ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Untitled Document

Сана:2022-06-27боздид:73

ДАСТОВАРДЕ, КИ ОНРО ҲИФЗ МЕБОЯД

Таманниёти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ
Асрорзода Убайдулло Саттор бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни гиромӣ,
Шуморо аз номи раёсат ва созмонҳои ҷамъиятии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба муносибати фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки имсол 25 – солагии онро ҷашн мегирем, самимона шодбош менамоям.
Бароятон рӯзгори ободу хотири шод, пешравии кору иҷрои ҳадафҳои некро таманно дорам. Бигзор, насими сулҳу ваҳдат, тинҷиву оромӣ ҳамеша дар Ватани соҳибистиқлол танинандоз бошад.
Воқеан ҳам, барои тамоми халқу миллатҳо сулҳу ваҳдат вожаҳои писандида ва яке аз ҳадафҳои асосии талошҳо дар зиндагониашон маҳсуб меёбад.
Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳараки бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад».
Дар ин росто, моро зарур аст, ки парчами ваҳдатро ҳамеша баланд бардорем, ба Ватан содиқу вафодор бошем ва ҳар порчаи сарзамини аҷдодиро чун ҷони худ азизу чун модар дӯст дорем. Зеро, аксари мо аз хурдӣ бо масали “як химчаро шикастан осону банди химчаҳоро шикастан душвор” шинос ҳастем. Ин гуфтаҳо шоҳид бар онанд, ки халқи мо аз азал сулҳхоҳу ваҳдатофар аст. Аммо, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки ҳамасола 27 – уми июн ҷашн мегирем, ҳамчун рӯйдоди муҳим барои мардумамон мебошад. Инчунин, ин санади таърихӣ бо бисёр ҷиҳатҳои ба худ хос таваҷҷуҳи созмону идораҳои бонуфузи байналмилалиро ҷалб намудааст. Ҳатто борҳо барои истифода дар ҳалли мухолифатҳо дар манотиқи гуногуни олам он тавсия мешавад.
Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз, хурсандибахш аст, ки имрӯзҳо бо талошу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми сарбаланди тоҷик дар кишвар сулҳу ваҳдат ҳукмфармо буда, ҷаҳду талошҳои созандаи мардум дар ҳамаи ҷабҳаҳо ба назар мерасанд.
Ҳамасола садҳо иншооти бузурги саноатӣ, энергетикӣ, мактабу дармонгоҳҳо, шоҳроҳҳои замонавӣ сохта, мавриди истифода қарор мегиранд. Албатта, ҳамаи ин дар заминаи суботу истиқлолияти комил ба даст меоянд.
Шоистаи тазаккур аст, ки маҳз ба шарофати ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба донишгоҳ дар оғози соли нави таҳсили 2021-2022 ва дастгириҳои бевоситаашон, донишгоҳ бисёр мушкилиҳои ташкилию сохториашро бартараф намуда, ба марҳилаи сифатан нави фаъолият оғоз намуд.
Имрӯз, хушбахтона қариб дар ҳамаи самтҳои фаъолият Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодааст. Айни замон дар донишгоҳ барои кору таҳсил шароити мусоид мавҷуд мебошад, танҳо моро зарур аст, ки софдилона заҳмат кашем, пояи дарахти истиқлолият ва сулҳу ваҳдатамонро мустаҳкам нигоҳ дорем.
Махсусан, ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷои моро лозим аст, ки дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа фаъолияти пурсамар намуда, дар пешрафти донишгоҳ ва умуман, Ватани азизамон ҳиссаи муносиб гузоранд. Зеро раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба неруи тавонои ҷавонон эътимод дорад ва ҳар як пешниҳоду ибтикороти онҳоро дастгирӣ ва ҷиҳати ҳавасманд гардонидану муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ ва таҳсил барояшон ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мегардонад.
Дар маҷмуъ, ҳамаи моро дар шароити бисёр мураккабу печидаи ҷаҳони муосир, хусусан, афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм зарур аст, ки ба шукронаи давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр барои суботу пешрафти сарзамини аҷдодӣ боз ҳам ҷаҳду талош намоем.
Ҳамеша ҳимояи манфиатҳои миллиро дар мадди аввал монем ва нагузорем, ки нохалафу бадхоҳе бо ҳар гуна ғаразҳо суботу амнияти моро халалдор созад.
Бигзор, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу ваҳдат ҳамеша пойдору устувор бошад.

СУРАТГУЗОРИШ
Хабарҳо
Единство – залог мира и процветания
Совсем скоро славный народ Таджикистана отмечает 2 ...идома
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН- КАФИЛИ ВАҲДАТУ ПОБАРҶОИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони азиз, дӯстони арҷманд! Ҳамагон хуб медонем, ки дар ...идома
ДАСТОВАРДЕ, КИ ОНРО ҲИФЗ МЕБОЯД
Таманниёти ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, докто ...идома
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ОМИЛИ МУҲИМТАРИНИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ
Зарурияти таърихии инкишофи ояндаи ҷомеаи тоҷик дар замони муоси ...идома
ДБССТ: АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲАИ ДОНИШГОҲ НАТИҶАГИРӢ КАРДА ШУД
Санаи 21 июни соли 2022 таҳти раёсати ректори Донишгоҳи ба ...идома


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат