ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Untitled Document

Сана:2022-05-10боздид:37

ТАҶЛИЛИ ИДИ ҒАЛАБА ДАР ДБССТ

7 майи соли 2022 дар толори фарҳангии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 77-умин солгарди Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо барномаи фарҳангӣ - фароғатӣ баргузор гардид, ки дар дар он меҳмонон, устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳ иштироки фаъол намуданд.
Чорабинии тантанавиро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Раҳимов М.А. ифтитоҳ намуда, тамоми ҳайати шахсӣ, собиқадорон, профессорон ва устодону донишҷӯёнро ба ин санаи фархунда табрику муборакбод намуд.
Зимни баромади худ Раҳимов М. қайд намуд, ки Иди Ғалаба як саҳифаи пурифтихори таърихи миллати мост, ки дар он корномаи ибратомӯз ва қаҳрамонию мардонагии падарону бобоёни мо дар майдонҳои ҳарбу зарб бо хатти заррин сабт шудааст. Мақсад аз баргузории намоиши фарҳангӣ-маърифатӣ, бахшида ба Иди Ғалаба низ ба хотири он аст, ки насли имрӯз аз қаҳрамониҳои ҷанговарони шӯрави, аз корномаҳои аҷдоди меҳрпарвари худ бархӯрдор бошанд.
Сипас, сухан ба собиқадори меҳнат, коршиноси масоили иҷтимоӣ, ҷанговари башардӯст Салоҳиддин Амонӣ дода шуд. Мавсуф зимни баромади хеш тамоми ҳамватанонро ба муносибати 77-умин солгарди иди Ғалаба табрик намуда, қайд кард, ки Ҳазорон нафар ҷанговарон фиристодагони Тоҷикистон дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва озод кардани халқҳои Аврупо аз фашистон диловарона иштирок варзида, аз худ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон додаанд. Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд.
Фиристодагони Тоҷикистон барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон дода, зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.
Баъдан устоди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Ҳасанов Абдуҷаббор баромад намуда зикр намуданд, ки Олмони фашистӣ аҳдномаи 23 августи соли 1939 оид ба ҳамдигар ҳуҷум накарданро вайрон карда, субҳи 22 июли соли 1941 аҳдшиканона ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум намуд. Олмон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш зиёда аз 190 дивизияро зидди Иттиҳоди Шӯравӣ равон кард. Базаи ҳарбию иқтисодии Олмони фашистӣ низ пурқувват буд. Қариб тамоми саноати тобеи Аврупо ба ин давлат аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва лавозимоти ҷангӣ медоданд. Меҳнати осоиштаи мамлакати Шӯроҳо дар натиҷаи ҳамлаи аҳдшиканонаи Олмони гитлерӣ барканда шуд. Ҳамзамон, кулли ҳозиринро ба ин ҷашни бузург табрику муборакбод намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ хонандагони Литсей ва дастаи ҳаваскорони ансамбли “Соҳибкор”-и Донишгоҳ табъи ҳозиринро бо қироати ашъори ватандўстона, рақсу суруд болида гардониданд. Саҳначаи театрикунонидашудаи тарбиявии омоданамудаи дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Сангинова Рақабахон низ дар мавзӯи “Дили Модар” аз ҷониби аҳли толор хеле хуш пазируфта шуд.
Дар охири чорабинӣ ба меҳмонон иштирокчиёни интернатсионалист дар Афғонистон туҳфаҳои хотирмон аз ҷониби раёсати Донишгоҳ тақдим карда шуд.



СУРАТГУЗОРИШ
Хабарҳо
Аъзоёни фаъоли китобхона қадрдони карда шуданд
Дар доираи Нақша чорабиниҳои Китобхонаи илмӣ-электронии Донишгоҳи ...идома
ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ - ВАБОИ АСР.
Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифродгароӣ ...идома
Шукри истиқлол бояд намуд!
Мо ҷавонони насли истиқлол шод аз он ҳастем, ки дар кишвари тинҷу ором ва дар фазои сулҳу ...идома
ДБССТ: 2-ЮМИН ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДОНИШҶӮЁНРО БО ҲАМ ОВАРД
Дар доираи татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори су ...идома
ШОМИ ДӮСТӢ ДАР ДБССТ!
Дар доираи баргузории 2-юмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои д ...идома
ТАҶЛИЛИ ИДИ ҒАЛАБА ДАР ДБССТ
7 майи соли 2022 дар толори фарҳангии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷ ...идома


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат