ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Untitled Document

Сана:2022-05-07боздид:32

Қаҳрамонии фиристодагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ бахшида ба 69-умин солгарди Рўзи Ғалаба бар фашизм, 8 майи соли 2014 таъкид кардааст: Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) «зарбаи асосии фашизми гитлерӣ ба муқобили халқҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ равона гардида буд. Аммо дар ҷавоб урдуи фашистӣ ба қаҳрамониҳои беназир, далериву шуҷоатмандӣ ва муборизаи беамони мардумӣ дучор гардида, дар натиҷа дастгоҳи пурқудрати ҳарбии фашизм шикаст хўрд, сулҳу оромӣ дар ҷаҳон таъмин гардид ва роҳи халқҳои гуногуни ҷаҳон ба сўи озодӣ ва зиндагии осудаву созанда кушода шуд.
Дар қатори муборизони ҷабҳаҳои ин ҷанги хонумонсўз садҳо ҳазор фарзандони ватандўсту шуҷои Тоҷикистон низ қаҳрамониву диловариҳои бемисл нишон дода, даҳҳо ҳазор нафарашон ба хотири ҳимояи ояндаи осудаи инсоният ҷони худро қурбон кардаанд.
Мо ҷоннисориҳои ҷанговаронро дар ҷабҳаҳои набарди мардона ва заҳмати шабонарўзии калонсолону модарону хоҳаронро дар ақибгоҳ ҳеҷ гоҳ фаромўш намекунем.
Ҳамаи онҳо дар қалбу хотири халқи мо ҳамчун фарзандони далеру қаҳрамон ба таври ҳамешагӣ маъво гирифтаанд».
Барои муайян намудани пойдории дўстии байни халқу миллатҳои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ, ки Тоҷикистон низ аз ҷумлаи онҳо буд, Ҷанги Бузурги Ватанӣ имтиҳони ҷиддие ба ҳисоб мерафт. Зеро, фишистони Олмон умед доштанд, ки бо зарбаи аввали онҳо Иттифоқи Шўравӣ пароканда мегардад ва забти мулки эшон осон мешавад. Аммо он давр умеди душманон хом баромад. Баръакс, он ҷанг иттифоқи байни халқу миллатҳои собиқ Шўравиро боз ҳам мустаҳкамтар намуд. Маҳз мустаҳкамии иттифоқи байни халқу миллатҳои собиқ шўравӣ яке аз сабабҳои ҳалкунандаи ғалаба аз болои фашистон гардид.
Иттифоқи Шўравӣ, ба ҳамаи норасоиҳояш нигоҳ накарда, амалан оилаи ягонаи халқу миллатҳои сершумори сарзамини собиқ шўроҳо ба ҳисоб мерафт. Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад аъзои комилҳуқуқи ин иттифоқ буд. Аз ин рў ҷумҳурии мо аз рўзҳои аввали ҷанг худро дар ҳолати ҷангӣ ҳисобида, барои мудофиаи Иттифоқи Шўравӣ ҳиссаи сазовори худро гузошт.
Дар Тоҷикистон яке аз иқдомҳои шоёне, ки аз рўзҳои аввали Ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз намуданд, ин барои фронти ҷангӣ сафарбар намудани ҷавонмардон буд. Бо ин масъала дар ҷумҳурӣ аз рўзҳои аввали ҷанг ҳамаи комиссариатҳои ҳарбии 6 вилоят, 67 шаҳрию ноҳиявӣ машғул буданд. Чун тамоми Иттиҳоди Шўравӣ, дар Тоҷикистон ҳам сафи хоҳишмандоне, ки ихтиёрӣ ба фронт рафтан мехостанд, хеле зиёд буданд. Танҳо дар моҳҳои аввали ҷанг ба комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳурӣ қариб 6 ҳазор аризаҳои ихтиёриён омаданд, ки дар онҳо ҷавонмардон хоҳиши ҳар чӣ зудтар барои мудофиаи Ватан, ба фронти ҷангӣ фиристоданро менамуданд. Яке аз чунин ҷавонмардони тоҷик, ҷонишини Комиссариати халқии замин, намояндаи Шўрои Олоии Иттиҳоди Шўравӣ Саидқул Турдиев ба ҳисоб меравад. Танҳо 23 июни соли 1941, яъне дар рўзи дуюми ҷанг, зиёда аз 700 аризаи хоҳишмандони шаҳри Сталинобод (Душанбе), танҳо дар як руз 200 аризаи хоҳишмандони шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) расидааст. То 7 – уми июли соли 1941 ба комиссариати ҳарбии Стилинобод 2503 аризаи ихтиёриён расидааст, ки 745 нафарашон духтарон ва занҳо буданд. Ҳамаи онҳо хоҳиш намудаанд, ки ҳарчи зудтар ба фронти ҷангӣ, барои ҳимояи Ватан фиристанд.
Комиссариатҳои ҳарбии ҷумҳурӣ на танҳо бо корҳои сафарбаркунии ҷавонмардон машғул буданд, балки онҳо кўшиш мекарданд, ки фронтро бо кадрҳои ихтисоснок таъмин намоянд. Бо ҳамин мақсад дар назди баъзе комиссариатҳои харбӣ нуқтаҳои таълимӣ ташкил карда шуданд, ки онҳо ба ҷавонмардони тоҷикистонӣ ихтисосҳои гуногуни ҳарбиро меомўзониданд. Умуман, солҳои ҷанг дар чунин нуқтаҳои ҷумҳуриаамон 35838 нафар таълим гирифтанд, ки 6300 нафарашон пулемётчӣ, 2750 нафарашон миномётчӣ, 3875 нафарашон нишонгирандагони танк, 5825 нафарашон автоматчиҳо, 1340 нафарашон нишонзанҳои моҳир – снайперистҳо, 5428 нафарашон нишонгирандагон дар шароити кўҳсор ва ғайраҳо буданд. Ин далелҳо гувоҳи он аст, ки ҷумҳурии мо ҳам қисман фронти ҷангиро бо мутахассисони моҳир таъмин менамуд.
Дар асоси қарори Кумитаи Давлатии Мудофиа аз 17 сентябри соли 1941 дар тамоми ҳудуди Иттиҳоди Шўравӣ таълими умумии ҳарбӣ, ки «всеобуч» меномиданд, ҷорӣ карда шуд. Он ҳамаи ҷавонмардони синнашон аз 16 то 50 соларо дар бар мегирифт. Дар Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 1941 то августи соли 1942 ҳамагӣ 177.685 нафар аз таълими умумии ҳарбӣ гузаштаанд.
Ин чорабиниҳо ҳама дар замоне мегузашт, ки дар ҷумҳурӣ сафарбаркунии умумии ҳарбӣ барои фронти ҷангӣ давом дошт. Тоҷикистон дар солҳои ҷанг ба миқдори умумӣ 253.957 нафар фарзандони солиму бардами худро фиристод. Аз ин миқдор 209 ҳазор нафарашон дар фронтҳои ҷангӣ, аз ҷумла 175648 нафарашон дар сафҳои аскарони Шўравӣ даъват шудаанд. Онҳое, ки синнашон барои хизмат дар сафи аскарони сурх номувофиқ ҳисобида шуд, ин миқдор 44. 957 нафар (асосан калонсолон), барои кор дар саноати ҳарбии мамлакат, ки дар қисмҳои марказӣ ва Сибир фаъолият мекарданд, сафарбар шуда буданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба госпиталҳои Ҷумҳурӣ қариб 28 – ҳазор нафар захмдорон оварда шудаанд, ки аз ин миқдор қариб 25 – ҳазор нафарашон табобат ёфта, боз ба фронти ҷангӣ рафтаанд. Аз фиристодагони Тоҷикистон 58 ҳазор нафарашон дар амалиётҳои ҷангӣ мардонигию шуҷоати зиёд нишон дода, сазовори ордену медалҳои давлатӣ гардиданд. 55 нафар фиристодагони Тоҷикистон ба унвони аз ҳама баланди ҷангӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ сазовор шуданд. Бо сабаби он, ки дар ҷумҳурии мо низ халқу миллатҳои гуногун бародарвор мезистанд ва ҳанўз ҳам зиндагӣ доранд, аз ин рў шахсони сазовори танҳо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ шуда, намояндагони 9 миллат мебошанд. Аз ҷумла: тоҷикон – 12 нафар , русҳо - 29 нафар, ўзбекҳо - 5 нафар, украинҳо – 4 нафар, тоторҳо, арманиҳо, осетинҳо, чечинҳо ва булғорҳо як нафариро ташкил мекунад. Инчунин, боз 19 нафар аз фиристодагони Тоҷикитсон бо ҳар се дараҷаи ордени Шараф сазовор шудаанд, ки онҳо ҳам дар қатори Қаҳрамонони Иттиҳоди Шўравӣ мебошанд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷавонписарони тоҷикистонӣ дар тамоми амалиётҳои ҷангӣ, аз мудофиаи қаҳрамононаи қалъаи Брест сар карда, то забти пойтахти фашистони Олмон – шаҳри Берлин иштирок намудаанд. Аз ҷумла, пулемётчӣ Акбар Маҳмудов, ки дар қалъаи Брест хизмат мекард, ҳанўз 23 июни соли 1941 бо ҳамроҳонаш ба ҷанг даромада, қаҳрамонона ҳалок гардидааст.
Дар муҳорибаи Брест, дар баробари Акбар Маҳмудови конибодомӣ, боз А.Абдувалиеви хуҷандӣ, О.Раҳимови ҳисорӣ ва дигарон мардонагӣ нишон доданд. Ҳамон рўз тўпчӣ Г.Нуровӣ заҳматободӣ дар муҳорибаи соҳили дарёи Прут танки душманро аз кор баровард. Дар задухўрди назди Масква Б.Искандаров, Х.Ҷўраев, М.Маҳкамов, А.Очилов, И.Обидов, Н.Юнусов, А.В.Редин ва дигарон иштирок намудаанд. А.Турдиев, А.Раҳимов, Ш.Аҳмадҷонов, Г.Рашидов, А.Ҳоҷибоев, В.Павлов, К.Назаров ва дигарон иштирокчиёни фаъоли муҳорибаи Сталинград мебошанд. Аз ҷумла, Аҳмад Турдиеви тоҷик дар қатори намояндагони 8 миллатҳои шўравӣ қариб ду моҳ, «хонаи Павлов» - и Сталинградро аз душман мудофиа намудааст.
Дар мудофиаи Ленинград, бародарон Бадриддин, Зайниддин ва Муҳаммад Осимовҳо, А.Юқубов, О.Собольев, И.Семаков ва дигарон иштирок намудаанд. И.Семаков дар амалиётҳои ҷангии ҳамин самт шуҷоат нишон дода, сазовори ордени Шараф, дараҷаи 3-юм шуд. Минбаъд ў ба гирифтани ҳар се дараҷаи ин орден мушарраф гардид.
Пўшида нест, ки муҳарибаи Курск яке аз муҳорибаҳои бузургтарини танкии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад. Зеро, фашистони немис, баъди шикастхўрӣ дар муҳорибаи Сталинград, ният доштанд, ки дар муҳорибаи навбатӣ аз болои аскарони шўравӣ ғалаба ба даст дароранд. Бо ҳамин мақсад онҳо дар ин муҳориба танкҳои нави «Паланг», «Бабр», самалётҳои қиркунандаи «Фоке - Вулф» ва ғайраро истифода бурданд.
Аз 5 то 7 –ми июли соли 1943 Ҳодӣ Кунҷаеви қистакўзӣ (ноҳияи Хуҷанд) дар ҳамин муҳориба иштирок намудааст. Ў соли 1914 ба дунё омада, Донишкадаи муаллимтайёркунии Тошкандро хатм кардааст. Соли 1937 фаъолияти омўзгориро дар Омўзишгоҳи педагогии ш.Қўрғонтеппа оғоз намуд. Октябри соли 1938 ўро ба хизмати ҳарбӣ даъват кардаанд. Дар оғози хизмати ҳарбӣ мактаби ҳарбиро низ хатм намуда, командири хурд-сержант гардид.
Полке, ки дар он Ҳодӣ Кенҷаев хизмат мекард, дар наздикии ш.Лвов ҷойгир буд, бинобар ин онҳо аз рўзҳои аввали ҷанг ба душман муқобилият нишон доданд. Ҳодӣ Кенҷаев аллакай дар ҳамин муҳориба шуҷоат нишон дода, аввалин мукофоти давлатӣ-медали «Барои Шуҷоат» мукофотонида шуд. Ҳангоми муҳорибаи танкии назди Курск Ҳодӣ Кенҷаев дар батарейяи якуми полки 1117-уми зиддитанкии тўпчиён хизмат мекард. Дар гурўҳи ҳафтнафараи тўпчиёни Ҳодӣ Кенҷаев намояндагони 5 миллат: 3 нафар русҳо, 1 нафари – украин, чуваш, қазоқ ва тоҷик, яъне Ҳодӣ Кенҷаев буданд.
Батареяи сержанти калон Ҳодӣ Кенҷаев дар наздикии деҳаи Покровкаи вилояти Курск, дар майдони васеъ ҷойгир буд. Баъди майдон, дар баландӣ деҳае буд, ки онро фашистони немис дар ихтиёри худ нигоҳ медоштанд. Онҳо, аз ҷумла дар ҳамин деҳа низ, танку тўпҳои зиёдро ҷамъ намуда, ба ҳуҷуми қатъи омодагӣ медиданд. 5-ми июл фашистон ҳуҷумро бо бомбаборон кардани мавқеи аскарони сурх сар карданд. Баъди он танкҳои зиёди фашистон ба ҳуҷум гузаштанд. Тўпи Ҳодӣ Кенҷаев дар ин ҷанг ду танк ва як мошини зиреҳпўши душманро аз кор баровард. Ҳуҷуми он рўзаи фашистон барояшон барор нагирифт. 7 июл фашистон бо қувваи боз ҳам зиёд ба ҳуҷум гузаштанд. Баъди бомбаборони сахти душман, ба сўи батереяи Ҳодӣ Кенҷаев зиёда аз 20 танкҳои фашистон ҳаракат карданд. Ҷанги сахт ба амал омад. Аз шарикони Ҳодӣ Кенҷаев Самойлови рус ва Пройдонови украин ҳалок гардиданд. Дигарон сахт захмӣ шуданд. Ҳодӣ Кенҷаев танҳо монда бошад ҳам, аз назди тўпи худ дур нашуда, ба сўи душман оташ мекушод. Ў ҳарчанд аз се ҷойи баданаш, дар натиҷаи таркидани тири тўп захмӣ шуда буд, аз тўпи худ ба сўи душман тир мекушод. Баъди он, ки тўпи Ҳодӣ Кенҷаев аз кор баромад, ў бо аслиҳои танкзан ба сўи фашистон тир кушода, дар як рўз 8 танк, аз ҷумла 4 танки нави душман – «Паланг»-ро нест кард. Дар натиҷа ин ҳуҷуми фашистон низ бо шикастхўрӣ анҷом ёфт.
Вақте, ки Ҳодӣ Кенҷаев ба нўқтаи тиббӣ (санбат) мерафт, чашмаш ба тўпчии захмӣ Дегтарёв афтод. Ҳодӣ Кенҷаев ба захмӣ будани худ эътибор надода, Дегтарёвро ба китфи худ гузошта, қариб 2км гаваккашон, то ба нуқтаи тиббӣ расиданд. 21 сентябри соли 1943 шуҷоатҳои Ҳодӣ Кенҷаевро ба инобат гирифта, ўро бо унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ сарфароз намуданд. Баъди ҷанг Ҳодӣ Кенҷаев то охири умр (соли 1992) ба халқи худ содиқона хизмат намуд.
Тоҷикписари дигаре, ки дар муҳорибаи танкии назди Курск қаҳрамонӣ нишон додааст, Исмоил Ҳамзааливи хуҷандӣ мебошад. Ў соли 1921 дар деҳаи Самғори ноҳияи Хуҷанд (он вақт Ленинобод) ба дунё омада, аз ҷавонӣ дар колхози ба номи Карл Маркс ҳамчун колхозчӣ кор кардааст. Баъди хатми омўзишгоҳ ба сифати омўзгори фанни риёзиёт ба кор шурўъ намуд. Бо ҳамин сабабҳо Исмоил Ҳамзаалиев дар ҳуҷҷатҳо баъзан «колхозчӣ» ва баъзан «омўзгор» ном бурда мешавад.
Исмоил Ҳамзаалиев соли 1941 яке аз он нафароне буд, ки ихтиёран ба фронти ҷангӣ рафтааст. Дар муҳорибаҳои сахти Сталинград ва Ростов иштирок намуд. Сержанти хурд Исмоил Ҳамзаалиев дар муҳорибаи танкии Курск ҳамчун командири батареяи тўпҳои зидди танкии 79-уми бригадаи танкӣ, ки ба фронти Мароказӣ шомил буд, меҷангид. Дар ин самт ҳам ҷанги сахт 5-ми июли соли 1943 сар шуд. Вазифаи батареяи Исмоил Ҳамзаалиев муҳофизат намудани баландии беном, ки дар шимолии деҳаи Молотичӣ буд, ба ҳисоб мерафт. Фашистон дар ин рўз борҳо ба ҳуҷум гузашта, баландиро бомбаборон кардаанд ва аз тўпҳои дурзан ба нишон мегирифтанд. Вале онҳо, дар натиҷаи ҳуҷумҳои сахти ҷавобӣ, баландии беномро ба даст дароварда натавонистанд.
8 июл ҳангоми ҷанги сахт Исмоил Ҳамзаалиев худаш нишонгири тўпи танкзанро, ки сахт захмӣ шуда буд, иваз кард. Аз тирҳои паррондаи ў танкҳои душман паси ҳам оташ гирифта, аз ҳаракат мемонданд. Дар натиҷа, ҳуҷуми имрўзаи душман ҳам барояш бебарор анҷом ёфт. Рўзи 9 июл ҳам муқовимати тарафайн давом кард.
10 июл фашистон бо қувваи нисбатан зиёд ба ҳуҷум гузашта, мехостанд, ҳарчӣ зудтар баландиро ба даст дароранд. Бинобар ин муҳорибаи шадиде ба амал омад. Рафиқони Исмоил Ҳамзаалиев ҳама ҳалок гардиданд. Ў танҳо монда бошад ҳам, аммо тўпи вай ҳамоно ба сўи душман тир мекушод. Вақте, ки тўпи Исмоил Ҳамзаалиев аз кор баромад, ў тўпи дигарро, ки ҷанговаронаш ҳама ҳалок шуда буданд, ба кор даровард. Ҳарчанд аз сари синааш захмӣ шуда бошад ҳам, ў боз ду танки фашистонро нобуд кард. Дар ин самт ҳам фашистон шикаст хўрданд.
Баъди муҳориба Исмоил Ҳамзаалиеви маҷрўҳ ва беҳушро ба госпитали саҳроӣ оварданд. Аммо Исмоил Ҳамзаалиев ба ҳуш наомада, аз захми тир 16 августи соли 1943 ҳалок гардид. 8-ми сентябри соли 1943 Исмоил Ҳамзаалиев барои мардонгиҳояш дар майдони ҷанг сазовори унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ гардид.
Бояд қайд намуд, ки Ҳодӣ Кенҷаев ва Исмоил Ҳамзаалиев дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷумлаи тоҷикписарон аввалин шуда ба гирифтани ин ном мушарраф шудаанд.
Сентябри соли 1943 қўшунҳои Шўравӣ ҷангкунон дарёи Днепрро гузаштанд. 9 сентябр Сарфармондеҳи Олии ҳарбӣ (Ставка) ба фронтҳо дастур дода буд, ки мувофиқи он ҷанговари аз дарё аввалин гузашта ва дар соҳили дигар мавқеъ гирифта, барои унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ пешниҳод карда мешуданд. Ин ҳуҷҷати муҳим дар байни ҷанговарон ба тарзи васеъ ташвиқ карда шуд. Ҷавобан ба он ҷанговарон далерию чолокӣ нишон дода, муқобилияти сахти душманро шикаста, ҷангкунон ба соҳили дигар гузаштанд. Дар ҳамин муҳориба 21 -нафар фиристодагони зерини Тоҷикистон ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ сарфароз гардидаанд: Саидқул Турдиев, Домулло Азизов, Ҳайдар Қосимов, Тўхтасин Мирзоев, Ўрунбой Якибов, Иван Крумин, Алексей Лапшин, Михаил Панфилов, Пётр Кашпуров, Николай Аникин, Ховаджи Муҳаммадмирзоев, Константин Ходов, Виктор Барутин, Михаил Новоселсев, Анатолий Рудой, Александр Гордеев, Бакир Давлатов, Василий Бояркин, Еремей Данилян, Иван Двадненко ва Даниил Коржов.
Мудофиаи дуру дарози шаҳри Ленинград натиҷаи қаҳрамонӣ ва истодагарии пеш аз ҳама бошандагони ин шаҳри таърихӣ ва қўшунҳои шўравӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар вақт аскарони сурх лаҳзаҳои муносиб пайдо карда, ба ҳуҷум мегузаштанд. 5 октябри соли 1943, дар яке аз ҳуҷумҳои фронти Волхов, фиристодаи Тоҷикистон, собиқ колхозчии колхози «Пахтакор» - и ноҳияи Ашт, ўзбекписар Тўйчӣ Эрйигитов дар наздикии истгоҳи роҳи оҳани Любан, дар қисми ғарбии деҳаи Смердиня, бо сари синаи худ сўрохии дзоти душманро махкам карда, худ ҳалок шуд, вале ғалабаи рафиқонашро таъмин намуд. Дар натиҷаи чунин ҷасурӣ ў 21 – уми феврали соли 1944, баъди маргаш, ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ сарфароз гардид.
Моҳи марти соли 1944 фронтҳои 1, 2 ва 3 – юми Украинӣ дар мубориза ба муқобили душман махсуан муваффақиятҳои бузург ба даст даровардаанд. Онҳо қувваҳои асосии душманро маҳв намуда, қисми бузурги сарзамини Украинаро озод карданд. 26 марти ҳамон сол аскарони фронти дуюм ба дарёи Прут, ба сарҳади давлатии ИҶШС ва давлати Руминия расиданд. Дар ин муҳорибаҳо ҷанговарони Тоҷикистонӣ низ мардонагии зиёд нишон дода, 10 нафарашон ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ мушарраф шудаанд.
Фиристодагони Тоҷикистон дар ҳайати фронтҳои Белоруссия ҳам мардонагии зиёд нишон доданд. Аз ҷумла тоҷикписари хуҷандӣ Фатҳулло Аҳмадов моҳи июли соли 1944 барои озод намудани сарзамини Белорус ва Лаҳистон (Полша) иродаи қатъӣ нишон дод. Дар яке аз муҳорибаҳо Фатҳулло Аҳмадов аввал яке аз танкҳои душманро аз кор баровард. Ў бо гранатаи зиддитанкӣ худро ба зери танки фашистон партофта, гарчанде ҳалок шуд, вале ғалабаи рафиқонашро таъмин намуд. Маҳс чунин шуҷоатҳои ў сазовори унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ гардид. 14 июл бошад ўзбекписари шаҳринавӣ, пулемётчӣ Ҷўтоқ Урозов барои озод намудани сарзамини Латвия, дар назди шаҳри Лудза, мардонагӣ нишон дода, бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ (баъди маргаш) сарфароз шуд.
26 марти соли 1944 ҳарчанд аскарони фронти 2-юми Украина аввалин шуда ба сарҳади давлатии КҶШС ва Руминия расида бошанд ҳам, вале дар самти Уману Ботанскии Украина ҳанўз ҷангҳои шадид давом дошт. Дар баталиони 2-юми полки тирандозии 861-уми дивизияи тирандозии ҳамин фронт Исмат Шарипови (тавал. 1915) данғарагӣ, ҳамчун сарбози қаторӣ хизмат мекард. Ў то ҷанг колхозчии колхози «Коминтенн»-и ноҳияи Данғара буд ва феврали соли 1942 ба хизмати ҳарбӣ даъват шудааст.
Фашистон паи ҳам шикаст хўрда, бо муқобилияти сахт ба қафо мегаштанд. Онҳо дар наздикии шаҳри қадимаи Умани Украина қувваҳои хеле зиёдро ҷамъ оварда буданд. 9 марти соли 1944 тақрибан 7км дуртар аз ин шаҳр, дар наздикии деҳаи Дмитровск муҳорибаи сахт ба амал омад. Дар пеши роҳи взводе, ки Исмат Шарипов дар ҳайати он буд, ду нуқтаи пулемётии душман, бо гурўҳи автоматчиҳо буданд. Ў ҳангоми тирпарронии сахти душман, гаваккашон ба нуқтаи фашистон наздик шуда, бо граната нуқтаи пулемётии немисҳоро нест карда, ба сўи автоматчиёни онҳо тир кушод. Аз чунин ҷасорати вай ҳамяроқонаш илҳом гирифта, ба ҳуҷум гузаштанд. Фашистон ба сўи шаҳри Уман ақиб гаштанд.
10 март дар худи шаҳри Уман ҷангҳои шадид ба амал омаданд. Дар ҳар як кўчаҳои шаҳр душман муқобилияти сахт нишон медод. Исмат Шарипов дар ин муҳориба ҳам ҳушёрӣ ва чолокӣ нишон дод. Бегоҳии ҳамон рўз шаҳр аз фашистон озод гардид. Исмат Шарипов дар ин муҳориба захми шуда бошад ҳам, аммо аз қатор набаромад.
Баъди ба даст даровардани шаҳри Уман дивизияе, ки дар ин Исмат Шарипов хизмат мекард, ба соҳили дарёи Днепр наздик шуд. Ба взводе, ки Исмат Шарипов хизмат мекард, фармон шуд, ки аз дарё гузашта, дар қисми рости соҳил, барои гузаронидани қувваҳои асосӣ шароит муҳайё намоянд. Дар чунин лаҳза Исмат Шарипов қаиқчаеро пайдо намуда, ҷасурона ҳамяроқони худро ба соҳили рости дарё гузаронид. Вале дар қисми рости дарё, ҳангоми мустаҳкам ва васеъ намудани мавқеи аскарони сурх, ҳалок шуд.
Ҷавонмардию далерии Исмат Шариповро ба инобат гирифта, ўро 13 сентябри соли 1944 бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ сарфароз намуданд.
Зодаи ноҳияи Балҷувон Сафар Амиршоев ҳангоми саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар колхози «Меҳнат» - и ноҳияи Кўлоб кор мекард. Ноябри соли 1942 аввалин амалиёти ҷангии ў, чун тўпчӣ, аз муҳорибаи Сталинград, аз наздикии Воронеж оғоз гардида, минбаъд дар муҳорибаҳои зиёд корнамоӣ нишон додааст. Махсусан корнамаи ў дар муҳорибаи сахттарине, ки дар Литва ба амал омадааст, қайд гардидааст. Дар ин муҳориба Сафар Амиршоев бо тўпи худ зиёда танкҳои навини фашистонро нест намуд, вале худаш ҳалок гардид. 25 сентябри соли 1944 барои чунин корнамоиаш ўро, баъди маргаш, бо унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ сарфароз намуданд.
Дар маҳви душман ҳиссаи авиаторон низ бузург аст. Онҳо нуқтаҳои муҳими душманро муайян менамуданд ва он нуқтаҳоро бомбаборон мекарданд, бо қувваҳои ҳавоии душман ба ҷанг медаромаданд. Дар байни авиаторон Иван Волухов, Тимофей Гаврилов, Иван Душкин, Василий Обухов, Михаил Родних, Григорий Таран, Павел Тихонов ва Серафим Ятсковский барин далерони майдони ҷанги ҳавоӣ буданд, ки онҳо то оғози ҷанг дар нуқтаҳои баландкўҳи Кўҳистони Бадахшон парвоз мекарданд. Маҳз дар натиҷаи шуҷоату мардонагӣ ҳамаи номбурдагон сазовори унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ шудаанд.
Аскарони Шўравӣ баъди озод намудани сарзамини мамлакати худ, бо мақсади дар худи лонааш пурра маҳв намудани душман, ҷангро идома доданд. Бинобар ин амалиётҳои минбаъдаи ҷангӣ асосан дар сарзамини давлатҳои дигар мегузашт. Аз ин рў дар байни он ҷанговарон ҷавонписарони ҷумҳурии мо низ буданд ва онҳо дар майдонҳои ҳарбу зарб шуҷоати зиёд нишон додаанд. Чунончӣ, тоҷикписарон Эргаш Шарипови конибодомӣ ва Амиралӣ Саидбекови ховалингӣ дар сарзамини Чехословакия мардонагӣ нишон дода, ҳар ду ба гирифтани унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ лоиқ гардидаанд. Аскари қаторӣ, пулемётчӣ Раҳимбой Раҳматови хуҷандӣ дар сарзамини Лаҳистон (Полша) қаҳрамонии зиёд нишон дода, 27 июни соли 1945 ба гирифтани унвони баланд – Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ сазовор шуд. Абдуназар Фармонқулов бошад, маҳз дар сарзамини Лаҳистон, 12 январи соли 1945 чор танки душманро аз кор бароварда, сазовори ордени дараҷаи 1- уми Шараф шуд. То ин лаҳза вай дар муҳорибаҳои назди Москва, Курск ва ғайра мардонагӣ нишон дода, аллакай сазовори ордени Ситораи Сурх, орденҳои дараҷаи 3 ва 2 – юми Шараф ва 5 медал гардида буд. Вай аввалин аз байни тоҷикон ва даҳумин дар собиқ Иттиҳоди Шўравӣ шахсе буд, ки ба гирифтани ҳар се дараҷаи ордени Шараф сарфароз шудааст.
Муҳорибаи шаҳри Берлин, ки 16 – уми апрели соли 1945 оғоз гардид, аз муҳорибаҳои сахттарин ва калонтарини охири Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин муҳориба низ бисёр фиристодагони Тоҷикистон мардонагии зиёд нишон додаанд. Се нафари онҳо: Николай Балакин, Александр Горелов ва Филипп Чепурин ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шўравӣ сарфароз гардидаанд.
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз чумлаи фиристодагони Тоҷикистон, дар майдонҳои ҷанг на танҳо мардҳо, балки занҳои тоҷик низ корнамоӣ нишон доданд. Ба ин корнамоии лётчикдухтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова, ки 93 парвози ҷангӣ анҷом додааст ва ба ордени Ленин мукофотонида шудааст, афсарони хизмати тиббӣ Шаҳрӣ Ҳайдарова, С.М. Ниёзова ва дигарон мисол шуда метавонанд.
Ҳамин тавр, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристодагони Тоҷикистон қариб дар ҳамаи фронтҳои ҷангӣ мардонагӣ нишон дода, дар ғалабаи умумии мардуми Шўравӣ аз болои Олмони фашистӣ ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд.
Баъди он ки қўшунҳои фашистӣ аз хоки мамлакати Шўравӣ бароварда шуданд (аз моҳи марти соли 1944) рўхбаландии аскарони сурх дар маҳв намудани фашистони Олмон ҳадду канор надошт. Муҳорибаи шаҳри Берлин – пойтахти Олмони фашистӣ то 2 майи соли 1945 давом кард, бузургтарин муҳорибаи охирини на танҳо Ҷанги Бузурги Ватанӣ, балки умуман ҷанги 2 – юми ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз тарафи иттифоқчиён – Англия ва ИМА 6 июни соли 1944, аз Нормандия (Шимоли Франсия) кушодани фронти дуюм ба муқобили фашистони Олмон ва пайравони он, маҳви фашистонро наздик намуд. 30 апрели соли 1945 қўшунҳои Шўравӣ Рейхстаги Берлинро гирифтанд. 2 май шаҳри Берлин, махсусан ба ҳуҷуми қўшунҳои Шўравӣ тоб наоварда, таслим шуд. 8 майи ҳамон сол дар шаҳрчаи Карлсхорсти назди Берлин ҳуҷҷати расмии бечунучаро таслим шудани фашистони Олмон имзо гардид. Ба ин муносибат 9 май ҳамчун Рўзи Ғалаба эълон гардид ва то ҳол қариб тамоми мардуми собиқ шўравӣ ин санаи бузурги таърихиро ҳар сол ҷашн мегиранд.
Ҳамин тавр ҶБВ, ки халқҳои собиқ Иттиҳоди Шўравӣ ба муқобили Олмони фашистӣ ва иттифоқчиёнаш мебурданд, бо ғалаба анҷом ёфт. Дар ин ғалаба ҳиссаи иттифоқи зиддигитлерӣ ҳам буд. Аммо вазнинии ин ҷанг ба дўши халқҳои шўравӣ равона гирдид. Маҳз иттифоқи мустаҳками ин халқҳо, ягонагии фронти ҷангию ақибгоҳ, маҳорати кордонии сарварони ҳарбию давлатии Иттифоқ ва ғайраҳо сабабҳои асосии ғалаба аз болои фашистони Олмон ва иттифоқчиёни он ба ҳисоб меравад.
Вале Иттиҳоди Шўравӣ ҳанўз бо давлати Япония дар ҳолати ҷанг буд. Дар солҳои ҷанги 2 – юми ҷаҳон, амалиёти ҷангӣ аз 7 декабри соли 1941 сар карда, бештар дар уқёнуси Ором, асосан дар байни қўшунҳои япону америкоӣ мегузашт. Зеро, маҳз ҳамон рўз Япония ба муқобили ИМА ҷанг эълон карда буд. 8 майи соли 1945 Иттиҳоди Шўравӣ ҳам ба муқобили Япония ҷанг эълон кард. 6 август дар шаҳри Херосима ва 9 август дар шаҳри Нагасаки Япония, аз тарафи ИМА ду бомбаи атомӣ партофта шуд. Ин дар таърих аввалин истифодаи бомбаи атомӣ ба муқобили инсоният ба ҳисоб меравад. Албатта ин фоҷеа харобӣ ва қурбониҳои хеле зиёдро овард ва ҳанўз ҳам оқибатҳои нангини ин аслиҳаи қатли омро халқи япон эҳсос мекунад.
2 сентябри соли 1945 Япония дар Линкорни америкоии «Миссурӣ» низ ба акти беҷунучаро таслимшавӣ имзо гузошт. Ҳамин тавр ҷанги 2 – юми ҷаҳон ба итмом расид.
Ҷанги 2 –юми ҷаҳон, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳам қисми таркибии онро ташкил менамояд, боиси харобӣ ва қурбониҳои зиёд гардид. Дар ҷанг 50 – 55 млн. нафар одамони ҷаҳон талаф ёфтанд. Аз ин миқдор 27 млн. нафарашон дар фронтҳои ҷангӣ ҳалок шуда, боқимонда мардуми осоишта буданд. Талафоти танҳо халқҳои Шўравӣ 20 – 30 млн нафарро ташкил медод. Аз ҷумла аз фиристодагони Тоҷикистон 90.579 нафарашон тамоман бар нагаштанд.
Дар ҳудуди тамоми 40 давлатҳое, ки амалиётҳои ҷангӣ мегузашт, махсусан сарзамини Иттиҳоди Шўравӣ ва давлати Олмон, харобии ҷанг ҳадду канор надошт. Ободие, ки маҳсули меҳнати даҳсолаҳои инсоният, буд ин ҷанг ба хок яксон намуд. Бинобар ҳамин ҳам ин ҷангро дар таърихи инсоният харобиовартарин ҷанг ҳисоб мекунанд.


Намоз Ҳотамов, доктори илмҳои таърих, профессор



СУРАТГУЗОРИШ
Хабарҳо
Аъзоёни фаъоли китобхона қадрдони карда шуданд
Дар доираи Нақша чорабиниҳои Китобхонаи илмӣ-электронии Донишгоҳи ...идома
ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ - ВАБОИ АСР.
Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифродгароӣ ...идома
Шукри истиқлол бояд намуд!
Мо ҷавонони насли истиқлол шод аз он ҳастем, ки дар кишвари тинҷу ором ва дар фазои сулҳу ...идома
ДБССТ: 2-ЮМИН ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДОНИШҶӮЁНРО БО ҲАМ ОВАРД
Дар доираи татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори су ...идома
ШОМИ ДӮСТӢ ДАР ДБССТ!
Дар доираи баргузории 2-юмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои д ...идома
ТАҶЛИЛИ ИДИ ҒАЛАБА ДАР ДБССТ
7 майи соли 2022 дар толори фарҳангии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷ ...идома


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат