ы

 

ЭЪЛОНҲО


► БАРОИ ДОВТАЛАБОН


► БАРОИ ДОНИШҶӮЁН


► МАГИСТРАТУРА


► ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶӢ


► ФАКУЛТЕТҲО


► ШУЪБАИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ ВА ҒОИБОНА


 

 

ПАЁМ

 

 

ТАБРИКОТҲО


 

CАЙЁҲӢ ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ




БАХШИ ТИББӢ

    Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (собиқ ДССХ) соли 1997 бо мақсади ёрии аввалини тиббӣ расонидан, аз муоинаи тиббӣ гузарондан ва баҳри беҳдошти вазъи саломатии донишҷўёну кормандони он бунгоҳи тиббӣ таъсис дода шуд, ки мудирии онро дар аввал табиби лаёқатнок ва пуртаҷриба Саломат Ҳомидова бар уҳда дошт. Кормандони бунгоҳи тиббӣ фаъолияти худро софдилона ба роҳ мондаанд. Ҳуҷраҳои он ҳамеша тозаю озода буда, дар ҳолати зарурат ба донишҷўён ва омўзгорон кўмаки аввалини пизишкӣ меасонанд.
     Бунгоҳи тиббӣ донишгоҳ солҳои аввали ташкил шуданаш аз як ҳуҷраи табобатӣ иборат буд. Мудири ҳамонвақтаи бунгоҳи тиббӣ тамоми донишу малакаи тиббии худро барои ҳифзи саломатии ҷомеаи донишкада сарф мекард, ки шоистаи таҳсин аст.
    Ҳамзамон, месазад қайд намоем, ки айни замон мудири бахши тиббии донишгоҳро мутахассиси баландихтисоси соҳаи тиб, бонуи мушфиқу меҳрубон Раҳмонова Шарифа Азимовна бар уҳда доранд, ки бо масъулияти баланди касбӣ дар самти беҳдошти саломатии донишҷўёну кормандони донишгоҳ саҳми арзишманди хешро мегузоранд. Инчунин, корманди дигари бунгоҳи тиббии донишгоҳ, ҳамшираи тиббӣ Бобоҷонова Нигора Нематовна мебошанд, ки фаъолияти эшон низ боиси таҳсину офарин аст.
     Мувофиқи маълумоти оморӣ, ҳар сол моҳҳои сентябр ва октябр донишҷўёни таълимгоҳ аз курси як то чор пурра аз назорати бунгоҳи тиббии донишгоҳ мегузаранд. Кормандони донишгоҳ низ ҳамчунин ҳар сол як маротиба аз муойинаи тиббӣ мегузаранд.
     Аз рўйи маълумоти ҳуҷҷатии бунгоҳи тиббии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон чунин бармеояд, ки ҳар сол зиёда аз ҳазор нафар, аз кормад то донишҷўи донишгоҳ аз назорати тиббӣ мегузаранд.
     Барои мисол, дар соли хониши 2015-2016-ро гирем: 823 нафар донишҷў ба бунгоҳи тиббии донишгоҳ муроҷиат кард, ки аз он 233 нафар бемориашон маълум гардида, баҳри табобат гирифтан огоҳонида шуданд. Аз ҳисоби кормандон низ зиёда аз сад нафар (30%) барои ёрии тиббӣ гирифтан ба табибони ҳозиқи ин даргоҳ муроҷиат намудаанд. Алҳол бунгоҳи тиббии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дорои 5 утоқи кории бо таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонидашуда, дар он се нафар табиби лаёқатноки сабукдаст ба беморони муроҷиаткунанда кўмаки тиббӣ мерасонанд.
     Бо дастгирии раёсати донишгоҳ бунгоҳи тиббии онбо технологияи нави замонавӣ таъмин аст. Аз ҷумла, дастгоҳи (УФО), ултра фиолетовние облучения, барои табобати бемо-риҳои гўш, гулў ва бинӣ, (УВЧ), ултра висококачественний аппарат, барои табобати бемориҳои радикулит, асаб, остео-сохандроз, шамолхурӣ. Чунин шароит дар дигар пунктҳои тиббии макотиби олии ҷумҳурӣ дида намешавад. Аз ин хотир ин қадаме ба сўи пеш дар арсаи соҳибкорӣ мебошад.
    Тўли 30 соли фаъолият дар бунгоҳи тиббии донишгоҳ зиёда аз 30 ҳазор донишҷўю муаллим ва корманд саломатиашонро барқарор намудаанд.
    


Истинодҳои муфид

                                       


DSSH-Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат