ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Untitled Document

Сана:2022-06-18боздид:34

ХУШХАБАР: ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДБССТ ДАР ОЛИМПИАДАИ ДОНИШҶӮЁНИ МТОК ҶТ ДАР РАДДАБАНДИИ ГУРӮҲӢ ДОНИШГОҲРО БА ҶОЙИ СЕЮМ БАРОВАРД

18 июни соли 2022 Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст» ҷамъбаст гардид.
Дар он Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода, муовини вазири маориф ва илм Лутфия Абдулхолиқзода, ректорони МТОК ҶТ, омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.
Тибқи натиҷагирӣ аз ҷониби Комиссияи тадорукоти олимпиадаи мазкур 14 нафар донишҷӯён соҳиби ҷойи якум, 13 нафар соҳиби ҷойи дуюм, 10 нафар соҳиби ҷойи сеюм ва 18 нафар бо "Ифтихорнома"-и ВМИҶТ сазовор дониста шуданд.
Боиси ифтихор аст, ки донишҷӯёни Донишгоҳ Зуҳурова Савригул аз фанни Географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демографии он ғолиби ҷои якум, Сафоев Баҳрулло аз фанни Математика соҳиби ҷойи дуюм ва Сафаров Исмоил аз фанни Информатика соҳиби ҷойи Ифтихорӣ гардиданд.
Натиҷаҳои бадастовардаи донишҷӯёни Донишгоҳ тибқи раддабандии гурӯҳӣ, ки аз ҷониби ВМИҶТ муайян карда шуд, аз рӯйи равияи табиӣ-риёзӣ мақоми ДБССТ-ро ба ҷойи сеюм боло бурд.
Муваффақияти Донишгоҳ дар Олимпиадаи донишҷӯёни МТОК ҶТ дар соли 2022 ба кулли омӯзгорону донишҷӯён муборак бошад.

СУРАТГУЗОРИШ
Хабарҳо
Единство – залог мира и процветания
Совсем скоро славный народ Таджикистана отмечает 2 ...идома
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН- КАФИЛИ ВАҲДАТУ ПОБАРҶОИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз, дӯстони арҷманд! Ҳамагон хуб медонем, ки дар ...идома
ДАСТОВАРДЕ, КИ ОНРО ҲИФЗ МЕБОЯД
Таманниёти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, докто ...идома
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Зарурияти таърихии инкишофи ояндаи ҷомеаи тоҷик дар замони муоси ...идома
ДБССТ: АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ДОНИШГОҲ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
Санаи 21 июни соли 2022 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи ба ...идома
ДБССТ: ҚАБУЛИ СИПОСНОМАИ ВМИҶТ АЗ ҶОНИБИ РЕКТОР
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Саидзода Раҳи ...идома


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат