ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Untitled Document

Сана:2022-06-08боздид:45

ДБССТ: ТАШРИФИ ДАБИРИ КУЛЛИ МУКОЛАМАИ ҲАМКОРИИ ОСИЁ (ACD)


Нимаи дуюми рӯзи 07 июни соли 2022 дар доираи чорабиниҳои Форуми 2-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор", 2018-2028 Дабири кулли муколамаи ҳамкории Осиё ҷаноби Порнчай Данвиватана бо ҳамроҳии намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард.
Меҳмони олиқадрро дар саҳни Донишгоҳ роҳбарият ва устодону кормандон бо расму русуми тоҷикона ва пешниҳоди намоиши дастовардҳои муассиса дар замони соҳибистиқлолӣ самимона пешвоз гирифтанд.
Зимни ташриф ба Донишгоҳ, ҷаноби Порнчай Данвиватана аз пойгоҳи таълимиву озмоишгоҳии муассиса дидан намуда, ба шароити муосири омодасозии кадрҳо баҳои баланд дод.
Сипас, меҳмонон дар машғулиятҳои намунавии омӯзгорон ширкат варзида, бо лоиҳаҳои инноватсионии таҳиянамудаи донишҷӯён аз наздик ошно гардиданд.
Дар идомаи ташриф, мулоқоти судманди ректори Донишгоҳ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо профессор Порнчай Данвиватана сурат гирифт.
Ҷонибҳо дар раванди мулоқот оид ба шомилшавии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба Шабакаи донишгоҳҳои аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё (UN ACD), табодули академии донишҷӯён, ташкили такмили ихтисоси омӯзгорон, ҷалби омӯзгорони хориҷӣ ба Донишгоҳ, инчунин амалисозии барномаҳои муштараки таҳсилотӣ миёни донишгоҳҳои аъзо ибрози андеша намуданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо роҷеъ ба амалисозии лоиҳаҳои мухталиф дар соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ, саноат, технологияҳои рақамӣ ва амсоли инҳо гуфтушунид анҷом доданд.
Профессор Асрорзода У.С. аз ҷаноби Порнчай Данвиватана даъват ба амал овард, ки дар Форуми байналмилалии сайёҳӣ, ки баргузории он дар соли 2022 дар Донишгоҳ ба нақша гирифта шудааст ширкат варзад. Таклифи мазкур хуш пазируфта шуд.
Дар интиҳо ҷонибҳо тӯҳфаҳои хотиравии хешро ба ҳамдигар тақдим намуданд.

СУРАТГУЗОРИШ
Хабарҳо
Единство – залог мира и процветания
Совсем скоро славный народ Таджикистана отмечает 2 ...идома
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН- КАФИЛИ ВАҲДАТУ ПОБАРҶОИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз, дӯстони арҷманд! Ҳамагон хуб медонем, ки дар ...идома
ДАСТОВАРДЕ, КИ ОНРО ҲИФЗ МЕБОЯД
Таманниёти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, докто ...идома
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Зарурияти таърихии инкишофи ояндаи ҷомеаи тоҷик дар замони муоси ...идома
ДБССТ: АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ДОНИШГОҲ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
Санаи 21 июни соли 2022 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи ба ...идома
ДБССТ: ҚАБУЛИ СИПОСНОМАИ ВМИҶТ АЗ ҶОНИБИ РЕКТОР
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Саидзода Раҳи ...идома


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат