ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




РАЁСАТИ ҲИСОБДОРӢ ВА МОЛИЯ

     Раёсати ҳисобдорӣ ва молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон воҳиди таркибии сохтори донишкада буда, барои ҳалли вазифаҳои амалии худ дар доираи салоҳиятҳое, ки Оинномаи донишгоҳ муқаррар кардааст, масъул мебошад.
     Сардори раёсати ҳисобдорӣ ва молия ба ректори донишгоҳ итоат мекунад. Раёсати ҳисобдорӣ ва молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ», «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», «Дар бораи хазинадорӣ», «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасониҳо», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармоишҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи донишгоҳ, низомнома ва дигар санадҳои меёрию ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ месозад.
     Сохтор ва теъдоди воҳидҳои кории раёсати ҳисобдорӣ ва молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистонро тибқи тартиби муқарраргардида ректори донишгоҳ муайян ва тасдиқ мекунад. Вазифаҳои асосии кормандони раёсати ҳисобдорӣ ва молияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташкили низоми самараноки идоракунии кадрҳо, фароҳамоварии шароитҳои мусоид барои фаъолияти ташаббускорона ва эҷодкоронаи профессорону омўзгорон бо дарназардошти хусусиятҳои инфиродӣ ва малакаҳои касбии онҳо дар асоси сиёсати кадрии корхона бо ҳавасмандгардонии моддию маънавӣ ба роҳ мемонад.
     Мақсади асосии фаъолияти раёсати ҳисобдорӣ ва молияи донишгоҳ ин баланд бардоштани савияи касбӣ, ҳифзи солимӣ ва таъмини бехатарии ҳар як корманд мебошад.
     Фаъолияти раёсати ҳисобдорӣ ва молия ва шуъбаи банақшагирӣ ва маркетинги донишгоҳ барои таъмини иҷрои вазифаҳои зерин равона карда шудааст:
     • ташкил ва пешбурди сиёсати баҳисобгирии муҳосибиро дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисобдории муҳосибӣ» дар амал татбиқ намуда, ҳисоботҳои муҳосибавии муассисаро дар давраҳои ҳисоботӣ сари вақт ва босифат пешниҳод намояд;
     • дар ҳолати пешниҳод гардидани ҳуҷҷатҳои пардохт ба сифатнокии онҳо аҳамияти ҷиддӣ дода, баъд аз имзои роҳбари ташкилот ба ислоҳ намудани ҳуҷҷатҳо роҳ надиҳад;
     • бо диққат, бехато ва босифати хуб пешниҳод намудани ҳисоботҳои мақомоти андоз, омор ва дигар ташкилоту муассисаҳо;
     • ба роҳ мондани фаъолияти худ қатъиян дар доираи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ», «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», «Дар бораи хазинадорӣ», «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасониҳо», «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет», Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармоишҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
     • барои ба низоми иттилоотии SGB.net дуруст ва саҳеҳ ворид намудани рақамҳо, маълумот ва тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи маблағгузорӣ бо истифода аз ҳуқуқи имзои рақамии электронӣ роҳбарият ва сармуҳосиби ташкилоти буҷетӣ шахсан ҷавобгар мебошад;
     • пардохти ҳаққи хизматрасониҳои коммуналӣ (об, барқ ва газ)-ро танҳо аз рўи нишондоди ҳисобкунакҳои ҷавобгў ба талаботи меъёрӣ (стандартӣ) ба роҳ монад; • ба пайдоиши қарзҳои беасоси дебиторӣ ва кредиторӣ роҳ надодан;
     • мунтазам сатҳти дониши худро доир ба донистани қонунгузории соҳаи молия, хазинадорӣ, муҳосибӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ баланд бардоштан;
     • барои сари вақт тайёр намудан ва супоридани тавозуни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба мақомотҳои дахлдор муваззаф мебошад;
     • дар донишгоҳ баҳисобгирии молу амволро ҳар сол сари вақт гузаронида, бақайдгирии воситаҳои асосӣ ва воситаҳои камарзишро гузаронад;
     • Маблағҳои супурдаи донишҷўён ва хонандагонро сари вақт гузаронида, оиди қарздории донишҷўён ва хонандагони литсей сари вақт роҳбарони синфҳо ва кураторонро огоҳ намояд;
     • Барои хароҷотҳои ҷории донишгоҳ сари вақт чораҳои зарурӣ андешад;
     • барои таъмин намудани пешбурди кори таълиму тар-бияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо лавозимот-ҳои зарурӣ таъмин намудан чораҳои зарурӣ андешад.
     Раёсати ҳисобдорӣ ва молия воҳиди сохторие мебошад, ки бо дарназардошти амалисозии вазифаҳои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташкил карда шуда, бо назар-дошти зерсохторҳои он аз ҳашт вазифаи зерин: сармуҳосиб – 1 воҳид, муовини сармуҳосиб – 1 воҳид, сармутахассис оид ба ҳисоб – 1 воҳид, сармутахассис оид ба мавод – 1 воҳид, мута-хассиси пешбар – 1 воҳид, сардори шуъбаи банақшагирӣ ва маркетинг - 1 воҳид, сармутахассис оид ба донишҷўён - 1 воҳид ва мутахассис - 1 воҳид иборат аст.
     Айни замон мутахассисони бахшҳои гуногуни илму маърифату фарҳанги тоҷик гирд омада, таҳти сарварии роҳбари оқилу донои Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат нақ-шаҳои хуб матраҳ месозанд. Заминаи боэътимоду муомилаи хуби кормандон имкон дод, мутахассисон дар ин ҷо ҷамъ шаванд ва як ҷомеаи аҳлу тифоқ ба вуҷуд биёяд. Ҷомеаи илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар амалӣ намудани нақшаву ният якдил мекўшанд. Ин муассиса барно-маҳои таълимро нукта ба нукта иҷро менамояд. Хушбахтона, ҳазорҳо нафар дастпарварони донишгоҳ, ки дар тўли 30 соли мавҷудияташ тарбияти ононро бар дўш дошта, дар пешрафти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ саҳми арзандаю муносиб мегузоранд, дилсўзӣ, рафоқати бемисоли инсонӣ, сари вақт дурусту воқеӣ ҳал намудани масъала касро ба мурод хоҳад расонид, идома дод Ғаниева Саодат Абдулмаҷидовна, аз ҷумла, ҳар як проблемаи соҳаи худро мо - кормандони мусоҳибот бо ҷидду ҷаҳд ҳал менамоем. Ин вазифаи мост.
      


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат