ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Untitled Document

Сана:2022-06-16боздид:27

ТАШРИФИ САФИР ВА НАМОЯНДАИ АКАДЕМИЯИ САЙЁҲИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ БА ДБССТ

Санаи 15 июни соли 2022 сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ муҳтарам Акрам Каримӣ ва намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҷаноби Халид ал-Сувалайҳ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварданд.
Зимни ташриф меҳмонони олиқадр бо шароитҳои муосири омодасозии кадрҳои соҳаҳои сайёҳӣ ва меҳмондорӣ ошноӣ пайдо намуда, ба пойгоҳӣ моддӣ-техникии Донишгоҳ баҳои баланд доданд.
Дар идомаи ташриф мулоқоти судманди ректори ДБССТ профессор Асрорзода Убайдулло Саттор бо меҳмонон сурат гирифт.
Дар раванди мулоқот ҷонибҳо масоили мубрами омодасозии муштараки кадрҳо, ташкили такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, табодули академии донишҷӯён, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар тарабхонаҳои бонуфӯзи Арабистони Саудӣ бо таъмини идрорпулии муайян ва таъмини шароити мусоиди будубошро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон, тибқи натиҷаи гуфтушунид тарафайн ҷиҳати бастани шартномаҳои ҳамкорӣ доир ба масоили болозикр ба мувофиқа расиданд.
Намояндаи Академияи сайёҳии Шоҳигарии Арабистони Сайдӣ ҷаноби Халид ал-Сувалайҳ зимни гуфтушунид иброз дошт, ки тибқи шартномаҳои ҳамкорӣ Академия имкон дорад ҳамасола чор бурсия барои донишҷӯёни Донишгоҳ ҷудо намуда, ҳудуди 30 нафар муҳассилинро ба таҷрибаомӯзӣ фаро гирад.
Инчунин, масъалаи дар ҳамкорӣ бо Академияи аккредитатсионии Швейтсария гузаронидани аккредитатсияи байналмилалии барномаҳои таҳсилотии Донишгоҳ муҳокима карда шуд.
Ҷаноби Халид ал-Сувалайҳ аз профессор Асрорзода Убайдулло Саттор даъват ба амал овард, ки дар вақтҳои барояшон мувофиқ ба Арабистони Саудӣ ташриф оварда, аз Академия дидан намоянд.
Дар интиҳои вохӯрӣ тӯҳфаҳои хотиравии раёсати Донишгоҳ ба меҳмонон тақдим карда шуд.

СУРАТГУЗОРИШ
Хабарҳо
Единство – залог мира и процветания
Совсем скоро славный народ Таджикистана отмечает 2 ...идома
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН- КАФИЛИ ВАҲДАТУ ПОБАРҶОИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз, дӯстони арҷманд! Ҳамагон хуб медонем, ки дар ...идома
ДАСТОВАРДЕ, КИ ОНРО ҲИФЗ МЕБОЯД
Таманниёти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, докто ...идома
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Зарурияти таърихии инкишофи ояндаи ҷомеаи тоҷик дар замони муоси ...идома
ДБССТ: АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ДОНИШГОҲ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
Санаи 21 июни соли 2022 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи ба ...идома
ДБССТ: ҚАБУЛИ СИПОСНОМАИ ВМИҶТ АЗ ҶОНИБИ РЕКТОР
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Саидзода Раҳи ...идома


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат