ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Исматуллоева Сайрам
мудири шуъбаи умумӣ ва назорат

ШУЪБАИ УМУМӢ ВА НАЗОРАТ

    
Шуъбаи умумӣ ва назорат зерсохтори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон буда, фаъолияти хешро дар асоси Оинномаи Донишгоҳ ба роҳ мондааст.
Шуъбаи умумӣ ва назорати Донишгоҳ дар фаъолияти хеш Низомномаи намунавӣ оид ба муасисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастурамали намунавии коргузорӣ ва оид ба ҳуҷҷатгузорӣ (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, № 358), Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», роҳбарияти Донишгоҳ ва дигар санадҳои меъёрию хуқуқии амаликунандаи коргузориро ба роҳбарӣ мегирад. Вазифаҳои асосии шуъбаи умумӣ ва назорат ин аз ташкили дурусти ҳисоб ва бақайдгирии мактубҳо, аризаҳо ва дигар маводҳои муросилотӣ буда, такмил додани коргузорӣ дар Донишгоҳ мебошад. Ҳамзамон, шуъбаи умумӣ ва назорат иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳо ва фармоишҳои ташкилотҳои болоӣ, ректори Донишгоҳ ва аризаю пешниҳодҳои кормандон, донишҷўён ва шаҳрвандонро назорат намуда, иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳоро талаб менамояд. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ баррасӣ намудани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ба роҳ мемонад. Аз сохторҳои таркибии Донишгоҳ оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳо пешниҳоду гузориш, дархосту аризаҳои шаҳрвандон ҳисобот талаб менамояд.
Ба роҳбарияти Донишгоҳ оид ба коргузорӣ ва ҳуҷҷатҳои воридшуда ҳар ҳафта маълумот пешниҳод менамояд.

Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат