶЛИЛИ ИДИ ҒАЛАБА ДАР ДБССТ
7 майи соли 2022 дар толори фарҳангии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷ ...идома


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат