ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Untitled Document

Сана:2022-06-18боздид:32

БОЗДИДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ПОЙГОҲИ ТАЪЛИМИИ ДБССТ

Санаи 18 июни соли 2022 Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳимҷон Ҳамро ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи ҷамъбастии Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни МТОК ҶТ ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф овард.
Қабл аз оғози ҷаласа Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъи таъминоти моддӣ-техникӣ ва озмоишгоҳҳои таълимии Донишгоҳ шинос гардида, изҳори хушнудӣ намуд.
Мавриди шиносоӣ аз пойгоҳи таълимӣ, муҳтарам Вазир ба роҳбарияти Донишгоҳ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омодасозии кадрҳои ба бозори меҳнати дохиливу берунӣ ҷавобгӯ дастуру супоришҳо доданд.
Дар идомаи ташриф Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳимҷон Ҳамро дар ҷаласаи ҷамъбастии Олимпиадаи донишҷӯёни МТОК ҶТ иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар оғози суханронии хеш Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти ДБССТ ҷиҳати фароҳам сохтани шароити мусоид бобати баргузории Олимпиадаи болозикр изҳори ташаккур намуданд.
Иқдомоти роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро дар мавриди қадрдонии 14 нафар роҳбарони ғолибони ҷойҳои якуми Олимпиада бо "Роҳхат ба Осоишгоҳҳои кишвар" саҳмгузорӣ дар рушди илми тоҷик унвон намуданд. Зеро, ҳавасмандгардонии роҳбарони илмӣ, шавқу рағбати онҳоро ба омодасозии насли ҷавон боз ҳам баланд мебардорад.

СУРАТГУЗОРИШ
Хабарҳо
Единство – залог мира и процветания
Совсем скоро славный народ Таджикистана отмечает 2 ...идома
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН- КАФИЛИ ВАҲДАТУ ПОБАРҶОИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз, дӯстони арҷманд! Ҳамагон хуб медонем, ки дар ...идома
ДАСТОВАРДЕ, КИ ОНРО ҲИФЗ МЕБОЯД
Таманниёти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, докто ...идома
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Зарурияти таърихии инкишофи ояндаи ҷомеаи тоҷик дар замони муоси ...идома
ДБССТ: АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ДОНИШГОҲ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
Санаи 21 июни соли 2022 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи ба ...идома
ДБССТ: ҚАБУЛИ СИПОСНОМАИ ВМИҶТ АЗ ҶОНИБИ РЕКТОР
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Саидзода Раҳи ...идома


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат