ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




Бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон

Джумаева Заррина Музаффаровна
Мутахассиси пешбари бахш
Тел: 931134147
E-mail:zarrinka-1977@mail.ru

     Бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон яке аз сохторҳои таркибии донишгоҳ буда, дар фаъолияти худ масоили вобаста ба ташкили самараноки раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён, бунёди шароити мусоиди таҷрибаомӯзӣ, дарёфти объектҳои нави таҷрибаомӯзӣ, бастани шартномаҳои миёни донишкада ва корхонаву сохторҳои истеҳсолию хизматрасонӣ ҷиҳати ташкили самараноки раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён, ташкили ҳамкориҳо бо корхонаву ташкилотҳои истеҳсолию хизматрасонӣ бо мақсади таъмини хатмкунандагон бо ҷойи кор ва амсоли инҳоро роҳандозӣ менамояд.
     Дар бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон базаи донишҷӯёни хатмкунандаро дар шакли ҷадвал бо ному насаб, ихтисоси хатмкарда, рақами телефон, ҷои зист ва ҷои кор мавҷуд мебошад.
     Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷрибаомўзӣ дар шаклҳои асосии ба тариқи зайл муқарраркардашуда ташкил ва гузаронида мешаванд:
     -таҷрибаомўзии таълимӣ (шиносоӣ);
     -таҷрибаомўзии истеҳсолӣ;
     -таҷрибаомўзии илми-педагогӣ (барои зинаи магистратура);
     -таҷрибаомӯзии илмӣ-татқиқотӣ;
     - таҷрибаомўзии пешаздипломӣ.
     Таҷрибаомўзӣ як қисми асосии ҷараёни таълим ба шумор рафта, ба мустаҳкам намудани донишҳои назариявии азбаркардаи донишҷўён дар раванди таҳсил ва ба даст овардани маҳорату малакаҳои касбӣ аз рўи самт (ихтисос)-и интихобкардаи онҳо равона карда шудааст.
     Бахши таҷрибаомўзӣ ва пайгирии хаткунандагон барои иҷрои корҳои зерин масъул мебошад:
     - муайян намудани шартҳои гузаронидани таҷрибаомўзӣ бо базаҳои таҷрибаомўзӣ;
     - ба кафедра пешниҳод намудани маълумот дар бораи макони таҷрибаомўзӣ мувофиқи шартномаҳои басташуда;
     - тайёр намудани лоиҳаҳои фармоишҳо ва қарорҳо оид ба таҷрибаомўзӣ дар мувофиқа бо садорати факултет;
     - таъмин намудани донишҷӯён бо ҳуҷҷатҳои зарурии таҷрибаомўзӣ (рӯзномаи таҷрибаомӯзӣ ва роҳҳати таҷрибаомӯзи)
     - назорат, таҳлил ва ҷамъбасти натиҷаҳо оид ба рафти гузаронидани таҷрибаомўзӣ;
     - қабули ҳисоботҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯён, тарзи пур кардани рӯзномаҳо ва ҳисоботҳо, мувофиқа кардани муҳри муассисаҳо бо фармони донишкада;
     - назорат бурдан аз рўйи коркарди барномаҳои таҷрибаомўзӣ;
     - дар асоси таҳлили ҳисобот пешниҳод намудани маълумотномаи ҷамъбастӣ ба кафедраҳо дар бораи гузаронидани таҷрибаомўзиҳо;
     - тайёр кардани базаи электронии хатмкунандагон бо ҳамаи маълумотнома нисбати донишҷӯёни хатмкунанда.
    


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат