ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




ШЎРОИ ТАТБИҚ ВА НАШРИ КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ

Шўрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон тибқи фармоиши ректори донишгоҳ соли 2021 таъсис дода шудааст

Фаъолияти Шўрои мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи намунавии Шўрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оиннома ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ монда шудааст.
Шўрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳ ҷиҳати беҳтар кардани сифати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили маҳорати таҳқиқотии омўзгорон, ҷустуҷўйи роҳҳо ва усулҳои пешқадами таҳқиқот, вусъати фаъолиятҳои инноватсионию конструкторӣ, ихтироъкорӣ, истифодаи технологияи инноватсионӣ дар ҷараёни корҳои илмӣ, татбиқи натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар истеҳсолот ва раванди таълим, инчунин нашри онҳоро ба роҳ мемонад.
Шўрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотиро дар Донишгоҳ  тибқи фармоиши ректор муовини ректор оид ба илм ва инноватсия роҳбарӣ менамояд.

Мақсад ва вазифаҳои Шўрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Донишгоҳ аз инҳо иборатанд:
- муайян кардани дурнамо ва самтҳои фаъолияти ҷории татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ, баррасӣ ва муҳокимаи нақшаи солона ва дурнамои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методии Донишгоҳ ва барои тасдиқ ба Шўрои олимон пешниҳод намудани он;
- баррасӣ ва муҳокимаи ҳисоботи илмии факултет ва зерсохторҳои онҳо оид ба татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ, омодасозии тавсияҳо аз рўи натиҷаҳои кори онҳо;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методии омўзгорону кормандони факултетҳо, кафедраҳо ва сохторҳои таркибии Донишгоҳ дар самти нашр ва ба раванди истеҳсолот ва таълим ворид кардани натиҷаву дастовардҳои илмӣ;
- коркарди асосҳои консептуалии самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва озмоишӣ, таҳияи тавсияҳои боэътимоди илмӣ доир ба масъалаҳои ташкил ва такмили корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ аз рўйи равияҳо, ихтисосҳо ва тахассусҳои амалкунандаи Донишгоҳ, пешниҳод намудани тавсияҳои илмӣ-методӣ ҷиҳати татбиқи технологияи инноватсионӣ дар фаъолияти илмӣ;
- банақшагирӣ ва роҳандозии татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методии Донишгоҳ аз рўи самтҳои таҳқиқоти илмӣ;
- коркарди пешниҳоду тавсияҳо оид ба масъалаи ташкили кор аз рўи самтҳои таҳқиқоти илмӣ ва барои нашри адабиётҳои илмӣ, методӣ, дастурҳо, матнҳо ва китобҳои дарсӣ;
- татбиқи таҷрибаи пешқадам оид ба ташкил ва такмили корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ, ташхис ва коркарди тавсияҳои илмӣ-методӣ ҷиҳати такмили технологияи гузаронидани таҳқиқот аз рўи самтҳои фаъолияти илмии Донишгоҳ;
- муайян намудани самтҳои афзалиятноки корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ-методӣ ва озмоишӣ;
- ба танзим даровардани масъалаҳои омодасозии кадрҳо, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси кормандони Донишгоҳ;
- назорати рафти иҷрои нақшаи дурнамои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методии кафедраҳо ва сохторҳои дигар;
- таҳияи лоиҳаҳо барои маблағгузорӣ аз буҷет ва манбаъҳои дигар ва барои мураттаб сохтани онҳо ҷалб намудани кафедра ва сохторҳои мухталифи Донишгоҳ;
- амалӣ намудани барномаи ягонаи умумидонишгоҳии тайёр кардани мутахассисони ҷавон;
- ба амал баровардани муаррифии асарҳои тозанашри омўзгорони Донишгоҳ;
- ба амал баровардани муаррифии рисолаҳои илмӣ (магистрӣ, номзадӣ, докторӣ аз рўи ихтисос (РhD) ва докторӣ)-и ҳайати профессору омўзгорон ва кормандони илмии Донишгоҳ;
- ташкил ва гузаронидани конференсияҳои илмӣ, семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-методӣ, мизи мудаввар, маҳфилҳои илмӣ;
- ба амал баровардани ҳамкории илмӣ - таҳқиқотии Донишгоҳ бо марказҳои бонуфузи илмии кишвар ва хориҷи он.


    


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат