ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Untitled Document

Сана:2022-05-14боздид:51

ДБССТ: 2-ЮМИН ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДОНИШҶӮЁНРО БО ҲАМ ОВАРД

Дар доираи татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри назорати азхудкунии донишҳои муосир, махсусан дар самти ҷалби ҷавонон ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 2-юмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти "Ҷоми раёсати ДБССТ" санаи 13 майи соли равон ифтитоҳ ёфт.
Дар расми ифтитоҳи Озмуни мазкур Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода У.А., муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқзода Л.А., муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин М., директори Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ректорони МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ректорон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор зимни сухани ифтитоҳӣ кулли ҳозиринро ба Донишгоҳ ҷиҳати иштирок дар 2-юмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти "Ҷоми раёсати ДБССТ" хайрамақдам гуфта, Озмуни мазкурро идомаи силсилаи чорабиниҳои Донишгоҳ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуд.
Ёдовар мешавем, ки дар Озмуни мазкур аз 35 МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудуди 200 нафар донишҷӯён ба Донишгоҳ ташриф оварданд.
Озмун аз рӯйи 3 равия математика (тахассусӣ, ғайритахассусӣ), технологияҳои иттилоотӣ (тахассусӣ, ғайритахассусӣ) ва географияи иқтисодӣ (тахассусӣ, ғайритахассусӣ) сурат гирифт.
Айни замон чорабиниҳои вобаста ба Озмуни болозикр идома дошта, санаи 14 май дар фазои тантанавӣ ба ғолибон "Ҷоми раёсати ДБССТ" ва диплому маблағҳои ҳавасмандӣ тақдим карда мешаванд.



СУРАТГУЗОРИШ
Хабарҳо
Аъзоёни фаъоли китобхона қадрдони карда шуданд
Дар доираи Нақша чорабиниҳои Китобхонаи илмӣ-электронии Донишгоҳи ...идома
ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ - ВАБОИ АСР.
Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли ифродгароӣ ...идома
Шукри истиқлол бояд намуд!
Мо ҷавонони насли истиқлол шод аз он ҳастем, ки дар кишвари тинҷу ором ва дар фазои сулҳу ...идома
ДБССТ: 2-ЮМИН ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДОНИШҶӮЁНРО БО ҲАМ ОВАРД
Дар доираи татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори су ...идома
ШОМИ ДӮСТӢ ДАР ДБССТ!
Дар доираи баргузории 2-юмин Озмуни ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои д ...идома
ТАҶЛИЛИ ИДИ ҒАЛАБА ДАР ДБССТ
7 майи соли 2022 дар толори фарҳангии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷ ...идома


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат