ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Untitled Document

Сана:2022-05-07боздид:33

Қаҳрамониҳои фарзандони тоҷик дар муҳорибаи Сталинград (Оғози гардиши куллӣ)

2 феврали соли 1943 дар соҳили дарёи Волга ва Дон торумори қушунҳои Германияи фашистӣ, ин ғалабаи комили Армияи Шӯравӣ ва шикасти минбаъдаи Армияи Германия ба ҳисоб рафта, оғози гардиши куллӣ дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад.
200 - шабу рӯз аз 17 - июли соли 1942 то 2-феврали соли 1943 байни дарёи Волга ва Дон муҳориба барои шаҳри Сталинград идома ёфт. Қушунҳои немиси баъди шикасти худ дар муҳорибаи Москва, қусури худро аз шаҳри соҳили Волга - Сталинград гирифтани шуданд. Аз ин рӯ тобистони соли 1942 Артиши олмони тавонист фронта ҷанубии Армияи Сурхро рахна кунад ва немисҳо бо сурът ба дохили хоки Шӯравӣ ҳаракат кунанд.
Дар фронта Сталинград, беҳтарин лашкаркашони Шӯравӣ аз қабили маршали Иттиҳоди Шӯравӣ С.К. Тимашенко, генерал А.И Еременко, Генерали Армия Н.Ф. Ватутин, генерал Ф.И. Голиков ва аз фронт Дон маршал (аз соли 1944) К.К Рокосовский фармондеҳи мекарданд. Кушунҳои немиси ба ҳар восита мехостанд, ки Сталинградро тобеъ созанд. Армияи 6 А ва 4 - уми танки таҳти роҳбарии маршал фон Паулюс ҳарчи тезтар мехостанд ғалабаро ба фоидаи худ анҷом диҳанд.
Ин буд, ки 18 ноябри соли 1942 давраи мудофиавии муҳорибаи Сталинград ба ҳисоб меравад. Армияи Шӯравӣ дар зарфи чор моҳ қушунҳои немисро сусту заиф гардониданд. Мақсади сарфармондеҳи оли қушунҳои олмониро дар муҳосира гирифтан буд. Нақшаи амалиёти оянда, тамоман махфи нигоҳ дошта мешуд, танҳо И. Сталин, Г. Жуков ва А. Василевский медонистанду халос. Мақсад аз ҳуҷуми ҷавоби, ин пеш аз ҳама зарба задан аз истеҳкомҳои Дон ва назди кулҳои Сарпин ҷанубтари Сталинград, кушуни Гитлерчиён, ки қаноти гуруҳи зарбдори худро ҳимоя мекарданд, торумор гардид.
Дар рафти вусъати ҳуҷум ба суи Калач, Советский қувваҳои асосии фашистоне, ки бевосита дар назди Сталинград амал мекарданд, муҳосира ва нобуд карда шуданд. Тайёри ба ҳуҷуми ҷавоби то миёнаҳои моҳи ноябр анҷом ёфт. Баъди ҳамаи ин таёриҳои зиёд шаби 19 декабри соли 1942 фаро расид. Фармони ҳуҷум ба тамоми фронта Сталинград дода шуд. Қушуни гуруҳҳои зарбдори Шӯравӣ ба маҳалҳои ниҳони баромаданд.
Қушуни немисҳо гумон надошт, ки зарбаи ногаҳони cap мешавад, зеро разведкаи душман вазъи қушуни назди Сталинградро моҳи октябр чунин баҳо дода буд: «Душман ният надорад, ки ояндаи наздик дар фронти Дон ба ҳуҷум гузарад». Аз ин ру армияи Шӯравӣ захираҳои стратегӣ ва шумораи зиёди қушунро пинҳони ҷамъ сохтанд. Шабонгоҳ тумани ғафсе атрофро печонида, барф меборид, ки амалиётро тағир дод. Бо вуҷуди ҳамаи ин мушкилотҳо дар муҳлати муайян шуда ба қушуни фронт сигнали «қу» - дода шуд ва артиллерия оташ кушод. Қушуни Советӣ муқобилияти девонавори гитлерчиёнро бартараф сохта Калачро ба даст дароварданд, дар совхози Советский бо ҳам васл шуда, ҳалқаи муҳосираро баст.
Лашкари Шӯравӣ дар рафти муҳорибаҳо қушуни армияи 6 - умро, ки бештар аз 330 ҳазор аскар дошт, ба муҳосира гирифт. Ставкаи Сарфармондеҳи Оли пешбини карда буд, ки қушунҳои асирафтодаи немиси ният доранд, ки аз ҳалқаи муҳосира бароянд. Ставкаи Сарфармондеҳи Оли амалиёти «Сатурн» - ро салоҳ донист, ки дар Дони Миёна амалиёти ҳуҷумкуниро cap кунанд. Мақсади ин ҳуҷум торумор сохтани армияи 8 - уми Италия ва қушуни дигари душман буд, ки берун аз ҳалқаи муҳосира амал мекарданд.
Чи хеле, ки қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Генерали Армия С.П. Иванов, ки он замон сардори штаби фронти ҷанубу ғарби буд чунин иброз намуд: «Бегоҳи 23 ноябр намояндаи ставкаи ҳайати Сарфармондеҳи Оли генерал А.М. Василевский ба штаби фронти ҷанубу ғарби омад. Мо тамоми шаб нақшаи амалиётро мулоҳиза кардем. 2 декабр баъди тамоман такмил ёфтани нақша ба ман фармон шуд, ки ба Ставка равам. Худи ҳамон рӯз манро И. Сталин қабул кард. Баъди суҳбат аз руи Плани тасдиқшуда Сталин нақшаи «Сатурн» - амалиёти ҳуҷуми фронтро тасдиқ кард».
То ин дам дар назди Сталинград фронти саросари ҳуҷум ташкил шуда буд. Қушунҳои Шӯравӣ то 20 ноябр ҳалқаи муҳосираро танг намуда, хоки ишғолкардаи душманро бештар аз ду баробар кам кард. 12 декабр ҳайати фармондеҳии фашиста мехост, ки бо роҳи зарба задан аз Копелников қушуни ба муҳосира афтодаи худро наҷот диҳад. Вале ҳуҷуми коллонаҳои танкии душман боздошта шуд, баъдан тору мор карда шуданд. Дар ҳамин рузҳо ҳуҷуми қушунҳои Шӯравӣ дар Дони Миёна cap шуд, ки дар рафти ин амалиётҳо Миллирено, Кантамир, Татсин озод гардида, аэродроми душман бо сомолётҳояш ба даст дароварда шуд. Ин ҳолат қушуни немисҳоро маҷбур сохт, ки аз баҳри рахна сохтани муҳосира бароянд. Акнун фронти бештар аз 500 километраи муҳосира ташкил ёфт.
Амалиёти «Ҳалқа» ки аз 10 январ то 2 феврали соли 1943 аз тарафи фронти Дон таҳти роҳбарии генерал К.К. Рокосовский анҷом дода шуд ва марҳилаи охирини муҳосира дар Волга гардид. Баъд аз он ки душман таклифи таслимшавиро рад намуд, қушуни фронт 10 январ ба ҳуҷум гузашт. Пеш аз ҳуҷум артиллерия ба мавқеи душман бо тамом бомбаборон намуд, ки мавқеи мустаҳкам сохтаи душман рахна карда шавад. Бегоҳии 26 январ қисмҳои сафи пеши армияи 21 - ум дар нишебии Мамаев Курган бо армияи 62 - юм, ки аз Сталинград ба суи армияи 21 - ум ҷангкунон меомад, пайваст шуд. Ба ин восита гуруҳи қушуни душман ба ду тақсим карда шуд. Гуруҳи ҷанубии қушуни армиям 6-уми гитлерчиён 31 январ муқобилиятро бас кард ва 2 феврали соли 1943 гуруҳи шимолии он таслим шуд.
Дар муҳорибаи Сталинград фиристодагони сарзамини Тоҷикистон корнамоии зиёд нишон доданд. Фарзандони боору номуси тоҷик Б. Сиддиқов, А. Ҳакимов, Ф. Ниёзӣ, К. Каримов, Н. Мирзоев, М.Муқимӣ, А.Устоев қаҳрамонии аҷдодони гузаштаи худро бори дигар нишон додаанд. Дар муҳорибаи Сталинград калонаи танки «Колхозчии Тоҷикистон» ва «Эскадрелияи колхозчии Тоҷикистон» ба ҷанг даромаданд.
Аз собиқ вилояти Кӯлоб иштирокчиёни муҳорибаи Сталинград Амиралӣ Саидбеков баъдтар унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣро соҳиб шудааст, Малла Саидов, Абдуллоев Дамон, Абиров Ботир, Бобошеров Качкулло, Ғайратов Азизулло, Давлатов Хол, Исоқов Салим, Пиров Аскар, Табаров Шариф, Сафаров Лақай, Акбаров Мустафо, лочини тоҷик аз ноҳияи Муъминобод Ҳикматулло Азимов ва садҳо дигарон буданд, ки барои муҳофизати Ватан ҷони худро дареғ надоштанд.
Дивизияи 61 - уми савораи тоҷик низ дар ҳимояи Сталинград саҳми калон гузоштааст. Аз 19 ноябр ҳуҷуми марговари аскарони Шӯравӣ cap шуд. Танҳо бо дасти ҷанговарони тоҷик 3500 нафар аскар, 8 сомолёт, 40 танк, 46 туп, 40-пулемёт, 300 автомошинаи душман маҳв карда шуд. Барои корнамои дар муҳорибаи Сталинград 527 нафар фиристодагони Тоҷикистон бо ордену медалҳо сарфароз гардидаанд. Дар муҳорибаи Сталинград барои мардонагӣ ва шуҷоати бепоён ба 112 нафар унвони баланди давраи ҷанг Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
Дар муҳорибаи Сталинград то 2,5 млн аскар, 2,5 ҳазор сомолёт, 25 ҳазор туп, иштирок дошт. Қӯшунҳои фашистӣ дар ин муҳориба 1,5 млн аскаро талаф доданд, 3 ҳазор сомолёт нест карда шуд ва 330 ҳазор солдат 2,5 ҳазор офитсер, 24-генерал бо сардории фелдмаршал, фон Паулюс асир афтоданд. Қушунҳои фашистӣ аз 4 як ҳиссаи армияи худро талаф доданд. Ин буд, ки Гитлер дар сарзамини Германия 6 рўз мотам эълон кард. Қўшунҳои Шўравӣ дар рафти амалиёти «Ҳалқа» 5762 туп, 1312 минимёт, 12701 пулемёт, 156987 туфанг, 10722 автомат, 744 тайёра, 2 ҳазор (1666) танк, 261 мошини зиреҳпуш, 80338 мошин, 10679 мототсикл, 240 трактор ва 3 поезди зиреҳпушро ба ғанимат гирифтанд.
Генерал - фелдмаршали армияи 6-А Паулюси асирафтода, баъдтар ин шикастро фалокати гушношунид номид. Иштирокчии дигари походи соҳили Волга генерал Ф.Дерр навишта буд: «Муҳорибаи назди Сталинград барои Германия шикасти вазнинтарини таърихаш ва барои Русия ғалабаи бузургтаринаш буд.»
Сарвари партияи Коммунистии Испания Долорис Ибаррури оид ба муҳорибаи Сталинград овардааст: «Гаронтарин сухан гуфтан барои ман ин дар бораи муҳорибаи Сталинград мебошад.» Шояд вазнинтарин сухан барои муҳорибаи Сталинград дар он бошад, ки писари 22 солаи ин зани муборизи Испания Рубен дар муҳофизати шаҳри Сталинград, ки ба муқобили фашистон меҷангид соли 1942 ба ҳалокат расид. Ба ӯ баъди ҳалокат унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шуд.
Сарвазири Англия У. Черчилл қайд карда буд, ки «Генералҳои фашистии немис қасоси худро аз Артиши Сурх, дар асарҳояшон гирифтан мехоҳанд».
Устод Муъмин Қаноат дар достони «Суруши Сталинград» муҳорибаҳои соҳили Волгаро хело дақиқназарона ба риштаи назм кашидааст. Дар суруши 6 - уми достон оиди қаҳрамонии фарзанди тоҷик Аҳмад Турдиев, ки дар қатори дигар фарзандони сермиллати Шӯравӣ барои муҳофизати «хонаи Павлов» ҳалок гаштааст, чунин илҳом гирифтааст:
Замин оташ,
Ба дарёи дамон оташ,
Ба руи об ҳамчун мавҷи хунине равон оташ,
Ба ҳар хона ба ҷои оташдон дар остон оташ,
Ба ҷои гул
Ба боғу бустон оташ,
хххх
Ба як паймону имонем.
Дар ин ҷо бист ёронем,
Замин гавҳораи тифл асту мо гавҳораҷунбонем,
Гоҳе бо шер, гоҳе бо тир ўро алла мехонем.
Наафтад то ки як муяш, сари як муй ларзонем.

Муҳорибаи Сталинград яке аз калонтарин муҳорибаҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ буд. Дар ин муҳориба натанҳо армияи 6 А - и Германияи Гитлери, балки Армияи 3 А - Руминия ва 8 А - и Италия ба нестӣ расид.
Анҷоми музаффаронаи муҳорибаи назди Сталинград аҳамияти бузурги ҳарбию сиёси дошт. Ин ғалаба ба дигаргунии кулли ҳам дар рафти Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ҳам дар рафти тамоми Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ буд. Баъди муҳорибаи Сталинград барои ҳуҷуми ҳамаҷонибаи Армияи Шӯравӣ ва аз хоки мамлакатамон саросар зада нест кардани истилогарон шароит фароҳам омад. Аҳли тамоми олам ғалабаи назди Сталинградро барҳақ ғалабаи бузургтарини даврон номид. Ин ғалаба музаффарияти азимтарини халқи сермиллати Шӯравӣ гардид.
Корнамои “Хонаи Павлов”- рамзӣ мардонагӣ ва матонатӣ бемислу монанди халқҳои бародари шӯравӣ буд. Дар қатори 18-ҷанговари,ки сардорашон сержант Павлов буд, тоҷикписар Аҳмад Турдиев мардонагӣ зоҳир намудааст. Ин гуруҳи 18-нафара, ки аз шаш халқият иборат буд, муддати 58-рӯз бе хобу истироҳат дар марказӣ шаҳри Сталинград, ки дар системаи мудофиавӣ аҳамияти калон дошт, муҳофизат кардаанд, ки ҳамаи онҳо ҳалок шуданд, вале ба душман таслим нашуданд.

асcистенти кафедраи ҷомеашиносӣ Ҳабибов С.И.



СУРАТГУЗОРИШ
Хабарҳо
Аъзоёни фаъоли китобхона қадрдони карда шуданд
Дар доираи Нақша чорабиниҳои Китобхонаи илмӣ-электронии Донишгоҳи ...идома
ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ - ВАБОИ АСР.
Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифродгароӣ ...идома
Шукри истиқлол бояд намуд!
Мо ҷавонони насли истиқлол шод аз он ҳастем, ки дар кишвари тинҷу ором ва дар фазои сулҳу ...идома
ДБССТ: 2-ЮМИН ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДОНИШҶӮЁНРО БО ҲАМ ОВАРД
Дар доираи татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори су ...идома
ШОМИ ДӮСТӢ ДАР ДБССТ!
Дар доираи баргузории 2-юмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои д ...идома
ТАҶЛИЛИ ИДИ ҒАЛАБА ДАР ДБССТ
7 майи соли 2022 дар толори фарҳангии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷ ...идома


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат