ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




ШЎРОИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ


     Бо ташкил шудани Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (собиқ ДССХ) соли 1991 дар баробари таъсиси қисми таълим, Шўрои илмӣ-методии донишгоҳ низ таъсис дода шудааст, ки он як ҷузъи таркиби ин боргоҳи таълимӣ мебошад.
     Фаъолияти Шўрои илмӣ-методии донишгоҳ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинома ва дигар санадҳо меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ монда шудаст. Вазифаи Шўрои илмӣ-методии донишгоҳ, пеш аз ҳама, аз баррасӣ ва муҳокимаи корҳои илмӣ-методӣ, барномаҳои таълимӣ ва назорати ҷараёни дарс иборат мебошад.
     Роҳбарии Шўрои илмӣ-методии донишгоҳро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович бар душ дорад. Бо гузашти солҳо фаъолияти Шўрои илмӣ-методӣ васеътар гардид. Таи 30 соли сипаришуда, корҳои илмӣ-методии олимони донишгоҳ дар Шўрои зикргардида мавриди муҳокима қарор гирифта, дар асоси қарори Шўрои мазкур бо чоп тавсия мешаванд.
     Ба ҳайати Шўрои илмӣ-методӣ асосан докторҳои илм, профессорон, номзадҳои илм, дотсентон ва устодони ботаҷриба шомил буда, ҳамчунин дар он раисони Шўрои илмӣ-методии факултетҳо шомил мебошанд.
     Дар баробари муҳокимаи корҳои илмӣ-методии устодони донишгоҳ, ҳамчунин Шўрои мазкур камбудиҳои дар таълим ҷой доштаро дар ҷаласаҳои худ мавриди муҳокима қарор дода, баҳри беҳбудиву ислоҳи он дар ҷараёни таълим тадбирҳо меандешад.
     Дар Шўрои илмӣ-методӣ тарзи тадрис, ҷустҷўи усули таълимии устодон муҳокима мешавад. Бо ташаббуси ҳайати Шўрои илмӣ-методии донишгоҳ семинарҳои илмӣ-назариявӣ доир ба моҳият ва аҳмияти дарс гузаронида мешаванд ва дар он сифат ва лаҳзаҳои дарс таҳлил гардида, маҳорати омўзгории устодони донишкада таблиғот карда мешавад.
     Бо ташаббуси Шўрои илмӣ-методии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон танҳо дар соли хониши 2020-2021 зиёда аз 39 корҳои илмӣ-методӣ ва барномаҳои таълимӣ баррасӣ ва ба чоп тавсия шудаанд. Умуман, фаъолияти педагогии устодони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамеша таҳти назорати Шўрои илмӣ-методӣ қарор дорад ва дар тўли ин солҳо беш аз 727 асар ва маҷмўаҳои илмӣ методӣ ба нашр расида, мавриди истифода қарор доранд.
     Аъзои Шўрои илмӣ-методии донишкада 27 нафар мебошанд.

Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат