ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




ҚИСМИ ТАРБИЯ

    Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон корҳои таълиму тарбиявӣ дар асоси нақшаҳои ҷорӣ ва ҳармоҳаи кори тарбиявӣ, ки аз ҷониби қисми таълиму тарбия ва илм таҳия гардиданд ва ректори донишгоҳ онҳоро тасдиқ кардааст, ба роҳ монда шудаанд.
     Бо мақсади амалан иҷро намудани кори тарбиявии самти тарбияи донишгоҳ, зери роҳбарии номзади илмҳои кимиё, дотсент Ҷабборов Баҳриддин Бурҳонович аз рўйи чор самти асосӣ фаъолияти самарабахш мебарад.
     Якум. Тарбияи ғоявии сиёсии донишҷўён: ин самт асосан аз тарғибу ташвиқи ғояҳои асосии сиёсати ҳукумати ҷумҳуриямон сулҳу ваҳдат, мубориза бар зидди нашъамандӣ, терроризм, иборат буда, ташкили хуби он донишҷўёнро ба хониши хубу аъло, навиштани корҳои илмӣ дилгарм намуда, ба бунёдкорӣ, эҷодкорӣ, моҳияти илму дониш, донишандўзӣ, баҳри сулҳу ваҳдат, ба роҳи дурусти зиндагӣ, ба амалҳои нек ҳидоят менамояд.
    Дуюм. Тарбияи маърифатӣ-фарҳангии донишҷўён: дар ин самт дар Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон тарғибу ташфиқи илму дониш, донишандўзӣ, моҳияти илмии фанҳои таълимӣ, вохўрӣ бо олимон, бахшида ба санаҳои таърихӣ, маҳфили иди занон, Наврўз, Маҳзар, чорабиниҳо ташкил карда, ба самон расонда шудаанд.
     Сеюм. Тарбияи ахлоқӣ ва забоипарастии донишҷўён: Дар ин самт оид ба тарғибу ташфиқи одоби писандида, дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, одобу ахлоқ, зебогӣ ва ҷомеа, тарзи либоспўшӣ, тарзи муносибату рафтору гуфтори нек вобаста ба ҳамин самти тарбия суҳбатҳо, вохўриҳо, мизи мудаввар ва дигар намудҳои чорабиниҳо гузаронида мешавад. Чорум. Тарбияи ҷисмонӣ ва меҳнатии донишҷўён, бахшида ба ин самт чорабиниҳои варзишӣ: мусобиқаҳо байни донишҷўёни макотиби олии кишвар, мусобиқаҳои варзишӣ дар байни донишҷўёни донишгоҳ, аз рўйи гуштингирӣ, футбол, волейбол, варзиши сабук давидан, шоҳмотбозӣ, шанбе-гиҳо ташкил карда мешавад.
     Дар нақшаи тарбиявии бахши таълиму тарбияи донишгоҳ вобаста ба ҳар як самти тарбия, ки дар боло номбар намудем, аз 5 то 15 чорабинии тарбиявӣ ва дар давоми ҳар соли таҳсил гузаронидани 50 то 60 чорабинии тарбиявӣ ва варзишӣ пешбинӣ шуда, амалӣ мегарданд. Дар баробари ин вобаста ба қарорҳою фармонҳо ва мактубҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои онҳо нақшаю чорабиниҳои алоҳидаи тарбиявӣ тартиб дода мешавад ва бахши таълиму тарбияи донишгоҳ баҳри амалӣ сохтани онҳо фаъолият мебарад.
     Дар пешрафти чорабиниҳо кори бахши таълиму тарбиявии донишгоҳ, созмонҳои ҷамъиятии таълимгоҳ: созмони ҷавонон, иттифоқи касаба, шўрои кураторон, шўрои занону духтарон, шўрои сардорони гурўҳҳои таълимӣ-академӣ дар асоси нақшаҳои кориашон фаъолият намуда, дар беҳтар намудани раванди таълим, ташкили корҳои тарбиявӣ, болоравии дараҷаи донишомўзии донишҷўён ва дар соҳиб гардидани онҳо ба ахлоқи ҳамида соҳмгузоранд. Бояд қайд намуд, ки дар фаъолияти самараноку сифатноки бахши тарбияи донишгоҳ аз рўзи таъсиси таълимгоҳ саҳми проректори қисми таълиму тарбия ва илм (шодровон) профессор Ғуломҷон Зарифов калон аст. Ин бахш баъдан зери сарварии номзади илмҳои филология, дотсент Солеҳҷон Собирҷонов равнақ пайдо кард. Имрўз ин бахш зери сарварии номзади илмҳои кимиё, дотсент Ҷабборов Баҳриддин Бурҳонович боз ривоҷи бештаре дорад.
     Лозим ба ёдоварист, ки самти тарбияи донишгоҳ бахшида ба ҷашнвораҳои фарзандони баруманди миллат: 80-солагии академик Муҳаммад Осимӣ, 960-солагии Умари Хайём, 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Тур-сунзода, 105-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1000-солагии Носири Хусрав ва дигар ҷашн-вораҳо вохўриву чорабиниҳои судманд баргузор намудааст.

         Ҳамчунин, самти мазкур дар давоми фаъолияти худ чорабиниҳои тарбиявиро мувофиқи нақшаҳои тарбиявӣ ба тарзу усулҳои гуногун амалӣ намудааст, ки инҳоянд; суҳбату вохўриҳо, мизи мудаввар конференсияҳо, маҳфилҳои адабӣ, озмунҳои фаннӣ, илмӣ, фарҳангӣ, суҳбатҳои мубоҳисавӣ ва ғайраҳо. Асосан вохўриҳои доирнамуда бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тандурустӣ, созмонҳою муасссисаҳои фарҳангию саноатӣ мебошанд. Ғайр аз ин, конференсияҳои илмӣ-адабӣ ва мизҳои мудаввар дар мавзўи «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ», конференсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба 110-солагии М. Турсунзода, бахшида ба «80-солагии Шоири Халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ», ҳамчунин конференсияҳои илмӣ назариявӣ дар мавзўҳои «Фарҳанг - ҳастии миллат», «Омилҳои рушди иқтисодӣ ва фарҳангӣ миллӣ», конференсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба «25-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», конференсияҳои илмӣ зери унвонҳои «Забони англисӣ - забони муоширати байналмилалӣ, бозоргонӣ ва дўстӣ», «Обҳои тозаи Тоҷикистон ва роҳҳои истифодабарии оқилонаи онҳо», конференсия бахшида ба «1000-солагии Носири Хусрав» ва чандин конференсияҳои дигар ташкил медиҳанд, ки тўли солҳои 2015-2021 баргузор намудааст.
     Қисми тарбияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолияти хешро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», амру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои ректори донишгоҳ ва қарорҳои Шўрои олимон ба роҳ монда, мақсади асосиаш дар сатҳи баланд ва ба талаботи замони муосир тарбия намудани мутахассисони варзидаи дорои илму маърифат ва фарҳанги баланд мебошад.
     Фаъолияти қисми тарбия барои ба донишҷўён фаҳмонида додани моҳияти ғояи миллӣ, истиқлол, эҳё ва рушди арзишҳои миллӣ, баррасӣ намудани моҳият ва аҳамияти эҳтиром ва гиромӣ доштани таърих ва мероси фарҳанги ниёгон, аз нав эҳё намудани урфу одати миллӣ, дарк намудани ватандорӣ ва вазифаи шаҳрвандӣ пешгирӣ аз ақидаҳои зарарноки экстремистӣ ва таъсири ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ ва сўйиқасд ба он, ҷилавгирӣ аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои дорои хислати иртиҷоӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон равона карда шудааст.

    Бо масқади дар амал тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар қисми тарбия нисбати кор бо волидон диққати махсус зоҳир мегардад.
     Ҷиҳати баланд бардоштани завқи зебопарастии ҷавонон ва тарбияи маърифатӣ ва фарҳанги миллии онҳо қисми тарбияи донишгоҳ бо театрҳои ҷумҳурӣ ҳамкорӣ намуда, бо намояндагони илму адаб ва санъати тоҷик мунтазам вохўриҳо доир менамоянд.
     Бо мақсади тарбияи сиёсӣ, ҳуқуқӣ, тафаккури интиқодӣ, масъулиятшиносӣ, тарбияи ахлоқию маънавӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон аз тарафи қисми тарбия мунтазам бо намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия, Агентии маводи нашъаовар вохўриҳо ташкил ва гузаронида мешавад.
     Тамоми чорабиниҳое, ки аз тарафи қисми тарбия гузаронида мешаванд, барои тарбияи ҷавонписарону ҷавондухтарон дар рўҳияи ватандўстӣ, ватанпарастӣ, эҳё намудани анъана ва арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи меҳнатӣ ва зебопарастии онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, аз ҷумла, тарбияи занону духтарон барои тарзи ҳаёти солим, танзими оилаю оиладорӣ ва ба камол расидани фарзандони солим равона карда шудаанд.      


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат