ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Untitled Document

Сана:2022-06-24боздид:48

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Зарурияти таърихии инкишофи ояндаи ҷомеаи тоҷик дар замони муосир талаб менамояд, ки ҳамеша барои таҳкими ваҳдати миллӣ ва тақвияти пояҳои давлатдории миллӣ саҳмгузор бошем.
Зеро, дар шароити имрӯзаи пешрафти иҷтимоии ҷомеаи муосири тоҷик мафҳуми “ваҳдати миллӣ” ҳамчун унсури таркибии ҳастии миллат ва раванди ҷомеасозӣ шинохта мешавад. Маҳз тавассути ваҳдати миллӣ ба мардуми тоҷик муяссар гардид, ки ҳудуди фарҳангӣ ва низоми устувори сиёсии бо нишонаҳои давлати миллӣ мутобиқат доштаро маҳфуз нигоҳ доранд.
Ҳамзамон, таърих гувоҳ аст, ки бархе аз қавму миллатҳое, ки аҳамияти ваҳдати миллиро дарк карда натавонистанд ва ё нисбати ташаккули он дар шуури халқи худ беэътиноӣ зоҳир намуданд, на фақат давлату сарзамини аҷдодиро аз даст доданд, балки дар натиҷаи махлут шудан бо умумиятҳои дигари этникӣ ҳамчун қавму миллат аз саҳнаи таърих бе ному нишон рафтаанд.
Ҳодисаҳои солҳои охир дар як қатор кишварҳои араб маҳз сабаби пароканда ва нестшавии баъзе миллатҳо ва тамоюли зиёдшавии муҳоҷирату пайвастшавии онҳо ба дигар миллату кишварҳо гардида истодааст. Агар дар солҳои 90-уми асри XX волоияти манфиатҳои умумимиллӣ нисбати манфиатҳои гурӯҳи ва зарурияти истиқлолияти давлати тоҷикон дарк карда намешуд, шояд ваҳдати миллии мо низ имрӯз воқеият намегардид. Аз ин нуқтаи назар, ҳиссиёти ваҳдатгароӣ дар шуури миллии тоҷикон ҳамчун омили асосии ҳастии миллат ба ҳисоб меравад.
Зарурияти таърихӣ ҳамчун раванди иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки дар ҳама гуна давраҳои мушкилу мураккаб ва лаҳзаҳои тақдирсози миллат талаботи ҷамъият шахсияти бузургеро ташаккул медиҳад ва ӯ ҷавобгӯи ҳамаи мушкилиҳои ҷомеа мегардад.
Ҳамин хислатҳо дар қатори шинохтани муттаҳидӣ ва ягонагии миллат дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтаанд.
Таҷрибаи талхи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бори дигар исбот намуд, ки маҳз бо ҷаҳду талоши ин шахсияти таърихӣ ваҳдати мардум, ягонагии ғоявию ахлоқӣ ва худшиносию худогоҳии онҳо гарави ҳифзи истиқлолият, пойдории давлату давлатдорӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ободии ҷомеа мебошад.
Оиди алоқамандии миёни ваҳдати миллӣ ва ҷараёни ташаккулёбии миллат дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон сухан ронда бояд эътироф намоем, ки дар ин раванд мардуми тоҷик мушкилиҳои зиёдеро аз сар гузаронидаанд. Мафкураи ваҳдати миллӣ ва пайваста ба он ҳастии ҷомеа дар муҳити кунунии иҷтимоии мамлакат мақому манзалати хоса пайдо карда истодааст. Зеро, рушду нумӯи ҷомеаи имрӯзаи мо низ пайвастагии диалектикӣ бо ваҳдати миллӣ ва пайваста ба он ба вуқӯъ пайваста истодааст.
Ин бузургию таъсирнокии ваҳдати миллиро дар назар дошта, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо такрор намудааст, ки “вай бояд аз ҳама ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ, гурӯҳи ва ғайраҳо болотар ва дахлнопазир бошад, аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва якпорча созад”.
Воқеан, дар замони фарорасидаи дигаргунсозиҳои азими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ба амал бароварда шуда истодааст, доир ба ҳалли дурусту оқилонаи ин ё он мушкилоти дохилӣ назари мухталиф дошта бошем ҳам, аммо дар мавриде, ки сухан аз боби ҳастии миллат ба миён меояд, зарур аст, ки ҳама қишрҳои ҷомеа, неърӯҳои сиёсӣ, мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, хулоса кулли мардуми мо яктану муттаҳид бошанд. Зеро, ки ҳастии миллат ҳамчун истилоҳи фалсафӣ моҳият ва таъиноти пайдоиш,мавҷудият, зиндагӣ ва фаъолияти ҳар як миллатро дар марҳилаи муайяни тараққиётро дар бар мегирад. Истилоҳи мазкур ҳамзамон маънои дар фикри миллат, бо ғаму шодии он шарик будан ва нисбат ба имрӯзаю ояндаи он бетафовут набуданро дорад.
Табиист, ки бе дарки амиқи арзишҳои мазкур, ки худ маҳсули сатҳи баланди маърифати маънавӣ, шуурнокӣ ва таҷрибаи андӯхта аз ҳаёт мебошанд, ҳеҷ як миллат ба худогоҳию ваҳдатшиносӣ дар назди халқу кишвар мувафаққ шуда наметавонад.
Дар давраи ба истиқлолият соҳиб гаштани миллати тоҷик имкониятҳои наве ба амал омаданд, ки миллати мо худро дар ҷаҳони муосир бори дигар аз нигоҳи мусбат муаррифӣ карда тавонад. Пойдориву густариши ваҳдати миллӣ бори дигар исбот кард, ки ба тоҷикон сол аз сол андешаи ҷаҳонсоз фатҳ шуда, арзиши якпорчагии кишвар ва ваҳдати миллӣ аз кулли манфиатҳои азҳобию гурӯҳӣ барало боло гирифта ҳифзи истиқлоли кишвар ва дастовардҳои он ба маҷрои тавоно табдил ёфтааст. Зеро, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба миллати тоҷик хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлати нав ба истиқлолият қадам ниҳодааш ба нестӣ рӯ ба рӯ шуда буд. Маҳз дар ҳамин солҳо ваҳдати миллӣ ҳамчун арзиши муқаддасу таърихӣ ба омили муҳимтарину марказӣ ва муттаҳидкунандаи миллат табдил ёфта, муносибатҳои нави ҷамъиятии ташаккул ёфтаистодаи дохилимиллии моро тақвият бахшида буд. Зеро, вай воқеан ҳам роҳи имрӯзу ояндаи инкишоф ва пешравии ҷомеаи тоҷикро муайян карда, самтҳои ба мақсад расиданро равшан сохта, меҳнаткашонро баҳри амалӣ гардонидани он ҳидоят намуда, иштироки онҳоро фаъол сохта, ба суръатнокии иҷрои корҳо дар тамои соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мадад расонида истодааст.
Имсол, таҷлили 25 солагии ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар арафаи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад.
Ваҳдати миллии мо дарси бузурги таърихиест, на танҳо барои миллати мо, ки ба ҷомеаамон осоиштагиву ризояти миллӣ фароҳам овард, балки барои он ҷомеаю миллатҳое, ки дар гирдоби даргириҳои дохилӣ қарор доранд, ҳамчун манбаи омӯзиш ва раҳнамоӣ ба созиш хидмат хоҳад намуд.
Таҷлил намудани Иди Ваҳдати миллӣ агар аз як ҷиҳат асоси таҳкими пояҳои сулҳу ризоияти ҷомеа бошад, аз ҷониби дигар санаест, ки барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ёддошти таҷрибаи талхи низои дохилӣ аст.
Ин сабақест, ки мардуми кишвар ягон вақт онро фаромӯш нахоҳанд намуд ва мудом дар таҳкими пояҳои он саҳми инфиродии худро хоҳанд гузошт.
Ҳамагон, махсусан насли наврасу ҷавон онро бояд дарк намояд, ки танҳо бо ваҳдат гуфтану ҳисси ватандӯстии зоҳирӣ мо ба ҳадафҳои асили худ ноил нахоҳем шуд.
Бояд гуфт, ки Ваҳдати миллӣ танҳо як сана, ва ё як рӯзи тақвимӣ набуда, он ҳамчун раванди мунтазам ва дарозмуддате ҳаст, ки тавсеа ёфтани он аз ҳамаи пиру барнои кишвар вобастагии қавӣ дорад.
Ҳар як сокини кишварро мебояд барои пойдор мондани ин ғоя саҳми босазо гузоранд ва намунаи барҷастаи воқеии ватандустиву миллатдустии хешро зоҳир намоянд. Аз ин ҷиҳат, ваҳдати миллӣ яке аз омилҳои муҳими сулҳу амнияти ҷомеаи имрӯза ва шаҳодати ҳастии миллат буда, танҳо дар сурате таъмин ва тақвият меёбад, ки таъмингари ин падида – миллат муттаҳиду якдил бошад.

ҶАББОРОВ БАҲРИДДИН БУРҲОНОВИЧ – аъзои фаъоли Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Соҳибкор”-и ДБССТ



СУРАТГУЗОРИШ
Хабарҳо
Единство – залог мира и процветания
Совсем скоро славный народ Таджикистана отмечает 2 ...идома
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН- КАФИЛИ ВАҲДАТУ ПОБАРҶОИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз, дӯстони арҷманд! Ҳамагон хуб медонем, ки дар ...идома
ДАСТОВАРДЕ, КИ ОНРО ҲИФЗ МЕБОЯД
Таманниёти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, докто ...идома
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Зарурияти таърихии инкишофи ояндаи ҷомеаи тоҷик дар замони муоси ...идома
ДБССТ: АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ДОНИШГОҲ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
Санаи 21 июни соли 2022 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи ба ...идома


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат